
ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ - МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ
Боиси сарбаландист, ки дар таърихи кишварамон моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи таҷлили Рӯзи президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Таърих гувоҳи он аст, ки санаи 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ҳадафи бузургтарин бобати рӯзи ид муайян кардани санаи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин воқеаи хотирмон, яъне рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Маҳз дар ин рӯз, бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадааст, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир доранд. Дар ин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор давардани нахустин чархаи НБО-и Роғун рост омадааст. Воқеан, Иҷлосия дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, дар таърих мақоми махсусро ишғол менамояд. Ин иҷлосияи тақдирсоз давлату миллати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ташаббуси ин санаи муҳим, дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт. Ҳамаи дастовардҳои назарраси имрӯза бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дошта, он ҳама дастовардҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадаанд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ин боварии мардум ба хизматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат шахси таърихӣ ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ, барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Барои миллати тоҷик дар як давраи ҳассосу нооромиҳо ва парокандагӣ шахси барҷаста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири давлатро ба даст гирифта, дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд. Бояд таъкид намуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст. Мо, бояд аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи таърихи миллат, забони давлатӣ, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем. Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Сарвари ғамхору некбини худ ҷамъ гардем, эҳтиром ба корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир сина сипар созем. Зеро, Сарвари давлатамон барои миллат ва Ватан, баҳри нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге анҷом додаанд. Марду зан, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд бо чашми ростбин, забони ҳақгӯву табъи нуқтасанҷ дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистони азиз бо муттаҳидӣ ҳиссагузор мегарданд. Имрӯз бо эҳсоси ифтихор ва сипосгузорӣ оид ба сиёсати давлатии кишварамон дар самти таҳкими баробарии гендерӣ низ сухан намудан бамаврид аст, зеро маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому рисолати занону бонувон дар ҷомеа бомаром баланд шуда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштирок дар ҳаёти ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, шумораи бонувону духтарон дар мақомоти давлатӣ, соҳаи иқтисодиёт, маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳибкорӣ сол аз сол меафзояд. Қабули барномаҳову стратегияҳои давлатӣ, қарорҳо ва амрҳо, ки ҳадафи муҳим – баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа, қобилияти роҳбарии занон, рушди истеъдодҳо, сайқал додани донишу малакаи илмӣ ва ҷалби бонувон дар раванди идоракунии давлатӣ аз роҳнамоиву дастгирии доимӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат замина мегирад. Ба таҳсил фаро гирифтани ҳазорҳо духтарону бонувони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чӣ дар манотиқи кишвар, чӣ дар хориҷи кишвар, инчунин ҷудо намудани квотаи Президентӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва касбомӯзӣ боиси ифтихор ва миннатдорист. Лозим ба тазаккур аст, ки дастоварди дигари асосӣ ва бузург дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии онон мебошад. Имрӯзҳо барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад. Тоҷикистон ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифт, ки имрӯзу ояндаи миллати моро боз ҳам равшан мегардонад. Маҳз, чунин санаи таърихӣ моро водор менамояд, ки бори дигар ба таърихи халқи худ назар афканем, то ки ба қадри сулҳу субот ва оромию осоиштагии имрўза бирасем. Албатта, сулҳу оромии имрўзаи мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин ҷода саҳми шахсиятҳои бузурги миллат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Азму талошҳои ин марди бузург буд, ки халқи тоҷик аз ҳаёти пурмашаққат ба зиндагии осоишта баромад. Имрўзҳо аҳли кишвар дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлати тозаистиқлоли худро мустаҳкам карда, бо амалисозии ниёзу армонҳои худ дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва бо як ҷаҳон шукргузориву ифтихор кору фаъолият мебаранд. Истиқлол барои ҳаёти мардуми кишвари мо нақши муҳимеро дорост ва онро метавон эҳёи дубораи давлати бузурги тоҷик номид. Дар лаҳзаҳои мушкилтарини ҳаёти халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлати соҳибистиқлол тамоми масъулиятро ба зиммаи хеш гирифта, сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагии тоҷиконро имконпазир намуданд. Ба шарофати Пешвои миллат мушкилоти ба сари мардуми кишвар омада бартараф гардид, ҳазорон-ҳазор гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, ҳаёти осоишта барқарор шуд ва корҳои ободонӣ ҷараён дорад. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки Пешвои миллат бо нерўю ғайрат, муҳаббат ва садоқат сулҳу ваҳдати миллиро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатдории тоҷикон роҳандозӣ мекунанд. Ҳастии кишварамон ба ҳайси давлати алоҳидаи мустақил баъди ба даст овардани истиқлолият бо ин шахсият, фарзанди фарзонаи миллат пайванди абадӣ касб намудааст. Дар тўли 35 соли Истиқлолият бисёр мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф ва таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ба амал бароварда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардошт. Мо - мардуми тоҷик, аз љумла шахсони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро ҷонибдорӣ менамоем. Ҳар як нафари саодатманди ин сарзамини хуршедиро месазад, ки аз чунин роҳбару Пешвои халқпарвар ифтихор намуда, дар амалигардонии дастурҳои созанда дар роҳи рушди кишвар ва ҳифзи Истиқлолияту ваҳдати миллӣ муҳофизи арзишҳои миллӣ бошад. Бошад, ки Сарвари кишварамон чун ҳамешагӣ ифтихори миллат бошанд! Давлату миллати сарбаландамон пойдор ва парчами мо парафшон бошад! Обидова М. Р. – н.и.и., котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муфассалтар




