ИЭД НАНТ
Меню

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти иқтисодиёт ва демография

Иқтисодиёт — асос ва кафолати мавҷудияти ҷомеа

30+

Докторов наук

32

Кандидатов наук

2000+

Публикаций

129+

Монографий

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМИ ҶАВОН

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шӯъбаи тадқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Бинои нави Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хабарҳо

ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МУШКИЛОТИ АКТУАЛИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН»

ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МУШКИЛОТИ АКТУАЛИИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН»

23 октябри соли 2026 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидмуродзода Лутфулло дар доираи семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Тамоюлҳо ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таконҳои беруна» баргузор гардид. Ҳадафи асосии семинар баррасии тамоюлҳои муосири рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили таъсири таконҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва муайян намудани дурнамову имкониятҳои таъмини рушди устувори кишвар дар шароити тағйирёбии муҳити иқтисодии ҷаҳонӣ буд. Дар семинари илмӣ мудири шуъбаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Муминова Фарида, муовини сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолзода Муҳаммад ва Насриддинов Алаёр бо маърӯзаҳои илмӣ ва таҳлилӣ баромад намуданд. Зимни ироаи маърӯзаҳо, масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ, таъсири омилҳои беруна ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таҳаввулоти иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба арзёбии вазъи кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон, муайян намудани хавфу имкониятҳои мавҷуда ва таҳияи дурнамои рушди минбаъдаи кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ, таҳлили амиқи равандҳои макроиқтисодӣ ва таҳияи тавсияҳои илман асоснокро барои баланд бардоштани устувории иқтисоди миллӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна муҳим арзёбӣ карданд. Дар маҷмуъ, баргузории семинари мазкур барои таҳкими робитаи илм бо амалия, густариши ҳамкории муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи иқтисод ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли масъалаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.

Муфассалтар
ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ ВА САҲМИ ОНҲО ДАР РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ ВА САҲМИ ОНҲО ДАР РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ

Тақвияти ҳамкориҳои илмӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус, саноатикунонии босуръати кишвар баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас мусоидат менамояд. Соҳаи саноат яке аз соҳаи калидии иқтисодиёт маҳсуб ёфта, заминаи муҳим барои рушди устувор мебошад. Дар ин чода, олимону муҳаққиқони Институт ҷиҳати таъмини устувори иқтисоди миллӣ ва омӯзиши масъалаҳои рушди саноати кишвар таҳқиқотҳо мебаранд, ки дар густариши ҳамкориҳои судманд бо муассисаву идораҳо ва истеҳсолот ҳамеша саҳми назаррас доранд. Иштироки олимони пуртаҷрибаи соҳа, ходими пешбари илмии шуъбаи иқтисоди сабз ва рушди устувор, н.и.и. Махкамов Баҳодур дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди саноати миллӣ: вазъи муосир ва дурнамои рушд» дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръат дар Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамо» яке аз раванди густариши ҳамкориҳоро дар ин самт ифода менамояд. Дар ҷаласаи пленарӣ самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, маърӯзакунанда оид ба вазъи муосир ва дурнамои ин раванд дар кишвар ибрози ақида намуд.

Муфассалтар
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ИЛМӢ-ИННОВАТСИОНӢ

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ИЛМӢ-ИННОВАТСИОНӢ

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва мусоидат ба татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти ҷумҳурияви таҳқиқотии илмии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамкориҳои мазкур ба рушди робитаҳои илмӣ, таҳкими иқтидори таҳқиқотӣ, густариши фаъолияти инноватсионӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар рушди иқтисоди миллӣ равона гардидаанд. Дар ҷараёни баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ масъалаҳои рушди иқтисодиёти инноватсионӣ, идоракунии моликияти зеҳнӣ, ҳифзи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ мавқеи муҳим доранд. Таваҷҷуҳ ба ин самтҳо метавонад барои тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот, ҷалби неруи зеҳнӣ ба равандҳои иқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи амалии дастовардҳои илмӣ мусоидат намояд. Ҷонибҳо ба зарурати таҳкими минбаъдаи робитаҳои илмӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар доираи фазои байналмилалии идоракунии моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла, дар доираи созмонҳо ва сохторҳои ҳамгироии минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Тақвияти чунин ҳамкориҳо метавонад барои густариши табодули таҷрибаи илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ ва истифодаи самараноки иқтидори инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ин иқдом дар самти таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-инноватсионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аҳаммияти хосса дошта, метавонад ба рушди робитаҳои илмӣ, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот ва табдил додани натиҷаҳои илмӣ ба дороиҳои арзишманди иқтисодӣ мусоидат намояд.

Муфассалтар
Нақши Истиқлоли давлатӣ дар густариши имкониятҳои ҷавонон дар ҷомеа

Нақши Истиқлоли давлатӣ дар густариши имкониятҳои ҷавонон дар ҷомеа

Санаи 22.10.2026, соати 10:00 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёи Субҳиддин, олимону муҳаққиқони ҷавон, унвонҷӯён ва магистрантон иштирок доштанд Ҳамоишро директори Институт доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки ҷавонон имрӯз муваззаф ҳастанд, ки дар ҷодаи илм ва рушди он баҳри ватани хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Сипас, Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёи Субҳиддин иштирокчиёни ҳамоиши илмиро бо ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ироаи сухан намуд. Қайд гардид, ки дар тамоми ниҳодҳои сохтории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ силсилаи семинарҳо ва ҳамоишҳои илмӣ тибқи дастуру супоришҳои протоколии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташкил ва баргузор ҳуда истодааст. Баъдан, маърӯзаи ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонӣ Сафарова Нозанин дар мавзӯи “Ҷавонон дар ҷаҳони муҳоҷирати зеҳни: аз ҳаракати истеъдодҳо то гардиши дониш ва рушди кишвар” шунида шуд. Иброз гардид, ки муҳоҷирати зеҳнии ҷавонон метавонад барои Тоҷикистон на танҳо имконияти гирифтани дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ, балки ба омили рушди соҳибкорӣ, маориф, илм ва техналогияҳои муосир низ заминагузор бошад. Масоилҳои баррасишуда нишон медиҳад, ки ҷавони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда, малакаҳои худро дар дар муҳити байналмиллаӣ инкишоф медиҳанд. Муҳим он аст, ки ин таҷриба тавассути омӯзиши роҳнамоии касбӣ, таҳқиқоти муштарак ва татбиқи ғояҳои нав ба имкониятҳои воқеӣ барои ҷавонони дигар ва рушди кишвар табдил ёбад. Сипас, дар рафти чорабинӣ фикру андешаҳои олимони ҷавон иброз гардид. Дар охир, ҳамоиши илмии Шурои олимони ҷавон бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳот хотима бахшид.

Муфассалтар
Таҳкими фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Таҳкими фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Санаи 20.10.2026 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҳимояи рисолаи илмии Аюбҷони Саломудин дар мавзуи «Таъмини иттилоотии идоракунии амнияти бахши аграрии икдисодиёт (дар мисоли вилояти Суғд)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз руйи ихтисоси 08.00.06 - Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.01 - Амнияти иқтисодӣ) баргузор гардид. Ҷиҳати устувор намудани пояи илми иқтисодӣ ва таҳкими фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-109-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ роҳбарияти муассиса дастгирии ҳамешагӣ менамояд.

Муфассалтар
ТАҲЛИЛ ВА НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

ТАҲЛИЛ ВА НАТИҶАГИРИИ ЛОИҲАИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Имрӯз, мутобиқи дастури Раёсати АМИТ аз 01.10.2026 ва қарори Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз 2 ноябри соли 2020, №3 натиҷаи лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзуи «Муаммоҳо ва дурнамои рушди равандҳои муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» зери роҳбарии д.и.и. Бобозода А. мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лоиҳаи мазкур дар шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди неруи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ татбиқ гардида, муҳлати иҷрои он солҳои 2025-2029-ро дар бар мегирад. Ҳисобот оид ба таҳлилу натиҷагирии лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2025-2026 аз ҷониби роҳбари лоиҳа Бобозода А. пешниҳод карда шуд, ки дар он мақсаду вазифаҳои лоиҳа, мутобиқати лоиҳа ба самтҳои афзалиятноки соҳаи илм, натиҷаҳои асосии лоиҳа дар самти таҳқиқоти бунёдӣ, аҳаммияти амалии лоиҳа, маводҳои чопшуда оид ба мавзуъи лоиҳа, саҳми лоиҳа дар омода кардани кадрҳои илмӣ ва натиҷаҳои интизорӣ баъди иҷрои лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ, ба аъзои Комиссияи баҳодиҳии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию таҳқиқотии Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ манзур гардид. Дар фарҷоми ҷаласа, роҳбари лоиҳа Бобозода А. ба саволҳои ҳозирин посух дода, нақшаҳои минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро мушаххас баён намуд.

Муфассалтар

Таълим

Омода кардани насли навини олимони иқтисод ва демографҳо

Магистратура

Таълим дар 3 ихтисос. Қариб 39 магистрантҳо омӯзиш мегузаранд.

Аспирантура / PhD

Шӯъбаи омода кардани кадрҳои илмии баландихтисос.

Шӯрои диссертационӣ

Шӯрои КОА-109 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

Фаълияти илмӣ

Бештар аз 2000 корҳои илмӣ дар 10 соли охир

Монографияҳо ва китобҳо

Беш аз 129 монография ва китобҳои илмӣ оид ба иқтисод ва демография нашр шудааст.

Маҷаллаи илмӣ

Нашрияи даврии таълимотӣ бо архиви электронӣ ва нашрияҳои баррасишаванда.

Конференсия

Семинарҳои илмӣ мунтазам, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналмилалӣ.

Аснод ва маҳзани маълумот

Барои тамос

Суроға

734063 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 267.

Телефон

(+992 37) 225-80-80

Email

info@ied.tj