
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ – ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи таҳкими сулҳ ва бунёди эътимод барои наслҳои оянда дастоварди муҳими дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият бахшид. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, таҳкими сулҳ ва эътимоди байни давлатҳо аҳамияти бештар касб кардааст. Қабули Даҳсолаи таҳкими сулҳ аз ҷониби СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории созанда, муколама ва пешгирии низоъҳо ҳидоят менамояд. Тоҷикистон, ки худ таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, бо роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ ба рушди устувор расид, имрӯз таҷрибаи худро барои таҳкими сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки заминаи асосии рушд, субот ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои густариши фарҳанги сулҳпарварӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Дар татбиқи ҳадафҳои он саҳми ҳар як давлат, созмон ва шаҳрванд муҳим мебошад. Қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя намуда, пеш аз ҳама иродаи «Наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг»-ро дар меҳвари худ қарор медиҳад. Ҳамзамон, аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ барои тарғиби сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва пешгирии хушунат таъкид шудааст. Ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» фарогири самтҳои муҳими рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Аз ҷумла: таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ; пешгирии низоъҳо тавассути муколама, дипломатия ва мусолиҳа; рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ; густариши ҳамкории байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти глобалӣ; ҷалби ҷавонон, занон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои сулҳофаринӣ; таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо; ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои байналмилалӣ; мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии осоишта барои ҳамаи мардум. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим, инчунин, ҳамчун пешбарандаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ низ эътироф гардидааст. Ин дастовард масъулияти моро барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар боз ҳам бештар менамояд. Сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ метавон ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаро барои наслҳои имрӯзу фардо таъмин кард. Муовини директор оид ба корҳои илм ва таълим, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р.
Муфассалтар




