
ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!
«Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд» Эмомалӣ Раҳмон Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми май ҳамчун Рӯзи Ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз баёнгари нақши созанда ва муҳим доштани ҷавонон дар рушди ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Ҷавонон неруи бузурги пешбарандаи ҳар як кишвар маҳсуб мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд:“Мо ҷавононро бояд тавре тарбия карда, ба камол расонем, ки онҳо фардо тавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, боз ҳам пешрафта гардонанд ва миллату давлати худро ба аҳли башар ба таври шоиста муаррифӣ намоянд”. Сарвари давлат дар тамоми суханрониҳояшон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун такягоҳи давлат ва кафили ояндаи дурахшон арзёбӣ мекунанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, варзиш, технология, кишоварзӣ ва саноат фаъолона саҳм мегузоранд. Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад, ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити созанда ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ намудан душвор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Дар сиёсати пешгирифтаи ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон мавқеи муҳим дошта, роҳбарияти олии кишвар ба Шумо эътимоди бузург дорад. Ҳукумати мамлакат дар амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҷавонони бонангу номус ва соҳибкасбу донишманд такя менамояд. Дар ҷавоб ба ин бовариҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ҷавононро мебояд, ки дар роҳи аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва омӯхтани касбҳои нав боз ҳам фаъолтар бошанд. Дар Љумњурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Барномаҳои давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилият ва таъмин намудани шароити мусоиди зиндагии ҷавонон равона шудаанд. Дастгирии ҷавонони боистеъдод, фароҳам овардани имконият барои таҳсил ва ҷалби онҳо ба фаъолияти ҷамъиятӣ, яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ин ҳама нишон медиҳад ки ҷавонон дар сиёсати давлатӣ мавқеи муҳим доранд. Ҳар сол санаи 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар тамоми кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд, аз ҷумла, барномаҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо, конфронсҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ. Ин чорабиниҳо натанҳо барои фароғат, балки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолиятнокии ҷавонон хизмат мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хеле муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Ҷавонони мо ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд. Шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ менамоянд. Зеро дар дунё ҳастанд давлату ҷомеаҳое, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале, мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора - пора шуда истодаанд. Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ҳамаи соҳаҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ ҳастанд. Ҷавонон қишри асосиву муҳими ҷомеа, насли ояндасози Ватан ва пояи устувори давлат ба ҳисоб мераванд. Онҳо идомадиҳандаи кору пайкори ниёгон, эҳёгару посдори суннату анъанаҳои гузашта ҳастанд. Маҳз ин табақаи аҳолӣ метавонад сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро идома дода, устувориву пойдории миллату давлатро нигоҳ дорад. Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад. Кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори Маҷлиси Олӣ аз 22 майи соли 1998, ки 23-май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардидааст. Дар шароити рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ барои дилхоҳ давлатҳо масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад, зеро барои давлатҳо дар вазъи кунунии ҷаҳон бисёр муҳим аст, ки омилҳои заминасози истиқлоли давлатии худро тақвият бахшанд ва имконоти мавҷудаи табиӣ ва инсониро барои рушди он васеъ истифода намоянд. Аз ин ҷо, ҳар як миллат ояндаи худро дар симои ҷавонони ҳушёру болаёқат ва ояндасоз дида метавонад. Ҷавонон сутуни устувори ҷомеаанд, зеро ҳалқаи пайванди наслҳои башар маҳсуб меёбанд. Дар замони истиқлолият ҷавонони мо аз ин ҳолат истисно нестанд. Пас мо ҷавононро мебояд, дар баробари омӯхтани илму дониш, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии мамлакатро дар дилу дидаи худ ва ҳамсолонамон ҷой диҳем. Вақти он расидааст, ки тамоми қувваю неруи зеҳнии худамонро баҳри созандагиву ободкорӣ ва фароҳам овардани муҳити солим дар ҷомеа равона намуда, талош намоем, ки Тоҷикистон дар баробари кишварҳои номдори ҷаҳон қарор гирад. Танҳо дар ин самт ҷавонони оқилу донишманду дурандеш ќодир њастанд, ки дар амалӣ шудани ин ҳадафҳои наҷиб саҳми арзандаи худро гузоранд. Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир ањаҳмияти хоса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст, донад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қимат донад ва дар умум, худшиносу худогоҳ бошад. Шоир Ниҳонӣ низ дар ин маврид барҳақ фармудаанд: Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда, Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда. Ба илму бо амал дар зиндагонӣ оқилу доно, Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда. Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда, Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда. Ҷаҳони хешро созанд дар даврони озодӣ, Ватан гардад диёри файзу сулҳу амну ободӣ. Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович
Муфассалтар





