Наврӯзи

Рӯзи 30 марти соли 2019 ходимони илмии Институт дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар истироҳатгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит шуда гузашт иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони  идона бо номи “ҳафт син” ва “ҳафт шин” ороста шуд. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд. Кормандони Институт инчунин, дар чорабиниҳои варзишӣ аз қабили гуштин ва футбол, ки аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд иштироки фаъолона намуданд.

20190330_102138

20190330_111540_1

20190330_134615

Ҳимояи диссертатсия

15 марти соли 2019, соати 13:00 дар Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Хорошун Андрей Викторович дар мавзўи «Такмили механизми муҳоҷирати меҳнатии байнидавлатӣ (дар мисоли  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия), барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рўи ихтисоси 08.00.05- Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (иқтисодиёти нуфус ва  демография) баргузор гардид.

Ҳимояи диссертатсия

15 марти соли 2019, соати 10:00 дар Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Қаюмов Улуғбек Шодибоевич дар мавзўи «Такмили воситаҳои оптимизатияи муносиботи байнибуҷавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рўи ихтисоси 05.13.10 – Идоракуни дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид.

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумхурии Тоҷикистон барои дарёфти «ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Рӯзи 14-уми марти соли 2019 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» дар соли 2019 гузаронида шуд. Дар он 23 нафар донишҷӯён иштирок доштанд. Натиҷаи санҷиши корҳои донишҷӯён, ки аз тарафи ҳайати комиссия баҳогузорӣ шуд, чунин буд:
Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шамсов Шарифҷон Илёсович;
Ҷои якум – Олимова Шаҳноза;
Ҷои дуюм – Сангинов Саидиқбол Исломҷонович;
Ҷои сеюм – Шарифов Бедилҷон Бахтиёрович ва Додихудоев Панҷшанбе Додихудоевич.
Инчунин, бо Ифтихорномаи фахрии АИҶТ сарфароз гардонида шуданд:
Боймадов Рустам;
Кабирзода Зебо Абдураҳим.

M1910029M1910006M1910008

Семинари илмӣ-назарияви

01 марти соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ семинари илмӣ-назариявии навбатӣ дар мавзӯи: Идоракунии захираҳои об дар робита бо ташаббуси Президенти ҶТ  оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» баргузор гардид, ки дар он ба ҳайси маърӯзачӣ доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Холназар Муҳаббатович баромад намуданд.

IMG_20190301_101937

IMG_20190301_102114