Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи Ваҳдати миллӣ

Модули нави сомона «Тақвим»

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/01/2022 - 11:55

Муҳтарам корбарон ва меҳмонони сомонаи Институт!

Акнун шумо метавонед аз модули нави сомона «Тақвим» истифода баред. Ба воситаи модули «Тақвим» ёфтани мақолаи лозимӣ аз рӯи сана осон шудааст. Дар блоки «Тақвим» санаи маводдорро интихоб намоед!

Тоҷикӣ

ЗИНДАГӢ ОЗОДИИ ИНСОНУ ИСТИҚЛОЛИ ӮСТ!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 08/30/2022 - 11:24

 Дар воқеъ, Истиқлолиятияти давлатӣ озодии ҳар як фард ва дар маҷмӯъ тамоми миллат ва шаҳрвандони мамлакатро дар вазъи ҳукми ҳамагонии қонун замонат медиҳад. Ба даст овардани озодии сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро дарёфт намоем.

Тоҷикӣ

ПРЕСС-РЕЛИЗ БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2022 ВА ВАЗИФАҲО ДАР НИМСОЛАИ ДУВУМИ СОЛИ 2022 (29 ИЮЛИ СОЛИ 2022, СОАТИ 08:30, МАҶЛИСГОҲИ РАЁСАТИ АМИТ)

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 07/29/2022 - 14:26

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар нимсолаи якуми соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кори АМИТ дар соли 2022 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятш

Тоҷикӣ

ТАЪМИНИ МАНОФЕИ ҲАР ШАХС ВА ҶОМЕА АЗ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТӢ ВОБАСТА АСТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 07/14/2022 - 17:12

Имсол мо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон Тоҷикистони азизро таҷлил менамоемВа то ҳол иддае аз шаҳрвандони мо ба умқи мафҳуми «манфиатҳои миллӣ» нарасидаанд ва гоҳу ногоҳ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба худ ва дигарон савол медиҳанд: «Манфиатҳои миллӣ чи маънӣ доранд ва барои чӣ лозиманд?». Дар посух ба ин суоли онҳо ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ба АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Якш, 06/26/2022 - 20:00

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки имрӯзҳо 25-солагии он дар кишвари маҳбубамон таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми азизи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик мегӯям.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ