ИЭД НАНТ
Меню

ХУШХАБАР!

Докторанти Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сорбони Сайҷалол рисолаи илмии худро дар мавзуи «Ҷанбаҳои ташкилӣ-иқтисодии таъмини амнияти иқтисодии фаъолияти ихтиёркорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D051000 – Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (6D051002 – «Амнияти иқтисодӣ») бомуваффақият ҳимоя намуд. Таҳқиқоти илмии мазкур ба яке аз масъалаҳои меҳварии рушди иқтисоди миллӣ аъмини амнияти иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ, такмили механизмҳои ташкилӣ-иқтисодии он ва фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Аҳаммияти мавзуъ дар шароити муосир, пеш аз ҳама, бо нақши соҳибкорӣ дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар, таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ муайян мегардад. Ҳимояи муваффақонаи рисолаи илмӣ бозгӯи заҳмати пайгирона, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва саҳми докторант дар омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои мубрами иқтисоди миллӣ буда, барои идомаи фаъолияти самарабахши илмию таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Роҳбарият ва ҳайати кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сорбони Сайҷалолро ба муносибати ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрику таҳният гуфта, барояш саломатии бардавом, неруи созанда, комёбиҳои тоза дар ҷодаи илм, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амалияи иқтисодӣ ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтари илму маърифатро орзу менамоянд!

1 / 2

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон Ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои миллии худ мебошад, ки таърих, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва ормонҳои халқи онро инъикос мекунанд. Барои миллати тоҷик Парчами давлатӣ, яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Он на танҳо нишонаи расмии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, балки омили муҳими ваҳдату ҳамбастагӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳамасола, дар саросари ҷумҳурӣ рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз аз замонҳои бостони аҷдодони мо парчамро ҳамчун рамзи озодӣ, адолат ва мубориза бар зидди зулму истибдод мешинохтанд. Яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои ин таърих ба номи Коваи оҳангар ва «Дирафши Ковиёнӣ» пайванд аст. Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, Коваи оҳангар пешдомани чармини худро бар сари найза кашида, мардумро барои сарнагун сохтани Заҳҳоки ситамгар мутаҳҳид намуд. Ин пешдоман баъдан бо зару зевар оро дода шуда, ба рамзи пирӯзи ва давлатдории ниёгони мо табдил ёфт. Дар замони давлатдории Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва баъдтар дар аҳди Сомониён, парчам мақоми хоссаи давлатӣ дошт. Дар лашкаркашиҳо ва маросимҳои расмӣ парчам пешсафи сипоҳ буд ва афтодани он ба дасти душман баробар ба шикасти давлат дониста мешуд. Аз ин рӯ, парчамбардори ҳамеша аз миёни далелтарин ва бовафотарин ҷанговарон интихоб мешуданд. Ин анъанаи дерина собит месозад, ки эҳтиром ба парчам дар хуну пӯсти миллати тоҷик ҷой гирифта, аз насл ба насл мегузарад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таҳия ва қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад, ки моҳияти давлатдории навини тоҷиконро инъикос намуд. Рӯйдоди таърихӣ санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳамин рӯзи сарнавиштсоз вакилони халқ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд. Қабули Парчами давлатӣ дар он рӯзҳои ҳассосу душвори таърихӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таҳкими сулҳу субот ва сарҷамъ намудани миллат нақши калидӣ бозид. Ба хотири арҷгузорӣ ба ин рӯйдоди муҳим, соли 2009 бо ташабусси Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми ноябр расман Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахти рангаи уфуқӣ иборат буда, дар маркази он тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар як ҷузъи ин парчам маънои фалсафӣ ва таърихӣ дорад. Ранги сурх - рамзи озодӣ, истиқлол, муборизаи фидокоронаи ниёгон барои ҳифзу марзу буми Ватан ва хуни рехтаи шаҳидони роҳи озодӣ мебошад. Ин ранг аз шуҷоат ва далерӣ дарак медиҳад. Ранги сафед – ифодагари сулҳу оромӣ, покӣ, бахту иқболи сафед. Роҳи равшани оянда ва ниятҳои неки мардуми тоҷик аст. Ҳамчунин, ин ранг рамзи боигарии муҳими кишвар - пахта низ мебошад. Ранги сабз - нишонаи сарсабзиву хуррамӣ, ободӣ, табиати зебои кӯҳистони Тоҷикистон, кишоварзӣ ва шукуфоии доимии Ватан ба ҳисоб меравад. Тоҷ ва ҳафт ситора - дар маркази рахи сафед тасвири тоҷи тиллоӣ ва дар болои он ҳафт ситораи панҷгӯша дар шакли нимдоира ҷой гирифтаанд. Тоҷ рамзи давлаторӣ, соҳибихтиёрӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик аст. Ҳафт ситора бошад, ба ҳафт минтақаи таърихиву фарҳангии кишвар, ҳафт иқлим ва шумораи муқаддаси ҳафт дар фарҳанги мурдуми мо ишора мекунад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парчамҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшонӣ мекунад. Вақте варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ пирӯз мешаванд ва Парчами кишвар баланд бардошта мешавад, қалби ҳар як тоҷикистонӣ аз эҳсоси ғуруру ифтихор лабрез мегардад. Соли 2011 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёд гардидани пояи бузурги Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд, далели равшани эҳтироми беандозаи давлату миллат ба ин рамзи муқаддас мебошад. Имрӯз боғи Парчами миллӣ, яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайругашти сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Парчами давлатӣ муқаддасоти миллӣ ва шиносномаи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон аст. Эҳтиром гузоштан ба Парчам маънои эҳтиром гузоштан ба таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллиро дорад. Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил, бахусус ҷавонону наврасон, аз он иборат аст, ки Парчами давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бо дониши баланд, меҳнати софдилона ва садоқат ба Ватан обрӯву эътибори Тоҷикистони азизро дар ҷаҳон боз ҳам баландтар бардоранд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддас, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва ифтихори миллии тоҷикон аст. Мо бояд ба эҳтироми Ватан, ба қадр кардани сулҳ ва якдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Парчам рамзи сарбаландии миллат аст, ки зери он наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муттаҳид мешаванд. Бинобар ин, эҳтиром ба Парчами давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Мирзоева Ҷонона Пируншоевна, н.и.и.. ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – ТАҶАССУМГАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

“Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад” Эмомалӣ Раҳмон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии Ватан, ваҳдату ягонагии халқ, иттиҳоду ҳамбастагии ҷомеа, инчунин дӯстиву баробарии тамоми сокинони кишвар мебошад. Он ифодагари сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон аст. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низомномаҳо, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, инъикос ёфта буданд. Санаи 12 майи соли 2007 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар мекунад. Яъне, пештар низомномаҳои марбут ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатиро дар алоҳидигӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур мақоми ҳар се рамзҳои асосии давлатии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқаррар кардааст. Аз соли 2009 инҷониб, ҳамасола санаи 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандин, асраи тоҷиконро инъикос мекунад. Таърихи Парчами халқи тоҷик таърихи қадимаи зиёда аз 3000-сола дорад. Парчами мо - тоҷикон на танҳо якпорчаи матоъ, балки таърих, фарҳанг, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Дар тули таърих, парчамҳои гуногун вуҷуд доштанд. Дар замони Ҳахоманишиён парчами тоҷикон “Дирафши Ковиёнӣ” ном дошт. Он аз пӯсти чарм сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда буд. Дирафши Ковиёнӣ рамзи мубориза барои озодӣ буд. Дар замони ҳукмронии сулолаи Сомониён, ки яке аз нахустин давлатҳои ташаккулёфтаи тоҷикон ба шумор меравад, парчами хоси давлатӣ вуҷуд дошт. Амир Исмоили Сомонӣ бо таъсиси давлати Сомониён дар таҳкими давлатдорӣ, рушди илму фарҳанг ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон саҳми бузург гузоштааст. Давраи ҳукмронии Сомониён яке аз марҳилаҳои муҳими таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рањи сафед ва сабз дошт. Рањи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи маҳсулоти дигари кишоварзӣ буд. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мазмуни баланди ғоявӣ дошта, сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат, бародарӣ, озодии халқҳо, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрии онҳоро талқин мекунанд. Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед, сабз ва аз расми тољ таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд. Ранги сурх - мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданият, анъанаҳои миллиро фаромӯш накардан тасвир менамояд. Ранги сафед - рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ранги сабз - рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. Тоҷ - ин рамзи тоҷи заррин буда, дар байни парчами давлатии мо ҳамчун тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон мебошад. Ҳафт ситора - рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт фалак ва ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлону Бадахшон мебошад. Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бо иқдоми наҷиби пешгирифтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шудааст. Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ, рамзи ҳастии миллати тољикон мебошад. Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ, давлати тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва дертар нишон қабул карда шуд. Бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ аз 20-уми ноябри соли 2009 фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рӯзи 24-уми ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъию нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами кишварҳои дигар дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст. Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон, рамзи бақои миллат, соҳибистиқлолии давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ҳар як шахсе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад, бояд аз миллат, таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор дошта бошад. Хотирнишон месозам, ки мо таҳти Парчами давлатӣ ба дастовардҳои бузург, аз ҷумла ваҳдати миллӣ ва даврони созандагӣ расидем ва минбаъд низ бо ҳамин рамзи муқаддас сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми кишвар, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ пеш хоҳем бурд. Парчамат ҳамеша парафшон бод, Тоҷикистони азиз! Исломова Маҳина Шодимуродовна, ходими хурди илмии шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисод ва демографияи АМИТ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

«Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем». Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосии ҳар як давлат ва муҳимтарин рамзи соҳибихтиёрии миллӣ ба шумор рафта, таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувияти миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва ормонҳои таърихии халқ мебошад. Он на танҳо нишонаи зоҳирии давлатдорӣ, балки ифодагари ҳастии миллат, ягонагии мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пайванди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда ба ҳисоб меравад. Дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа Парчами давлатӣ мақоми хосса дошта, ҳамчун рамзи муттаҳидкунанда мардумро дар атрофи ғояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ ва созандагӣ сарҷамъ менамояд. Таърихи парчамдорӣ дар фарҳанги халқҳои ориёӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ решаҳои қадима дорад. Аз давраҳои бостон парчам ва дирафш ҳамчун нишонаи ҳокимият, қудрат, муттаҳидӣ, ҳифзи сарзамин ва ифодаи мансубияти сиёсиву иҷтимоии мардум истифода мешуданд. Дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ парчам на танҳо воситаи шинохти давлат ва лашкар, балки рамзи мубориза барои озодӣ, адолат ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ тасвир гардидааст. Яке аз намунаҳои маъруфи парчамдорӣ дар фарҳанги таърихии эронинажодон Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун рамзи мубориза бар зидди зулму истибдод ва пирӯзии адолат инъикос ёфтааст. Он дар хотираи таърихию фарҳангии мардум ҳамчун нишонаи озодихоҳӣ, шуҷоат ва давлатдорӣ ҷойгоҳи хос дорад. Албатта, таърихи дирафшҳои қадимро бояд аз таърихи Парчами давлатии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ намуд, зеро ҳар кадоме марҳила ва хусусияти хоси таърихии худро дорост. Дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи Сомониён низ марҳилаи муҳимми ташаккули худшиносии миллӣ ва фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра забони тоҷикӣ, илму адаб, ҳунар ва фарҳанги миллӣ ба рушди бесобиқа ноил гардида, заминаҳои устувори эҳёи давлатдории тоҷикон ташаккул ёфтанд. Давлати Сомониён бо фаъолияти созанда ва сиёсати хирадмандонаи амир Исмоили Сомонӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун намунаи барҷастаи давлатдории миллӣ боқӣ мондааст. Мероси таърихию фарҳангии ин давра то имрӯз дар ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба гузаштаи пурғановати халқ нақши муҳим дорад. Пас аз ҳазорсолаҳои таърих ва марҳилаҳои гуногуни давлатдорӣ миллати тоҷик дар охири асри XX ба дастоварди бузурги таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ ноил гардид. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Ин рӯйдоди тақдирсоз марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти бузурги таърихиро дар назди ҷомеа ба миён овард. Ба даст овардани истиқлолият зарурати ташаккули низоми нави сиёсиву ҳуқуқӣ, қабули Конститутсия ва муайян намудани рамзҳои давлатии кишварро ба миён гузошт. Дар ин замина, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин воқеаи таърихӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуқуъ пайваст. Он замон, ҷомеаи Тоҷикистон ба мушкилоти шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, зарурати таъмини сулҳу субот, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо карда буд. Дар чунин шароит қабули Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дошт. Он ифодагари оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, умед ба ояндаи осоишта ва иродаи мардум барои нигоҳ доштани истиқлоли миллӣ буд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷа иборат буда, аз се рахи уфуқии рангаи сурх, сафед ва сабз ва тоҷи зарҳалини ҳафтситорадор дар қисми марказии рахи сафед таркиб ёфтааст. Таносуби паҳноӣ ва дарозии Парчам 1:2 мебошад. Ҳар як ранг ва унсури он дорои маънои рамзӣ буда, дар маҷмӯъ таърихи давлатдорӣ, табиати зебо, фарҳанг ва ормонҳои мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Ранги сурх дар Парчами давлатӣ рамзи мубориза барои озодӣ, шуҷоат, ҷасорат ва истиқлолият мебошад. Он иродаи устувори миллатро дар роҳи расидан ба озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ ифода мекунад. Ин ранг моро ба ёди муборизаҳои таърихии аҷдодон, талошҳои онҳо барои ҳифзи сарзамин, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебарад. Ҳамзамон, ранги сурх рамзи неруи созандагӣ, матонат ва омодагии шаҳрвандон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Ранги сафед рамзи покӣ, тозагӣ, сулҳу осоиштагӣ, нияти нек ва ояндаи дурахшон ба шумор меравад. Он инчунин бо яке аз сарватҳои муҳими табиӣ ва иқтисодии Тоҷикистон – пахта алоқаманд дониста мешавад. Сафедӣ дар маънои маънавӣ ифодагари поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, адолат ва саъю талоши мардум барои бунёди ҷомеаи ободу пешрафта мебошад. Ин ранг моро ба зиндагии осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки инсонӣ ҳидоят менамояд. Ранги сабз рамзи табиати сарсабз, ободонӣ, шукуфоӣ, ҳаёти нав ва умед ба оянда мебошад. Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашида, водиҳои ҳосилхез, дарёҳои пуроб ва манзараҳои нотакрори табии сарзамини зебоест, ки сарсабзию хуррамии он аз ҷумлаи неъматҳои бузурги Ватан ба ҳисоб меравад. Ранги сабз ҳамчунин бо анъанаҳои кишоварзӣ, меҳнатдӯстӣ ва тамаддуни созандаи мардуми тоҷик робитаи маънавӣ дорад. Он ифодагари ормони мардум барои зиндагии шоиста, пешрафти иқтисодӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Тоҷи зарҳалин, ки дар маркази Парчами давлатӣ ҷой гирифтааст, рамзи тоҷдорӣ, соҳибдавлатӣ, соҳибтамаддунӣ ва сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Тоҷ дар фарҳанги таърихии тоҷикон нишонаи давлатдорӣ, иззату эҳтиром ва ҳуввияти миллӣ ба шумор меравад. Ҳафт ситораи болои тоҷ бошад, ба таври рамзӣ ифодагари комилӣ, саодат, бахту иқбол ва ормонҳои неки мардум мебошад. Ҳамин тавр, маҷмӯи рангҳо ва унсурҳои Парчами давлатӣ як маънои ягонаи ғоявиро ифода намуда, аз гузаштаи пурғановат, имрӯз ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Мақоми Парчами давлатӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хеле муҳим аст. Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 майи соли 2007 қабул гардидааст, асосҳои ҳуқуқии истифодаи расмӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатиро муайян менамояд. Муқаррар намудани мақоми ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ дар қонунгузорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтиром ва ҳифзи онҳо на танҳо арзиши маънавӣ, балки уҳдадории шаҳрвандӣ ва ҳуқуқии ҳар як сокини кишвар мебошад. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии миллӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва чорабиниҳои расмӣ мавқеи хос дорад. Он дар маросимҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барафрохта мешавад. Ҳар боре ки Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон мегардад, он ҳамчун нишонаи соҳибистиқлолӣ, обрӯю эътибор ва нуфузи давлати тоҷикон муаррифӣ мешавад. Барои ҳар як шаҳрванди кишвар дидани Парчами миллӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, махсусан ҳангоми ба даст овардани пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик, мояи ифтихор ва рӯҳбаландӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати Парчами давлатӣ ва тақвияти эҳсоси эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009 таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ҳамин тариқ, ҳамасола 24 ноябр дар саросари кишвар ин сана бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин рӯз барои гиромидошти рамзи давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба истиқлолият ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад. Яке аз дастовардҳои назаррас дар самти гиромидошти Парчами миллӣ бунёди яке аз бузургтарин парчамҳои ҷаҳон дар шаҳри Душанбе мебошад. Ин иншооти муҳташам ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар замони ифтитоҳаш бо баландии пояи 165 метр ва матои 60-метра ба яке аз рамзҳои муҳими пойтахти кишвар табдил ёфт. Парчами мазкур дар давраи муайян ҳамчун баландтарин парчами ҷаҳон эътироф гардида, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Имрӯз ин макон, ки бо номи Боғи Парчами миллӣ маъруф аст, на танҳо ҷойи истироҳату фароғат, балки рамзи ифтихори миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва давлатдории тоҷикон мебошад. Аҳаммияти Парчами давлатӣ танҳо бо ҷанбаҳои таърихӣ ва сиёсӣ маҳдуд намегардад. Он дар ҳаёти маънавии ҷомеа низ нақши муассир дошта, ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмат мекунад. Махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки таъсири равандҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ ба ҷомеа меафзояд, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ аҳамияти бештар пайдо менамояд. Дар чунин шароит Парчами давлатӣ метавонад ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ва воситаи тақвияти ҳисси мансубияти миллӣ хизмат намояд. Тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба Парчами давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳимми оила, муассисаҳои таълимӣ ва тамоми ниҳодҳои ҷомеа мебошад. Зеро эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аз шинохти таърихи давлат, дарки арзиши истиқлолият ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан сарчашма мегирад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки истиқлолият ва сулҳу суботи имрӯза дастовардҳои худкор набуда, барои нигоҳдорӣ ва таҳкими онҳо дониш, меҳнат, масъулиятшиносӣ ва садоқати шаҳрвандӣ зарур аст. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо, чорабиниҳои маърифатӣ, озмунҳо ва барномаҳои тарбиявӣ дар мавзуи рамзҳои давлатӣ метавонад ба баланд гардидани сатҳи худшиносии насли ҷавон мусоидат намояд. Ҳамзамон, эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар доираи чорабиниҳои расмӣ ва ҷашнҳои миллӣ, балки дар рафтору муносибати ҳаррӯзаи шаҳрвандон таҷассум ёбад. Арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтиром ба давлат, қонун, ҷомеа, таърих ва арзишҳои миллиро дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳифзи истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз масъулияти шахсии ӯ дар назди ҷомеа ва давлат оғоз мегардад. Маҳз чунин муносибат метавонад барои ташаккули ҷомеаи масъулиятшинос, муттаҳид ва дорои худшиносии баланди миллӣ заминаи устувор фароҳам оварад. Дар шароити муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун ба ҳаёти ҷомеа рӯз ба рӯз меафзоянд, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Миллате, ки таърихи худро мешиносад, ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад ва рамзҳои давлатияшро ҳамчун арзиши умумимиллӣ ҳифз менамояд, метавонад дар фазои мураккаби ҷаҳони муосир мавқеи устувори худро нигоҳ дорад. Аз ин лиҳоз, Парчами миллӣ на танҳо рамзи гузашта ва имрӯза, балки нишонаи масъулияти мо дар назди наслҳои оянда мебошад. Ваҳдати миллӣ низ яке аз арзишҳои бунёдии давлатдории муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки танҳо дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон рушди устувори давлат имконпазир мегардад. Парчами давлатӣ дар ин раванд ҳамчун рамзи умумии тамоми шаҳрвандони кишвар, новобаста аз маҳалли зист, касбу кор, мавқеи иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии онҳо, хизмат мекунад. Он моро ба дарки як ҳақиқати муҳим ҳидоят менамояд: сарнавишти Ватан, истиқлолияти давлат ва ояндаи миллат арзишҳои муштараке мебошанд, ки ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи умумии ҳар як шаҳрванд аст. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзи истиқлолият будан, таҷассумгари ормонҳои созанда ва умедҳои мардуми кишвар ба ояндаи ободу осуда мебошад. Парафшонии он дар дохил ва хориҷи кишвар нишонаи он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дорад ва барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои судманд ва ҳифзи сулҳу субот саъю талош менамояд. Ин рамзи муқаддас ҳар як фарди ҷомеаро ба меҳнати созанда, эҳтироми қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан раҳнамоӣ мекунад. Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рамзи расмии давлатдорӣ, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, истиқлолияти миллӣ, ваҳдати мардум, худшиносии шаҳрвандӣ ва ормонҳои созандаи миллати тоҷик мебошад. Эҳтиром ба он маънои арҷгузорӣ ба гузашта, масъулият дар назди имрӯз ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи миллатро дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки Парчами миллиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ ҳифз намуда, дар таҳкими эҳтиром ба он, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Мо бояд ҳамеша дарк намоем, ки Парчам рамзи умумии давлат ва миллати мост. Он моро ба ҳамбастагӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва талош барои ободии сарзамини аҷдодӣ даъват менамояд. Парафшонии Парчами давлатӣ дар фазои озоди Тоҷикистон рамзи зиндаи истиқлолияти мо, нишонаи сарбаландии миллат ва ифодагари иродаи устувори мардум барои бунёди ояндаи дурахшон мебошад. Ҳифз ва гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи маънавии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа буда, садоқат ба он бояд дар амалҳои созанда, меҳнати содиқона ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз таҷассум ёбад. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович, н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Аз Дирафши Ковиён то Парчами муқаддаси тоҷикон

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ ва ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар мебошад. Парчам баёнгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва асолати таърихиву фарҳангии миллатамон аст. Мо бояд нисбат ба Парчами миллӣ эҳтироми хоса дошта бошем, онро муқаддас донем ва дар зери Парчам ба Ватан содиқона хизмат кунем. Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикон яке аз қавмҳои бостонии ориёнажод мебошанд, ки таърихи онҳо реша дар умқи ҳазорсолаҳо дошта, нақши муассир дар ташаккул ва рушди тамаддуни башарӣ бозидаанд. Ҳамҷун миллати созанда, хирадманд ва фарҳангдӯст, тоҷикон дар тӯли таърих борҳо алами ҳимояи фарҳанг, истиқлолият ва арзишҳои инсонӣ бардоштаанд ва ҳаққи аламбардории азалиро сазовор гаштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати бофарҳангу бономуси тоҷик аз азал барои ҳифзи фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ аламбардор буд, ҳаст ва мемонад. Аз даврони Куруши Кабир то замони Исмоили Сомонӣ ва имрӯз, даврони Истиқлолият ҳама шаҳодат аз он аст, ки тоҷикон ҳамеша барои дифои забон, фарҳанг, ҳувият ва озодии хеш мубориза бурдаанд. Забони тоҷикӣ, ки имрӯз бо ифтихор истифода мешавад, форсӣ-тоҷикӣ бо вуҷуди асрҳои фишор зинда монд, ин худ як намунаи аламбардории фарҳангист. Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва озодихоҳии миллат таърихи бисёр қадима дорад. Миллати тоҷик низ дар тӯли таърих низ соҳиби парчаму рамзҳои муқаддас буд, ки яке аз намоёнтарини онҳо алами Коваи оҳангар аст. Тибқи ривоятҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсии Тӯсӣ Кова як оҳангар буд, ки писаронашро подшоҳи золим-Заҳҳоки мордӯш ба ҳалокат мерасонд. Вақте фарзанди дигарашро ҳам хостанд қурбон кунанд, Кова муқовимат нишон дод. Ӯ бо хашму адолат барафрӯхта шуд, машъал бар зидди ситам боло кард ва бо пешбарии парчаме, ки аз пешбанди чарминаш сохт, мардумро ба шӯриш даъват намуд. Аз таърихи гузаштагонамон чӣ тавре ки огоҳ ҳастем, Коваи оҳангар барои тоҷикон ва тамоми мардуми форсизабонон рамзи мубориза барои ҳақ, озодӣ ва адолат мебошад. Алами Коваи оҳангар то имрӯз ҳам дар фарҳанги миллӣ ва забони рамзии тоҷикон боқӣ монда, моро ба ваҳдат, шуҷоат ва муқовимат даъват мекунад. Воқеан, алами Кова-алами адолат ва озодии абадист. Алами Коваро дар таърих Дирафши Ковиён низ мегуфтанд, ки баъдтар ба рамзи мубориза барои адолат ва истиқлол мубаддал гашт. Бо роҳбарии Коваи оҳангару адолатпеша мардум бар зидди Заҳҳок мубориза бурд ва дар ниҳоят ӯро шикаст дода, Фаридунро ба тахти шоҳӣ нишонд. Исми Фаридун дар таърихи ориёӣ яке аз подшоҳони адолатпарвар сабт шудааст. Аламбардории Кова нишонаи қудрати мардум ва иттиҳод алайҳи зулм аст. Он нишон медиҳад, ки инсон агар ирода ва шуҷоат дошта бошад, фарҳангу забони миллати худро ҳифз мекунад. Аламбардории тоҷикон танҳо рамзи мубориза нест, он нишонаи ҳувияти миллӣ, ифтихори таърихӣ ва иродаи устувори як миллат аст. Тоҷикон натанҳо гузаштаи пурифтихор доранд, балки имрӯз ва ояндаро низ бо Парчами ваҳдат, фарҳанг ва тараққиёт равшан месозад. Имрӯз Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ, рамзи иттиҳод, истиқлол, ифтихор ва фарҳанги деринаи тоҷикон мебошад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба миллат, таърих ва арзишҳои давлатдории миллист. Дирафши Ковиён ва Парчами давлатии Тоҷикистон ҳар ду рамзи давлат, ифтихор ва озодихоҳии миллати тоҷик мебошанд. Яке реша дар фарҳанги қадим ва шӯриши халқӣ дорад, дигаре ифодагари давлати соҳибистиқлоли муосир аст. Эҳтиром ба ҳар ду, яъне эҳтиром ба таъриху ҳувияти миллӣ мебошад. Шараф Гулчеҳраи Ёдгор, ходими калони илмии шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Семинар бо сухани ифтитоҳии директори Институт, доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои сулҳу ваҳдат буда, таҷлили он барои таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихии ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамчунин, нақши олимони ҷавон дар омӯзиши равандҳои давлатсозӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ махсус таъкид гардид. Дар идомаи чорабинӣ Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул, ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институт дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ» маърӯза намуд. Зимни маърӯза мавсуф саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди кишвар мавриди таҳлили илмӣ қарор дод. Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат заминаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатдории миллӣ ташаккул ёфта, барои рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори инсонӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуданд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон ва нақши нерӯи инсонӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар рафти семинар иштирокчиён доир ба аҳаммияти таърихии давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, андешаҳои худро баён карданд. Семинар дар фазои созанда ва илмӣ баргузор гардида, барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба омӯзиши масъалаҳои муҳими давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

1 / 9

Пешвои созандаву поянда!

Пешвоё, аз қудумат дард дармон мешавад, Гарди поят ҳар куҷо афтад, гулистон имешавад. Тоҷбарсар кардӣ, азбас миллати моро зи нав Тоҷи ин дунё ба охир Тоҷикистон мешавад. Дар таърихи ҳар як миллату давлат санаҳое мавҷуданд, ки бо рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва сарнавиштсоз алоқаманд буда, дар хотираи таърихии мардум ҷойгоҳи хосаро ишғол мекунад. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имконоти таърихӣ фароҳам овард, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд. Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлати ҷавони тоҷикон давраи ниҳоят мураккаб ва сарнавиштсоз буданд. Ноустувории сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шарҳвандӣ ҷомеаро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ карда буд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ масъалаи ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва таъмини ваҳдати миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуд. 16-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар вазъияти навини конститутсионӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Аз ин лиҳоз, санаи мазкур дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳим сабт гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва кафили Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва истиқлолияти миллӣ дар системаи давлатдорӣ мақоми муҳим дорад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ масъалаҳои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ташаккули сохторҳои давлатӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва барқарор кардани фазои сулҳу субот дар маркази сиёсати давлатӣ қарор доштанд. Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон ба даст овардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 мебошад. Санади мазкур барои хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи нави рушди кишвар замина гузошт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муҳими ҳалли мусолиматомези низоъ дар муносибатҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Ваҳдати миллӣ бошад, ҳамчун арзиши бунёдии ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо намуд. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи таҳсилот, дурнамои рушди он ва дастовардҳо басе назаррас аст. Соҳаи таҳсилот яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва омили асосии рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад. Пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи мутамаддин, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони баландиқтисос, қабл аз ҳама, ба сатҳу сифати системаи таҳсилот марбут аст. Аз ин рӯ, рушди соҳаи таҳсилот дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи таҳсилот,баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилотӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намуданд, ки ояндаи давалат ва миллат аз сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва касбияти насли ҷавон вобастагӣ дорад. Андешаи мазкур аҳамияти стратегӣ доштани соҳаи таҳсилотро дар рушди давлатдории миллӣ инъикос менамояд. Ба соҳаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббускории Сарвари созанда-Эмомалӣ Раҳмон як қатор дастовардҳо, ташаббусҳо ва дурнамои рушди соҳа амалӣ карда шуданд: ислоҳоти соҳаи таҳсилот, дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рушди илм, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, рақамикунонии соҳаи таҳсилот ва ворид намудани технологияҳои муосир. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди соҳаи таҳсилот дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дастгирии муассисаҳои таҳсилотӣ, рушди таҳсилоти олӣ, таваҷҷуҳ ба илм, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароит барои таҳсили ҷавонон ва самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Бо номи ту ифтихор кардан шараф аст. Ҳар ҷо суханат шиор кардан шараф аст. Ходими калони илмии шуъбаи назарияи иқтисодӣ ва таҳқиқоти институтсионалӣ Шараф Гулчеҳраи Ёдгор

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОР

Дар таърихи давлатдории ҳар як миллат санаҳое мавҷуданд, ки аҳаммияти онҳо аз доираи як рӯйдоди муайяни сиёсӣ берун рафта, ба рамзи худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлолият ва пойдории давлат табдил меёбанд. Барои мардуми Тоҷикистон 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯз бо марҳилаи муҳими ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таҳкими асосҳои конститутсионӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди мамлакат робитаи амиқ дорад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, барои миллати тоҷик имконияти таърихии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фароҳам овард. Бо вуҷуди ин, солҳои аввали истиқлолият бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, заиф гардидани ниҳодҳои давлатӣ ва коҳиши имкониятҳои иқтисодии мамлакат ҳамроҳ буданд. Дар чунин шароити ҳассос масъалаи ҳифзи якпорчагии кишвар, барқарор намудани сохтори идоракунии давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо намуд. Дар ин раванд фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи ноябри соли 1992 ба роҳбарии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, бо марҳилаи нави таърихи сиёсии мамлакат пайваст. Баъдан, ташаккули ниҳоди президентӣ ва рушди низоми конститутсионии давлат ба яке аз самтҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ табдил ёфт. Рӯзи Президент на танҳо муносибати эҳтиром ба мақоми олии давлатӣ, балки фурсати омӯзиши таърихи давлатдории навин, арзёбии дастовардҳои давраи истиқлолият, таҳлили мушкилоти мавҷуда ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи ҷомеа мебошад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр таҷлил карда мешавад. Ин сана бо рӯйдодҳои муҳими таърихи сиёсии кишвар алоқаманд буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид муайян гардидааст. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум оғоз ёфт. Иҷлосияи мазкур дар шароити мураккаби сиёсӣ баргузор гардида, барои аз нав ташкил намудани роҳбарияти давлатӣ ва муайян кардани роҳҳои баромадан аз буҳрони сиёсӣ замина гузошт. 19 ноябри ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Марҳилаи дигари муҳими рушди давлатдории кишвар ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқии 6 ноябри соли 1994 вобаста мебошад. Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд. Дар интихоботи президентии 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 16 ноябри ҳамон сол маросими савгандёдкунии ӯ баргузор шуд. Маҳз ин рӯйдод яке аз асосҳои таърихии интихоби 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент мебошад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, мақоми Президент дар низоми идоракунии давлатӣ бо таъмини фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимият, намояндагии давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи Конститутсия ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон алоқаманд аст. Мутобиқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия — Ҳукумат мебошад. Яке аз масъалаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон барқарор намудани сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат таъсири амиқ расонида, боиси талафоти инсонӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва хароб гардидани қисми зиёди инфрасохтор гардид. Дар чунин шароит барқарор намудани сулҳ на танҳо вазифаи сиёсӣ, балки зарурати таърихӣ барои ҳифзи мавҷудияти давлат ва таъмини ояндаи миллат буд. Раванди музокироти сулҳи тоҷикон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва мусоидати кишварҳои кафил сурат гирифт. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади таърихӣ барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози раванди оштии миллӣ заминаи муҳим фароҳам овард. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокирот ва имзои созишномаи сулҳ ҳамчун роҳбари давлат аз ҷиҳати таърихӣ аҳаммият дорад. Ҳамзамон, сулҳи тоҷикон натиҷаи кӯшишҳои муштараки ҷонибҳои музокирот, намояндагони ҷомеа, созмонҳои байналмилалӣ ва иродаи мардуми Тоҷикистон барои хотима додан ба низоъ буд. Ваҳдати миллӣ танҳо маънои набудани ҷангро надорад. Он пеш аз ҳама эҳтироми гуногунандешӣ, ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон, баробарии ҳуқуқӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеаро дар рушди давлат ифода менамояд. Ташаккули давлатдории муосир раванди мураккаб буда, аз таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкили мақомоти самараноки идоракунӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Он инчунин бо сатҳи иҷрои қонунҳо, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, сифати хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, мубориза бо коррупсия, рушди ҳукумати электронӣ ва иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳо муайян карда мешавад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ такмили низоми идоракунии давлатӣ аҳаммияти бештар пайдо менамояд. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, низомҳои электронии хизматрасонӣ, пойгоҳҳои ягонаи маълумот ва воситаҳои таҳлилии зеҳни сунъӣ метавонад ба баланд бардоштани сифати идоракунӣ, кам кардани хароҷоти маъмурӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат намояд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлат дар давраи истиқлолият таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, барқарорсозии инфрасохтори харобгардида, ҷалби сармоягузорӣ ва ташаккули заминаҳои истеҳсолоти миллӣ аз масъалаҳои асосии сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар марҳилаҳои гуногуни рушди мамлакат масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат муайян гардиданд. Таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи технологияҳои муосири аграрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили занҷираҳои самараноки истеҳсолу фурӯш аз вазифаҳои муҳим мебошанд. Саноатикунонии босуръати мамлакат имконияти ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши арзиши иловашуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва коҳиш додани вобастагии иқтисодиро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, барои таъмини натиҷабахшии саноатикунонӣ масъалаҳои омодасозии мутахассисон, таъмини рақобатпазирии маҳсулот, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир бояд пайваста ҳал карда шаванд. Маориф ва илм аз омилҳои асосии ташаккули сармояи инсонӣ ва рушди дарозмуддати давлат ба ҳисоб мераванд. Дар шароити иқтисоди донишбунёд рақобатпазирии мамлакатҳо бештар аз сатҳи таҳсилот, иқтидори илмӣ, қобилияти инноватсионӣ ва сифати омодасозии мутахассисон вобастагӣ дорад. Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва тақвияти заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Арҷгузорӣ ба мероси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав ва дигар шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии маънавӣ ва илмии ҷавонон нақши муассир дошта бошад. Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсати хориҷӣ ва рушди муносибатҳои дипломатиро фароҳам овард. Дар ин раванд ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ аҳаммияти муҳим пайдо намуданд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳалли мусолиматомези ихтилофот ва рушди муносибатҳои дӯстона асос меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар баррасии масъалаҳои амният, рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва истифодаи захираҳои обӣ иштирок менамояд. Яке аз самтҳои назарраси фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон пешбурди ташаббусҳои марбут ба об ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ баргузории конференсияҳо, маҳфилҳои илмӣ, озмунҳои дониш, дарсҳои кушод ва суҳбатҳои таърихӣ метавонад ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз таърихи давлатдории миллӣ мусоидат намояд. Мазмуни чунин чорабиниҳо бояд танҳо бо муаррифии рӯйдодҳои таърихӣ маҳдуд нагардад. Зарур аст, ки донишҷӯён ва хонандагон дар бораи моҳияти Конститутсия, сохтори мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, арзишҳои сулҳу ваҳдат ва нақши иштироки ҷамъиятӣ маълумоти мукаммал пайдо намоянд. Тарбияи ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар муносибати масъулиятнок ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи муҳити зист, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа зоҳир мегардад. Ватандӯстии воқеӣ бояд бо дониш, ахлоқи ҳамида, тафаккури мустақил, эҳтироми қонун ва омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ пайваст бошад. Дар ин раванд омӯзиши таърихи истиқлолият ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон метавонад дар ташаккули фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва масъулияти иҷтимоӣ нақши муҳим бозад. Дар маҷмуъ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санаи муҳими тақвими давлатӣ, балки фурсати андеша дар бораи роҳи таърихии миллат, арзиши сулҳу истиқлолият ва масъулияти муштараки шаҳрвандон барои бунёди ояндаи устувору пешрафтаи Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994, бо тағйиру иловаҳо. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 2 августи соли 2011, бо тағйиру иловаҳо. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, №1320 «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”». Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 16 ноябри соли 2016. Абдуллоев А.А. н.и.и. ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ ХИЗМАТҲОИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ таҷлил мегардад, яке аз санаҳои муҳимми таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин рӯз на танҳо ифодаи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ ва хизматҳои таърихии роҳбарияти олии давлат, балки фурсати муносиб барои бознигарии роҳи пурифтихори тайкардаи миллат, дарки арзиши истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон бо воқеаҳои сарнавиштсоз, озмоишҳои сангин ва талошҳои пайгирона барои ҳифзи ҳастии миллат ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол пайванди ногусастанӣ дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 мардуми Тоҷикистон ба марҳалаи комилан нави таърихӣ ворид гардиданд. Истиқлол барои миллати тоҷик имконияти нодири эҳёи давлатдории миллӣ, муайян намудани роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин муаррифии шоистаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам овард. Аммо, мутаассифона, ихтилофоти сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин раванди таърихиро ба мушкилоти ниҳоят мураккаб рӯ ба рӯ намуданд. Дар он айёми ҳассос на танҳо сохтори давлатдорӣ, балки ваҳдати миллӣ, тамомияти арзӣ ва ояндаи давлати тозаистиқлол зери хатар қарор доштанд. Дар чунин шароити тақдирсоз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи сиёсии кишвар марҳалаи муҳимми сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия барои барқарор намудани сохтори конститутсионӣ, ташаккули ҳокимияти қонунӣ ва муайян сохтани самтҳои минбаъдаи рушди давлат заминаи мусоид фароҳам овард. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин иҷлосияи таърихӣ оғози марҳалаи нави роҳбарии сиёсӣ ва талошҳои пайгирона барои наҷоти давлат аз буҳрони амиқи сиёсӣ гардид. Аз рӯзҳои нахустини ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои тақдирсозро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, таъмини сулҳу субот, бозгардонидани гурезаҳо ба Ватан, барқарор намудани сохторҳои давлатӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеаро ҳадафи асосӣ муайян намуданд. Дар он шароити мураккаб, ки ҷомеа ба ихтилофу парокандагӣ рӯ ба рӯ буд, интихоби роҳи музокирот, муколама ва оштии миллӣ аз иродаи қавии сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди таърихи миллат шаҳодат медод. Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва иштироки фаъолонаи неруҳои гуногуни ҷомеа раванди музокироти байни тоҷикон идома ёфта, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдоди таърихӣ барои анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва оғози марҳалаи нави созандагӣ заминаи устувор гузошт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бори дигар собит намуд, ки хиради сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ ва афзал донистани роҳи гуфтушунид метавонанд ҳатто мушкилтарин ихтилофҳоро ба роҳи ҳалли мусолиматомез равона созанд. Сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо як дастоварди сиёсӣ нест, балки арзиши муқаддаси иҷтимоӣ ва маънавиест, ки тамоми пешрафту созандагиҳои минбаъдаи кишвар ба он такя мекунанд. Маҳз дар фазои сулҳу субот имконият фароҳам омад, ки давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сохторҳои фалаҷгардидаи идоракунӣ барқарор шаванд, иқтисодиёт эҳё гардад ва ҷомеа ба роҳи рушди устувор ворид шавад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ бояд ҳамеша вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди ватандӯст бошад. Яке аз рӯйдодҳои муҳимми марҳалаи нави давлатсозӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 мебошад. Ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори давлатдорӣ, принсипҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуда, барои ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овард. Қабули Конститутсия дар шароити ҳассоси сиёсӣ далели азми устувори давлат ва ҷомеа барои бунёди низоми муосири ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун буд. Дар солҳои минбаъда бо мақсади таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Таъсиси Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди низоми идоракунӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар аз ҷумлаи қадамҳои муҳимми ин раванд ба шумор мераванд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳ ба рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими соҳаҳои маорифу тандурустӣ, энергетика, саноат ва инфрасохтори нақлиётӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ин замина татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат аҳаммияти махсус дорад. Ин ҳадафҳо ифодагари талошҳои давлат барои таҳкими иқтидори иқтисодӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар мебошанд. Рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ дар маҷмӯъ ба таҳкими истиқлоли воқеӣ ва таъмини ояндаи устувори давлат мусоидат менамояд. Дар баробари пешрафти дохилӣ, Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист мавқеи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшида, ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу субот шинохта шавад. Ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирӣ қарор гирифтаанд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллии худ барои ҳалли масъалаҳои муҳими умумибашарӣ низ саҳми арзанда мегузорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ масъалаи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти бештар касб менамояд. Раванди муосири ҷаҳонӣ бо рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои амниятӣ, паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ, терроризм ва таъсири манфии фазои иттилоотӣ ҳамроҳ буда, аз ҳар як давлат ва ҷомеа масъулияти ҷиддӣ тақозо мекунад. Дар чунин шароит танҳо ҷомеаи дорои ҷаҳонбинии солим, ҳувияти устувори миллӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ метавонад манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намояд. Маҳз бо дарназардошти чунин аҳаммият Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ арзиши хосса дорад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Таҷлили ин рӯз ба гиромидошти хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба нақши ниҳоди президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ равона гардидааст. Моҳияти ин сана танҳо дар таҷлили расмӣ ё баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ифода намеёбад. Он, пеш аз ҳама, моро ба андешаронӣ дар бораи таърихи давлатдории навин, қадршиносии сулҳу субот ва дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан ҳидоят мекунад. Зеро истиқлол, сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзишҳое нестанд, ки бо мурури замон аҳаммияти худро аз даст диҳанд. Баръакс, онҳо бояд ҳамчун пояҳои асосии ҳастии давлат ва омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ҳамеша ҳифз ва таҳким дода шаванд. Дар ин раванд нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат ниҳоят муҳим аст. Насли ҷавон бояд таърихи давлатдории миллӣ, арзиши истиқлол ва сабақҳои даврони душвори гузаштаро амиқ омӯзад, ба илму дониш рӯ оварад ва дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми муассир гузорад. Зеро ояндаи давлат танҳо бо дастовардҳои имрӯз муайян намешавад, балки аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва иқтидори зеҳнии насли оянда низ вобастагии амиқ дорад. Дар ин замина, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули фарҳанги сиёсӣ аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тамоми ҷомеа ба шумор мераванд. Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки таҳкими давлатдорӣ танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Он масъулияти умумимиллиест, ки иштироки фаъолонаи тамоми қишрҳои ҷомеа, эҳтиром ба қонун, меҳнати созанда, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватанро тақозо менамояд. Маҳз тавассути ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак метавон пояҳои ҷомеаи солим ва давлати пешрафтаро боз ҳам устувор гардонид. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, қадршиносии хизматҳои таърихӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ин сана моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи миллат бо нигоҳи таҳлилӣ назар афканда, аз таҷрибаи таърихӣ сабақ гирем ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулияти бештар эҳсос намоем. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун бахши муҳимми таърихи навини давлат боқӣ мемонанд. Арҷгузорӣ ба ин хизматҳо ҳамзамон эҳтиром ба таърихи истиқлол, ба ормонҳои давлатдории миллӣ ва ба заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар қалби ҳар як шаҳрванд ҳисси масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватанро тақвият бахшад. Зеро бузургии миллат на танҳо бо гузаштаи пурифтихор, балки бо қобилияти ҳифзи дастовардҳо, созандагӣ ва бунёди ояндаи шоиста муайян мегардад. Бигзор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор буда, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди устувор, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии худ ба дастовардҳои нав ноил гардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак! Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Демография как основа будущего нации: роль Президента Таджикистана в развитии человеческого капитала и института экономики и демографии НАНТ

16 ноября в Таджикистане отмечается День Президента. Это не просто дата в календаре. Это день, когда мы осмысливаем путь, который прошла страна за годы независимости, и роль личности в судьбе государства. Если говорить о главном богатстве Таджикистана, то это не горы, не реки и не полезные ископаемые. Главное богатство это люди. Именно поэтому вопросы демографии сегодня выходят на первый план. Сколько нас, где мы живем, как растут наши семьи, куда уезжает молодежь и что нужно сделать, чтобы каждый гражданин чувствовал себя защищенным на своей Родине, все это вопросы не статистики, а национальной безопасности и будущего. В этой связи особую роль играет Институт экономики и демографии НАНТ. Это научное учреждение, которое изучает население страны и дает государству точные данные для принятия решений. А демографическая политика, которую проводит Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон, стала основой устойчивого развития страны. Демография Таджикистана: особенности и значение Таджикистан один из немногих государств в регионе, где сохраняется высокий естественный прирост населения. Наша страна молодая. Более половины населения это люди до 30 лет. Это огромная сила и одновременно огромная ответственность. Молодая нация это энергия, трудолюбие, стремление к знаниям. Но это и вызов. Каждому молодому человеку нужно образование, работа, жилье, возможность создать семью и реализовать себя. Если государство не будет заниматься этими вопросами системно, демографический рост вместо преимущества может стать проблемой. Именно поэтому Президент Таджикистана с первых лет независимости уделял особое внимание социальной сфере. В своих посланиях Маджлиси Оли он неоднократно подчеркивал: развитие страны должно измеряться не только километрами дорог и тоннами урожая, а уровнем жизни каждого человека, здоровьем матери и ребенка, доступностью образования и достойной работой. Демография в этом смысле это зеркало государства. Она показывает, доверяет ли народ своему будущему, создаются ли условия для роста семей, возвращаются ли мигранты домой. Институт экономики и демографии: наука на службе государства Для того чтобы управлять демографическими процессами, их нужно глубоко изучать. Нельзя принимать решения на основе предположений. Нужны точные исследования, прогнозы и рекомендации. Эту задачу в Таджикистане выполняет Институт экономики и демографии. Его работа охватывает несколько ключевых направлений. Первое направление это изучение рождаемости и семьи. Институт анализирует, как меняется структура семьи, в каком возрасте молодые люди вступают в брак, сколько детей рождается, какие факторы влияют на укрепление семьи. Второе направление это миграция. Трудовая миграция стала частью жизни многих таджикских семей. Институт изучает причины миграции, ее последствия для экономики и для семей, а также пути возвращения специалистов на Родину. Третье направление это урбанизация и расселение. Душанбе, Худжанд, Бохтар, Куляб и другие города растут. Нужно понимать, как обеспечить людей жильем, работой, школами и больницами. Четвертое направление это человеческий капитал. Сколько специалистов нужно стране через 5, 10 и 20 лет. Какие профессии будут востребованы. Как подготовить молодежь к современным требованиям рынка труда. Таким образом, Институт экономики и демографии это не кабинетная наука. Это практический инструмент, который помогает Президенту и Правительству видеть страну в цифрах и в людях одновременно. Роль Президента в демографической политике Таджикистана Демографическая политика Таджикистана под руководством Президента Эмомали Рахмона строится на нескольких важнейших принципах. Первый принцип это семья как основа общества. В Таджикистане семья всегда была священной ценностью. Президент неоднократно говорил о необходимости укрепления института семьи, воспитания детей в духе патриотизма, уважения к родителям и любви к Родине. Государство поддерживает многодетные семьи, охраняет материнство и детство, развивает систему здравоохранения. Второй принцип это молодежь как будущее. В Таджикистане принят ряд государственных программ по поддержке молодежи. Создаются условия для получения образования, в том числе за рубежом, открываются новые школы, колледжи и университеты, развивается спорт и культура. Президент постоянно встречается с молодежью, и это не формальность, а прямой диалог о будущем страны. Третий принцип это образование и наука. Без образованных людей невозможно построить сильное государство. За годы независимости в стране построены сотни новых школ, открыты новые высшие учебные заведения, в том числе и научные институты, занимающиеся демографией, экономикой и социальными исследованиями. Наука стала частью государственной политики. Четвертый принцип это достойный труд на Родине. Президент ставит задачу создавать новые рабочие места внутри страны, развивать промышленность, сельское хозяйство, туризм и сферу услуг, чтобы молодые люди не были вынуждены уезжать в поисках заработка. Это один из самых важных демографических вопросов. Когда человек работает дома, рядом с семьей, страна становится сильнее. Пятый принцип это забота о старшем поколении и социальной справедливости. Демография это не только молодежь. Это и пожилые люди, которые строили эту страну. Уважение к ним, пенсии, медицинская помощь и социальная защита это показатель зрелости государства. Вызовы и перспективы Несмотря на достигнутые успехи, перед Таджикистаном стоят серьезные демографические вызовы. Это и быстрый рост населения, который требует опережающего развития инфраструктуры. Это и вопросы трудовой миграции, когда часть трудоспособного населения находится за пределами страны. Это и необходимость повышения качества образования, чтобы молодежь была конкурентоспособной на мировом рынке. Решение этих вызовов требует совместной работы государства, науки и общества. Институт экономики и демографии должен и дальше давать точные прогнозы. Государство должно создавать рабочие места. А каждый гражданин должен понимать свою ответственность за будущее семьи и страны. Особенно важно, что в Таджикистане демографическая политика не сводится к цифрам. Она имеет человеческое измерение. За каждой цифрой стоит конкретная семья, конкретный ребенок, конкретный молодой специалист, который мечтает о достойной жизни на Родине. День Президента это повод задуматься о том, какой страной мы хотим видеть Таджикистан через 10, 20 и 30 лет. Ответ на этот вопрос во многом зависит от демографии. Если мы сохраним наши ценности, укрепим семью, дадим молодежи образование и работу, поддержим науку, то Таджикистан будет сильным, стабильным и процветающим государством. Институт экономики и демографии в этой работе играет особую роль. Он помогает государству принимать не эмоциональные, а научно обоснованные решения. А руководство Президента обеспечивает то, что эти решения воплощаются в жизнь в виде школ, больниц, дорог, рабочих мест и программ поддержки семей. Народ это главное богатство Таджикистана. И сохранение этого богатства, его развитие и процветание это главная задача, которая объединяет Президента, науку и каждого гражданина страны. Научный сотрудник Института экономики и демографии НАНТ Халикова Адиба Зафаровна

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

(бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) Таърих гувоҳ аст, ки сарнавишти ҳар як миллат дар марҳилаҳои ҳассосу тақдирсоз на танҳо бо рӯйдодҳои сиёсӣ, балки бо ирода, хирад, масъулиятшиносӣ ва интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ муайян мегардад. Дар таърихи миллатҳо давраҳое фаро мерасанд, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, нигоҳ доштани ягонагии ҷомеа ва муайян намудани самти минбаъдаи рушд ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил меёбад. Барои миллати тоҷик солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз чунин марҳилаи сарнавиштсоз буд. Тоҷикистон, ки тоза ба истиқлоли давлатӣ расида буд, ба гирдоби буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ, нооромии иҷтимоӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Вазъи мураккаби он давра на танҳо фаъолияти сохторҳои давлатиро халалдор мекард, балки хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдории миллӣ ва парокандагии ҷомеаро ба миён оварда буд. Дар чунин шароит масъалаи таъмини сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии кишвар ва пайдо намудани роҳи созишу ҳамдигарфаҳмӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим касб намуд. Ҷавониро фидо кардам, диёрам то амон бошад, Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад, Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад, Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад! Маҳз дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ зарурати роҳбарии масъулона, иродаи устувори сиёсӣ ва андешаи фарогири миллӣ бештар эҳсос мегардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба кори худ оғоз намуд, дар таърихи навини кишвар рӯйдоди тақдирсоз гардид. Ин иҷлосия на танҳо як рӯйдоди муҳими сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави барқарорсозии сохти конститутсионӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои расидан ба сулҳу субот маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар шароити ниҳоят мураккаб масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияти роҳбарӣ масъалаи қатъи хунрезӣ, барқарор намудани оромӣ, таъмини амнияти мардум, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муттаҳид сохтани ҷомеа аз самтҳои муҳимми фаъолияти роҳбарияти нави кишвар қарор гирифт. Дар он рӯзҳои душвор мардум ба сулҳу оромӣ, амният ва ояндаи осоишта ниёз доштанд. Аз ин рӯ, сиёсати сулҳҷӯёна, талошҳои пайгирона барои расидан ба ризоияти миллӣ ва иродаи устувори сиёсӣ ба самти асосии фаъолияти давлатдорӣ табдил ёфтанд. Ин раванд бори дигар нишон дод, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз роҳбарӣ танҳо масъулияти идоракунӣ нест, балки пеш аз ҳама масъулият дар назди миллат, давлат ва наслҳои оянда мебошад. Албатта, расидан ба сулҳ роҳи осону якмарҳилагӣ набуд. Он аз музокироти тӯлонӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои созиш, таҳаммулпазирӣ, гузаштҳои сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи ҷонибҳои даргир иборат буд. Музокироти байни тоҷикон бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки кишварҳои кафил барои расидан ба ризоияти миллӣ заминаи муҳим фароҳам овард. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдод дар таърихи муосири кишвар ҳамчун оғози марҳилаи нави ҳамгироии ҷомеа, барқарорсозии давлат ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ сабт гардид. Сулҳ барои мардуми тоҷик танҳо маънои хотима ёфтани ҷангро надошт. Он бозгашти умед ба зиндагӣ, эҳёи хонадонҳои пароканда, ба Ватан баргаштани гурезаҳо, барқарор гардидани робитаҳои инсонӣ ва фароҳам омадани имконияти зиндагии осоиштаро ифода мекард. Маҳз дар фазои сулҳу субот мардум тавонистанд неруи худро на ба низоъ, балки ба меҳнат, ободонӣ ва созандагӣ равона созанд. Аз ин ҷиҳат, таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон аҳаммияти бузурги таърихию сиёсӣ дошта, намунаи муҳими ҳалли ихтилофҳо тавассути музокирот ва созиш ба шумор меравад. Дар ин замина, 16 ноябр дар тақвими миллии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ин сана ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Интихоби чунин сана бесабаб нест, зеро 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар рафти он заминаҳои муҳими марҳилаи нави давлатсозӣ гузошта шуданд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санаи тақвимӣ, балки фурсати муҳимми андеша дар бораи таърихи ташаккули давлатдории муосир, нақши ниҳоди президентӣ дар низоми сиёсӣ, масъулияти роҳбарӣ ва аҳаммияти ҳифзи истиқлоли давлатӣ мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи мамлакат назар афканда, сабақҳои таърихиро омӯзем ва арзишҳои сулҳу ваҳдату суботро бештар қадр намоем. Ниҳоди президентӣ дар низоми давлатдории муосир яке аз сохторҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он ба Конститутсия ва қонунгузории кишвар асос меёбад. Дар шароити Тоҷикистон ташаккул ва таҳкими ин ниҳод бо марҳилаҳои муҳими таърихи истиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва рушди низоми идоракунии давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президент имконият медиҳад, ки мо ҳамзамон дар бораи масъулияти роҳбарияти давлат ва шаҳрвандон дар назди қонун, ҷомеа ва ояндаи мамлакат андеша намоем. Дар солҳои минбаъдаи соҳибистиқлолӣ раванди эҳёи давлатдорӣ ва рушди мамлакат тадриҷан вусъат пайдо кард. Барои барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, ташаккули низоми идоракунӣ ва таъмини амнияти миллӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти дохиливу байналмилалӣ, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар рушди инфрасохтори мамлакат нақши муҳим гузошт. Дар ин миён, масъалаи рушди неруи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳаммияти махсус касб намуд. Зеро давлат танҳо бо бунёди иншооти моддӣ пеш намеравад; пояи асосии пешрафти он инсон, дониш, фарҳанг, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии созанда мебошад. Миллате, ки таърихи худро мешиносад, забону фарҳанги хешро эҳтиром мекунад ва ба илму маърифат арҷ мегузорад, метавонад дар баробари таҳаввулоти ҷаҳони муосир мавқеи устувори худро нигоҳ дорад. Дар баробари рушди дохилӣ, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ муносибатҳои худро густариш дода, дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ саҳм мегузорад. Пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон ва иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат замина фароҳам овардааст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими умумибашарӣ равона шудаанд. Дар ин раванд, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои муҳими давлатсозӣ, истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Фаъолияти роҳбарии ӯ бо равандҳои муҳими ташаккули давлатдории муосири тоҷикон пайванди таърихӣ дорад. Ҳамзамон, дастовардҳои кишварро бояд натиҷаи талошҳои роҳбарияти давлат ва заҳмати созандаи тамоми мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Кормандони соҳаҳои гуногун, олимону омӯзгорон, сохтмончиёну кишоварзон, соҳибкорон ва ҷавонон бо меҳнати содиқонаи худ дар пешрафти Ватан саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз дар ҳамин замина бояд моҳияти аслии Рӯзи Президентро дарк намуд. Арҷгузорӣ ба ин сана танҳо таҷлили як рӯйдоди таърихӣ нест, балки эҳтиром ба давлатдорӣ, қонуният, истиқлол ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Он моро ба хулосае мерасонад, ки пойдории давлат на танҳо аз фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, балки аз ҳисси масъулият, худшиносӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд вобаста аст. Имрӯз, ки ҷаҳони муосир бо низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти фаромиллӣ рӯ ба рӯст, аҳаммияти сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ боз ҳам бештар эҳсос мешавад. Барои Тоҷикистон, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳифзи оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувор бояд ҳамеша аз вазифаҳои муҳим боқӣ монад. Таърих моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳ арзишест, ки ба қадри он бояд расид ва барои ҳифзаш масъулияти умумӣ эҳсос намуд. Дар ин замина, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар танҳо ифтихор аз дастовардҳои гузашта нест, балки саҳм гузоштан дар ободии имрӯзу ояндаи Ватан мебошад. Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар муносибати масъулона ба меҳнат, эҳтироми қонун, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ, арҷгузорӣ ба забону фарҳанг, дастгирии ҳамдигар ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои касбӣ зоҳир мегардад. Танҳо дар сурати чунин муносибат метавон арзишҳои истиқлолу ваҳдатро ба мероси пойдори наслҳои оянда табдил дод. Мо, кормандони соҳаи илм, олимону муҳаққиқон ва ҷавонони соҳибмаърифати кишвар, дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда масъулияти махсус дорем. Рушди илм, густариши донишҳои муосир, тарбияи мутахассисони соҳибкасб, ҳифзи мероси илмӣ ва фарҳангӣ ва омода намудани насли нав ба талаботи замон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми мо мебошанд. Зеро иқтидори воқеии ҳар як давлат на танҳо бо захираҳои табиӣ ва иншооти бунёдшуда, балки бо сатҳи дониш, маърифат, тафаккури созанда ва неруи зеҳнии шаҳрвандонаш муайян мегардад. Мо бояд бо фаъолияти самараноки илмӣ, таҳқиқоти бунёдиву амалӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорем. Илм ва маориф бояд ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва заминаи муҳими рушди устувори давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд. Зеро хизмат ба Ватан танҳо дар суханҳои баланд ифода намеёбад, балки дар амалҳои созанда, меҳнати ҳалол, масъулияти касбӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ таҷассум меёбад. Дар маҷмӯъ, таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон таърихи талоши миллат барои ҳифзи давлат, расидан ба сулҳ, барқарорсозии ваҳдат ва бунёди зиндагии осоишта мебошад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, раванди музокироти сулҳ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ аз рӯйдодҳои сарнавиштсозе мебошанд, ки дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон нақши муҳим гузоштаанд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ моро ба омӯзиши ин сабақҳои таърихӣ, эҳтиром ба ниҳодҳои давлатӣ ва дарки масъулияти роҳбариву шаҳрвандӣ раҳнамоӣ мекунад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи мураккаби таърихӣ роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, дар раванди истиқрори сулҳ ва ташаккули давлатдории муосири тоҷикон нақши муҳим гузоштанд. Ҳамзамон, пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлол аз масъулият, ҳамбастагӣ, маърифат ва фаъолияти созандаи тамоми ҷомеа вобаста мебошад. Сулҳ неъмати бебаҳо, ваҳдат рукни устувори давлатдорӣ, истиқлол рамзи озодиву соҳибихтиёрии миллат ва ободии Ватан рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро бори дигар ба қадршиносии ин арзишҳо, ҳифзи дастовардҳои таърихӣ ва саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони мамлакат ҳидоят менамояд. Мо, кормандони соҳаи илм, олимону ходимони илм ва ҷавонони кишвар бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди комил дорем ва аз ин ифтихор менамоем ва бо фаъолияти пурсамари худ барои пешрафт, ободӣ ва рушди минбаъдаи Ватани азизамон саҳми худро мегузорем. Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамеша ободу сарбаланд бошад, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор бимонад ва наслҳои оянда меросбари давлате гарданд, ки бар пояи истиқлол, ваҳдат, дониш, адолат ва созандагӣ рушд менамояд! Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ - МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ

Боиси сарбаландист, ки дар таърихи кишварамон моҳи апрели соли 2016 қонун дар бораи таҷлили Рӯзи президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Таърих гувоҳи он аст, ки санаи 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ҳадафи бузургтарин бобати рӯзи ид муайян кардани санаи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин воқеаи хотирмон, яъне рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Маҳз дар ин рӯз, бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадааст, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир доранд. Дар ин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор давардани нахустин чархаи НБО-и Роғун рост омадааст. Воқеан, Иҷлосия дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, дар таърих мақоми махсусро ишғол менамояд. Ин иҷлосияи тақдирсоз давлату миллати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ташаббуси ин санаи муҳим, дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт. Ҳамаи дастовардҳои назарраси имрӯза бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ дошта, он ҳама дастовардҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадаанд. Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ин боварии мардум ба хизматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат шахси таърихӣ ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ, барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Барои миллати тоҷик дар як давраи ҳассосу нооромиҳо ва парокандагӣ шахси барҷаста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири давлатро ба даст гирифта, дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд. Бояд таъкид намуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст. Мо, бояд аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи таърихи миллат, забони давлатӣ, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем. Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Сарвари ғамхору некбини худ ҷамъ гардем, эҳтиром ба корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир сина сипар созем. Зеро, Сарвари давлатамон барои миллат ва Ватан, баҳри нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге анҷом додаанд. Марду зан, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд бо чашми ростбин, забони ҳақгӯву табъи нуқтасанҷ дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистони азиз бо муттаҳидӣ ҳиссагузор мегарданд. Имрӯз бо эҳсоси ифтихор ва сипосгузорӣ оид ба сиёсати давлатии кишварамон дар самти таҳкими баробарии гендерӣ низ сухан намудан бамаврид аст, зеро маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому рисолати занону бонувон дар ҷомеа бомаром баланд шуда истодааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштирок дар ҳаёти ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, шумораи бонувону духтарон дар мақомоти давлатӣ, соҳаи иқтисодиёт, маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва соҳибкорӣ сол аз сол меафзояд. Қабули барномаҳову стратегияҳои давлатӣ, қарорҳо ва амрҳо, ки ҳадафи муҳим – баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа, қобилияти роҳбарии занон, рушди истеъдодҳо, сайқал додани донишу малакаи илмӣ ва ҷалби бонувон дар раванди идоракунии давлатӣ аз роҳнамоиву дастгирии доимӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат замина мегирад. Ба таҳсил фаро гирифтани ҳазорҳо духтарону бонувони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чӣ дар манотиқи кишвар, чӣ дар хориҷи кишвар, инчунин ҷудо намудани квотаи Президентӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва касбомӯзӣ боиси ифтихор ва миннатдорист. Лозим ба тазаккур аст, ки дастоварди дигари асосӣ ва бузург дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии онон мебошад. Имрӯзҳо барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад. Тоҷикистон ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифт, ки имрӯзу ояндаи миллати моро боз ҳам равшан мегардонад. Маҳз, чунин санаи таърихӣ моро водор менамояд, ки бори дигар ба таърихи халқи худ назар афканем, то ки ба қадри сулҳу субот ва оромию осоиштагии имрўза бирасем. Албатта, сулҳу оромии имрўзаи мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин ҷода саҳми шахсиятҳои бузурги миллат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Азму талошҳои ин марди бузург буд, ки халқи тоҷик аз ҳаёти пурмашаққат ба зиндагии осоишта баромад. Имрўзҳо аҳли кишвар дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлати тозаистиқлоли худро мустаҳкам карда, бо амалисозии ниёзу армонҳои худ дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва бо як ҷаҳон шукргузориву ифтихор кору фаъолият мебаранд. Истиқлол барои ҳаёти мардуми кишвари мо нақши муҳимеро дорост ва онро метавон эҳёи дубораи давлати бузурги тоҷик номид. Дар лаҳзаҳои мушкилтарини ҳаёти халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлати соҳибистиқлол тамоми масъулиятро ба зиммаи хеш гирифта, сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагии тоҷиконро имконпазир намуданд. Ба шарофати Пешвои миллат мушкилоти ба сари мардуми кишвар омада бартараф гардид, ҳазорон-ҳазор гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, ҳаёти осоишта барқарор шуд ва корҳои ободонӣ ҷараён дорад. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки Пешвои миллат бо нерўю ғайрат, муҳаббат ва садоқат сулҳу ваҳдати миллиро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатдории тоҷикон роҳандозӣ мекунанд. Ҳастии кишварамон ба ҳайси давлати алоҳидаи мустақил баъди ба даст овардани истиқлолият бо ин шахсият, фарзанди фарзонаи миллат пайванди абадӣ касб намудааст. Дар тўли 35 соли Истиқлолият бисёр мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф ва таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ба амал бароварда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардошт. Мо - мардуми тоҷик, аз љумла шахсони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро ҷонибдорӣ менамоем. Ҳар як нафари саодатманди ин сарзамини хуршедиро месазад, ки аз чунин роҳбару Пешвои халқпарвар ифтихор намуда, дар амалигардонии дастурҳои созанда дар роҳи рушди кишвар ва ҳифзи Истиқлолияту ваҳдати миллӣ муҳофизи арзишҳои миллӣ бошад. Бошад, ки Сарвари кишварамон чун ҳамешагӣ ифтихори миллат бошанд! Давлату миллати сарбаландамон пойдор ва парчами мо парафшон бошад! Обидова М. Р. – н.и.и., котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ХАТСАЙРИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОН АЗ БИНОИ НАВИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ДИДАН НАМУДАНД

Дар доираи хатсайри илмӣ – маърифатӣ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуда, бо шароити муосири корӣ, имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фаъолияти муассиса аз наздик шинос гардиданд. Зимни боздид қайд гардид, ки бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии мамлакат ба рушди илму маориф бунёд гардида, барои фаъолияти пурсамари олимону муҳаққиқон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Ёдовар мешавем, ки 9 июни соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Таъкид гардид, ки бунёди бинои нави институт ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурии илмӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти бунёдиву амалӣ ва рушди илмҳои иқтисодиву демографӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни шиносоӣ олимону муҳаққиқон аз ҳуҷраҳои корӣ, бахшҳои илмӣ ва дигар иншооти бинои нав боздид намуда, бо имкониятҳои фароҳамгардида барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳлили масъалаҳои иқтисодӣ ва демографӣ, инчунин фаъолияти кормандони муассиса шинос шуданд. Зикр гардид, ки Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омӯзиши масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ, таҳқиқи равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳлили вазъи демографӣ, омӯзиши бозори меҳнат, муҳоҷирати аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таҳияи пешниҳодҳои илмӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори кишвар нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии равандҳои иқтисодӣ ва демографӣ, рушди технологияҳои муосир ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва демография беш аз пеш меафзояд. Дар ин замина, фароҳам овардани шароити муосири корӣ барои олимону муҳаққиқон имкон медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши масъалаҳои мубрами иқтисоди миллӣ, таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, пешгӯии равандҳои демографӣ ва таҳияи тавсияҳои илмии асоснок боз ҳам тақвият дода шаванд. Қайд гардид, ки бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат ва иқдомҳои пайгиронаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар солҳои охир ҷиҳати навсозии инфрасохтори илмӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти муассисаҳои таҳқиқотӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир ва таҳкими заминаи моддиву техникии институтҳо тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.. Ҳамчунин, зикр шуд, ки рушди таҳқиқоти иқтисодиву демографӣ дар шароити имрӯза барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ аҳаммияти махсус дорад. Таъкид гардид, ки олимону муҳаққиқони институт бояд бо истифода аз шароити фароҳамгардида ба таҳқиқи масъалаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, таҳияи пешниҳодҳои илмии амалӣ, омӯзиши равандҳои демографӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар равона намоянд.

1 / 9

МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ОМИЛИ ТАЪМИНИ СУБОТИ ҶОМЕА

Терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи хатарҳои бузургтарини ҷаҳони муосир ба шумор рафта, дар шароити рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ хусусияти мураккаб ва фаромиллӣ касб намудаанд. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба амнияти давлатҳо ва суботи сиёсӣ, балки ба ҳаёти осоиштаи инсон, рушди иқтисодӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ таҳдид мекунанд. Терроризм сарҳадҳои ҷуғрофиро эътироф намекунад ва оқибатҳои он метавонад ба кишварҳо, миллатҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Дар шароити имрӯза терроризмро наметавон танҳо ҳамчун амали зӯроваронаи гурӯҳҳои алоҳида арзёбӣ намуд. Он падидаи мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ буда, решаҳои пайдоишаш ба омилҳои гуногун, аз ҷумла низоъҳои сиёсӣ, ноустувории иқтисодӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифат, бӯҳронҳои арзишӣ ва таъсири таблиғоти ифротӣ алоқаманд мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз вазъи душвори иҷтимоӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва эҳсосоти осебпазири баъзе шахсон кӯшиш мекунанд ғояҳои зӯроварона ва зиддиинсониро паҳн намоянд. Яке аз хусусиятҳои ташвишовари терроризми муосир истифодаи васеи фазои иттилоотӣ барои таблиғи ақидаҳои ифротӣ мебошад. Рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои васеи дастрасӣ ба иттилоотро фароҳам овардааст, аммо дар баробари ин, барои паҳн гардидани маълумоти бардурӯғ, барангехтани кинаву адоват ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ шароит ба вуҷуд овардааст. Дар чунин вазъият саводи рақамӣ, тафаккури интиқодӣ ва қобилияти дуруст арзёбӣ намудани иттилоот аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҳар як шаҳрванд бояд пеш аз қабул ва паҳн намудани маълумоти интернетӣ ба дурустӣ, манбаъ ва ҳадафи он диққат диҳад. Мушкилоти дигари муҳим таъсири манфии терроризм ба иқтисодиёти давлатҳо мебошад. Ноустувории сиёсӣ ва таҳдидҳои террористӣ метавонанд боиси коҳиш ёфтани сармоягузорӣ, маҳдуд гардидани фаъолияти соҳибкорӣ, паст шудани ҷараёни сайёҳӣ, афзоиши хароҷоти давлатӣ барои таъмини амният ва суст шудани рушди инфрасохтор гарданд. Дар чунин шароит имкониятҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ маҳдуд мешаванд. Аз ин рӯ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ яке аз шартҳои муҳимми рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Терроризм, пеш аз ҳама, ба арзишҳои инсондӯстӣ, ҳуқуқ ба ҳаёт ва озодии инсон мухолиф мебошад. Қурбониёни амалҳои террористӣ танҳо шахсони бевосита осебдида нестанд, балки оилаҳо, наздикон ва тамоми ҷомеа аз оқибатҳои вазнини чунин ҳодисаҳо ранҷ мебаранд. Тарсу ҳарос, осеби равонӣ, аз даст додани наздикон ва коҳиш ёфтани эҳсоси амният метавонанд дар ҳаёти одамон таъсири дарозмуддат гузоранд. Аз ин лиҳоз, мубориза бо терроризм бояд ҳамзамон ҳифзи ҳаёт, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари худ қарор диҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ дар канор буда наметавонад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби геополитикии минтақа, хусусияти фаромиллии ҷиноятҳои террористӣ ва зарурати ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии чунин зуҳурот яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар ин самт ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байниидоравӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Дар муқовимат ба терроризм нақши ҷавонон ниҳоят муҳим аст. Ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ, касбият ва мавқеи шаҳрвандии онҳо вобастагии калон дорад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо маҳз камтаҷрибагӣ, надоштани ҷаҳонбинии васеъ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва таъсирпазирӣ аз иттилооти бардурӯғ метавонад ҷавононро ба ғояҳои ифротӣ наздик созад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми арзишҳои инсонӣ ва ташаккули тафаккури мустақил таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Дар баробари ин, таъмини шуғли ҷавонон, рушди соҳибкорӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди шахсият аз омилҳои муҳимми пешгирии ифротгароӣ ба шумор мераванд. Вақте инсон имконияти татбиқи қобилиятҳои худро пайдо мекунад, соҳиби касб ва ҷойи кор мегардад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи муайян дорад, заминаҳои таъсирпазирии ӯ аз ғояҳои зӯроварона коҳиш меёбанд. Дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, олимон, ходимони динӣ ва воситаҳои ахбори омма низ назаррас мебошад. Оила ҳамчун ниҳоди аввалини тарбия бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии солим, эҳтироми дигарон ва масъулияти шаҳрвандии фарзандон саҳми муносиб гузорад. Муассисаҳои таълимӣ бошанд, дар баробари додани дониш, бояд қобилияти таҳлил, андешаи мустақил ва фарҳанги муколамаро дар байни хонандагону донишҷӯён ташаккул диҳанд. Воситаҳои ахбори омма низ вазифадоранд, ки бо пешниҳоди иттилооти саҳеҳ, таҳлилҳои воқеъбинона ва маводи маърифатӣ ба баланд бардоштани ҳушёрии ҷамъиятӣ мусоидат намоянд. Бояд махсус таъкид намуд, ки мубориза бо терроризм набояд бо муқобилгузории динҳо, миллатҳо, забонҳо ва фарҳангҳо омехта карда шавад. Терроризм ва ифротгароӣ ифодаи манфиатҳои гурӯҳҳои муайян буда, онҳоро набояд ба эътиқод ва фарҳанги ягон миллат ё дин нисбат дод. Ҳамзистии осоишта, эҳтироми гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ аз муҳимтарин заминаҳои муқовимат ба ғояҳои ифротӣ мебошанд. Ҳар гуна кӯшиши барангехтани кинаву адоват дар байни мардум бар хилофи манфиатҳои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа мебошад. Муборизаи самаранок бо терроризм муносибати маҷмуӣ, пайваста ва дарозмуддатро талаб менамояд. Танҳо чораҳои қудратӣ барои бартараф намудани ин падида кофӣ нестанд. Дар баробари фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зарур аст, ки сабабҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва идеологии ба густариши ифротгароӣ мусоидаткунанда низ коҳиш дода шаванд. Тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди маорифу илм, дастгирии оилаҳои осебпазир ва ташаккули фарҳанги сулҳ бояд ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирикунанда арзёбӣ гарданд. Дар замони муосир ҳифзи сулҳу субот танҳо вазифаи давлат ва сохторҳои дахлдор набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад. Ҳар як инсон бо муносибати масъулона ба иттилоот, эҳтироми қонун, тарбияи насли наврас, таҳаммулпазирӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ метавонад дар пешгирии зуҳуроти номатлуб нақши муҳим гузорад. Ҷомеае, ки дар он дониш, маърифат, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон арзишҳои асосӣ мебошанд, нисбат ба таъсири ғояҳои зӯроварона устувортар хоҳад буд. Сулҳу амният шарти асосии пешрафти ҳар як давлат ва саодати ҳар як миллат мебошад. Ҳифзи ин арзишҳо, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифат ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд вазифаи умумии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамкории созанда метавон ҷомеаи пешрафтаву амн бунёд намуд ва барои наслҳои оянда ояндаи дурахшонро таъмин кард. Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо ҳам ба маврид қайд кардаанд, ки «Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад». Яке аз омилҳои муҳиме, ки насли наврасу ҷавонро то ба ифротгароиву терроризм бурда мерасонад, ин хурофотпарастӣ ва мафкураи хурофотӣ мебошад ва ягона силоҳи мубориза бо ҳурофот ин илму дониш ва маърифату фарҳанг аст. Бо дарки ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат санаи 28 декабри соли 2023 дар Паёми солонаашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷойи онро фарҳангӣ бегона мегирад». Тазаккур бояд дод, ки дар синни ҷавонӣ ҳар як инсон дар рӯбарӯи интихобҳои тақдирсоз қарор мегирад ва ояндаи ӯ аз дурустии ҳамин роҳ вобастагӣ дорад. Дар ин масир ҷавонон бештар ба дастгирӣ ва маслиҳати дурусту роҳнамоии инсонҳои дурандеш ниёз доранд. Ин ҳолат тақозо менамояд, ки падару модар, устодон ва аҳли ҷомеа ба рафтору кирдори наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, баҳри камолоти маънавии онҳо саъю талош варзанд, то ки ба доми фиреби равияҳои тундгаро ва ифротии динӣ мувоҷеҳ нашаванд. Агар дар тарбияи ҷавонон саҳлангорӣ намоем, оқибат ба коми заҳоксириштон афтида, ахлоқу рафтор, гуфтору муносибати онҳо пурра тағйир ёфта, оқибат ифротӣ мешаванд. Мусаллам аст, ки ҳар қадар дар ҷомеа дониши ҷавонон коста шавад, ҳамон қадар тасаввурпардозӣ, хаёлгароӣ ва ақибмондагӣ ба назар мерасад. Таъсири омилҳои болозикр ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, моликияти зеҳнӣ ва ташаккулёбии давлатдорӣ таъсири бад мерасонад. Дар ҷомеае, ки ҳурофот реша медавонад, гуруҳҳои муайяни манфиатхоҳ зуд ҷои по пайдо мекунанд, зеро фосила миёни ҳурофотпарастӣ ва андешаи ифротӣ, яъне экстремизм як ваҷаб аст. Гуруҳҳои ифротию террористӣ афроди ноогоҳро ҳамчун аслиҳа ва ё дастак ба муқобили давлату миллати худ истифода мебаранд. Дар фазои имрӯзаи ҷаҳонӣ, кишварҳои пешрафта барои касби дастовардҳои технологӣ ҷаҳду талошҳои беандоза мекунанд, ки дар маҷмуъ барои ҳадафгузории миллӣ ин амри сутуданист. Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи ҷавонон вобаста аст. Набояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик гарданд, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошанд. Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Ватани азизу соҳибистиқлоли мо мебошад. Муҳимтарин омили худшиносии ҷавонон рӯ овардан ба таърихи миллат, омӯзиш ва донистани адабиёти пурғановати тоҷик, огаҳии комил аз фаъолияти илмӣ ва кашшофии фарзонафарзандони донишманди гузаштаи миллат, ки тавонистанд дар поягузорӣ ва рушди илмҳои башарӣ нақши бориз гузоштаанд, маҳсуб мешавад. Баҳри камолоти маънавии мардум аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои судманд рӯйи даст гирифта шуд, ки садсолаҳо дар сафҳоти таърих бо ҳарфҳои зарҳалин сабт мешаванд. Роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ-маърифатии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи ташаббусҳои ниҳоят бамаврид ва ҳуввиятсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамин мақсадҳои неку дурбинонаи Сарвари давлатро ифода мекунанд. Се озмуни ҷумҳуриявие, ки аз тарафи Пешвои миллат пешниҳоду ташкил гардид, дар самти баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ ва рӯ овардани онҳо ба китобу китобхонӣ, илмҳои дақиқу риёзӣ, табиатшиносӣ, фарҳангу ҳунар бо пешбинии мукофотҳои калони пулӣ мусоидат намуда истодааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, тарғиби солимиву тавонмандӣ, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа саҳми хеле назаррас гузоштанд. Бо ҳидоятҳои созандаву ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мамлакат минбаъд низ дар дунёи мутамаддин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон, ҳифзи асолати таърихи ҳазорсола, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон қадамҳои устувор мегузоранд. Иродаи сиёсии Тоҷикистон ин иродаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имрӯз ҷавонони мо чунин иродаи қавиву тавоно ва наҷотбахши миллатро ҳамвора дастгирӣ ва аз он пайравӣ менамоянд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, хуруҷи ифротгароӣ, таъсири равандҳои геопалетикӣ моро водор месозад, ки бо ҳисси ифтихори ватандорӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дастаҷамъона баҳри ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, чун истиқлолияту ваҳдати сар то сарӣ мардонавор истодагарӣ намоем. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, имрӯзҳо вазъияти мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои минтақа возеҳ нишон медиҳад, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, то ҳол мехоҳанд, ки фаъолияти таҳрибкоронаи худро дар давлати мо густариш дода, ба амнияту оромии кишвар халал ворид намоянд. Таъмини амният, сарҷамъии миллат, расидан ба зиндагии осоишта кори саҳлу сода набуд, ки ин рисолати бузургро Пешвои муаззами миллат баҳри мардум таъмин кард. Пешгирӣ аз амалҳои ношоиста, ки доғ ба миллату давлат меорад, кори дастаҷамъона буда, тақозо менамояд, ки тамоми қишри ҷомеа дар ин амри хайр саҳмгузор бошанд. Арҷгузоштан ба хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, расидан ба қадри истиқлолу Ваҳдат, пос доштани арзишҳои миллӣ ва самимияту садоқат ба ин сарзамин ҳар фарди бедордили Ватанро ба он водор месозад, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар бо масъулияти баланди ватандорӣ хизмат намоянд. Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода - н.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон