ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЕФСР 2026 ДАР ШАҲРИ ОСТОНА
Имрӯз 29 октябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфренсияи байналмилалии Фонди устуворӣ ва рушди Евразия (ЕФСР) таҳти унвони «Дар роҳ ба сӯи рушди мувозинати иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ мудири шуъбаи бозори молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), доктори илмҳои иқтисод, профессор Баҳром Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияи мазкур олимон, коршиносони варзидаи байналмилалӣ, роҳбарону намояндагони сохторҳои молиявӣ ва Бонки марказии кишварҳои минтақаро ҷамъ оварда, масъалаҳои муҳими устувории иқтисодӣ, афзалиятҳои сиёсати макроиқтисодӣ, равандҳои демографӣ ва рушди бозори меҳнатро баррасӣ кард. Профессор Баҳром Шарифзода дар чорабинӣ таҳти унвони «Рушде, ки ҷойҳои корӣ меофарад ва ҷойҳои коре, ки рушди иқтисодиро таъмин мекунанд» баромад намуданд. Дар сессияи мазкур масъалаҳои марбут ба ташкили ҷойҳои кории баландмаҳсул дар кишварҳои минтақаи Евразия, рафъи номувозинати сохторӣ дар бозори меҳнат, инчунин таҳкими саҳми бахши хусусии расмӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Иштироки фаъолонаи олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ шаҳодати саҳми арзандаи мактаби илмии ватанӣ дар таҳқиқи мушкилоти муосири иқтисодӣ, таҳлили бозори меҳнат ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа мебошад.
Муфассалтар





