
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: АФЗАЛИЯТҲО ВА ДУРНАМОИ РУШД
Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, кишвар ба ташаккули мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ оғоз кард. Бо роҳнамоии Эъломияи Манила оид ба сайёҳии ҷаҳонӣ (1980), Эъломияи Гаага оид ба сайёҳӣ (1989), як қатор шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари байналмилалӣ давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 23 декабри соли 1993 дар шаҳри Ашқобод Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро ба имзо расониданд. Созишномаи мазкур аз 13 модда иборат буда, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро муайян менамуд. Дар Тоҷикистон санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии фаъолияти сайёҳӣ, инчунин қоидаҳои ягонаи фаъолияти сайёҳиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ муайян мекард, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999, №824 «Дар бораи сайёҳи» гардид. Қонуни мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999, №825 мавриди амал қарор дода шуд. Корхонаи воҳиди давлатии сайёҳии «Сайёҳ» дар давраи солҳои 2001-2006 ҳамчун ташкилоти тиҷоратии ҷумҳуриявӣ, ки фаъолияти худро дар асоси Созишномаи дуҷониба бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамуд, фаъолият мекард. Соли 2007 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар таҳкими минбаъдаи институтсионалии соҳаи мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши махсус дорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2018 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки айни замон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар ин самт фаъолият менамояд. Ин иқдом аҳаммияти стратегии соҳаи сайёҳиро барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бозгӯ менамояд. Бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи сайёҳӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2019–2029”-ро қабул намуд. Яке аз марҳилаҳои муҳим дар рушди бахши сайёҳӣ қабули “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба ҳисоб меравад. Дар айни замон, сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисоди миллӣ табдил ёфта истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва олимони ҷумҳурӣ ба рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди дурнамои иқтисоди Тоҷикистон аҳаммияти калон медиҳанд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳими рушди сайёҳӣ таъкид гардида, чунин пешниҳод шудааст: «…эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои дарки аҳамияти ин соҳа дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид ва шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 аз Тоҷикистон боздид намуданд, нисбат ба соли 2017 2,5 баробар зиёд гардид. Аммо барои пурра амалӣ намудани ҳадафҳои пешбинишуда як сол кифоя нест. Бо мақсади суръат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот 26 декабри соли 2019 пешниҳод гардид, ки ташаббуси мазкур идома дода шуда, солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд» Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 чунин таъкид шудааст: «…Дар ин давра барои хизматрасонӣ ба онҳо зиёда аз 600 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Хотиррасон менамоям, ки бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузориҳои хориҷӣ Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвар низоми якҷонибаи бидуни раводидро ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки аз ин раванд самаранок истифода бурда шавад. Ҳамчунин, бо ҳамин мақсад барои шаҳрвандони 126 кишвар пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ карда шудааст». Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёми соли 2024 низ чунин таъкид намуданд: “…Дар солҳои 2018–2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ карда шуд. Ғайр аз ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ таъсис дода шуд… Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад». Пеш аз ҳама, бояд ба як нуқтаи хеле муҳим, яъне иқтидори нодири сайёҳии кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз ҷумла таъкид шудааст, ки: «…мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳои бемисл, ҳайвоноту набототи нодир, инчунин кӯҳҳои баланд шароити муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши саҳми ин соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар мебошанд». Қабули сайёҳон дар ҳудуди кишвар барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаккули сохтори хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ба даст овардани даромади назаррас барои бахши хусусӣ ва давлатӣ аз ҳисоби фурӯши молу хизматрасониҳо, инчунин андозу пардохтҳои вобаста ба фаъолияти сайёҳӣ мусоидат менамояд. Барои бисёр кишварҳо соҳаи сайёҳӣ ба яке аз сарчашмаҳои муҳими воридшавии асъори хориҷӣ табдил ёфта, дар натиҷа дар тақсимоти байналмилалӣ ва дохилии меҳнат мавқеи махсусро ишғол менамояд. Илова бар ин, иқтисодиёти устувор кафили боэътимоди рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ мебошад. Шумораи сайёҳоне, ки ҳамасола ба кишвар ташриф меоранд, воқеан сол ба сол афзоиш ёфта, ба рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузорад. Ин равандро маълумоти омории пешниҳодшуда низ тасдиқ менамояд. Тибқи омори расмӣ, аз соли 1996 то 2025 шумораи сайёҳон аз 700 нафар то 1 миллиону 784 ҳазор 400 нафар афзоиш ёфт ва ҳаҷми умумии хароҷоти сайёҳони вурудӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ аз 892 миллион доллар гузашт. Соли 2025 саҳми умумии рушди сайёҳӣ вурудӣ ба ММД-и кишвар 5,6 %-ро ташкил дод, ки ин аз самаранокии баланди соҳа шаҳодат медиҳад. Моҳияти самти афзалиятноки рушди иқтисодиёт эълон намудани соҳаи сайёҳӣ дар он ифода меёбад, ки он яке аз самтҳои самараноки сармоягузории маблағҳо ба ҳисоб рафта, метавонад дар муҳлати кӯтоҳ натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ба даст оварад. Ҳамин тавр, рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон на танҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ворид намудани асъори хориҷӣ, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Маълумоти оморӣ шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ дар соли 2025 зиёда аз 367 корхонаи соҳаи сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии корхонаҳои ба қайд гирифташуда 225 адад меҳмонхона, 61 адад мотел ва хостел, 56 адад осоишгоҳ, 4 адад лагери солимгардонӣ, 6 адад маркази табобатӣ, 10 адад хонаи истироҳатӣ, 1 адад пансионат ва 4 адад пойгоҳи сайёҳӣ мебошанд. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 31 ширкат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 93 ширкат дар шаҳри Душанбе, 42 ширкат дар вилояти Суғд, 15 ширкат дар вилояти Хатлон ва 10 ширкат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Барои ташаккул додани соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳамчунин расму оини мардуми тоҷик маҷмӯи чорабиниҳое амалӣ карда шаванд, ки ба ташкили соҳаи сердаромади сайёҳӣ равона гардидаанд. Ҳар як қадам дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ бояд аз ҷиҳати илмӣ таҳия ва аз ҷиҳати назариявӣ асоснок карда шавад. Мо чунин мешуморем, ки пеш аз ҳама зарур аст, ки асосноккунии илмии ташаккул ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ таҳия карда шавад. Аз ҷумла, захираҳои сайёҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ муайян ва шиносномадор карда шуда, инчунин ҳаҷми қобили қабули сарбории рекреатсионӣ ба онҳо муайян карда шавад. Ҳамзамон, чорабиниҳо оид ба маркетинги хизматрасониҳои сайёҳӣ, курортӣ, меҳмонхонагӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ таҳия карда шаванд. Пешниҳод менамоем, ки низоми ягонаи давлатии стандартизатсия ва сертификатсияи молу хизматрасониҳои сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин зарур аст, ки стандарти ягонаи таснифотии талабот ва тарифҳо барои соҳаи сайёҳӣ таҳия карда шавад. Ташаккули соҳаҳои нави иқтисодиётро бояд ҳамчун қонунияти пешрафтае дарк намуд, ки бо рушд ва васеъ гардидани сохтори иқтисодиёт алоқаманд мебошад. Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ зарурати рушди сайёҳӣ ҳам аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ тақозо менамояд, ки фаъолияти ин соҳа дар шакли соҳавӣ ташкил ва идора карда шавад. Афзоиши шумораи сайёҳони вурудӣ ба маънои зиёд шудани ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои бо он алоқаманд мебошад, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум замина фароҳам меорад. Барои ба таври назаррас афзоиш додани ҷараёни сайёҳӣ ба Тоҷикистон «ҷаҳиши стратегӣ» зарур аст: 1. Ин метавонад бо ташаккули бренди миллии сайёҳӣ алоқаманд бошад. Зеро, барои Тоҷикистон бренди ғайриоддӣ метавонад телескопи расадхонаҳои баландкӯҳ ва рушди сайёҳии астрономӣ ҳамчун самти асосии алтернативӣ гардад. Барои рушди сайёҳии астрономӣ баргузории Конгресси умумиҷаҳонии астрономӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад, агар ташаббуси ташкили онро Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ЮНЕСКО ва ташкилотҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, тиҷорат, сайёҳӣ ва варзиш ба зимма гиранд. Баргузории чунин конгресс метавонад оғози таъсиси Фонди байналмилалии рушди сайёҳии астрономӣ гардад. Вобаста ба ин «…Физики покистонӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика Абдус Салом дар бораи ин пойгоҳ чунин изҳори назар карда буд: «Лабораторияи Помир оид ба нурҳои кайҳонӣ пойгоҳи нодир ва ивазнашаванда барои физикони тамоми ҷаҳон мебошад. Он ҳамаи сарҳадҳои сиёсӣ ва миллиро аз байн бурдааст ва бояд ҳамчун ёдгории маърифатнокии мардуми тоҷик ҳифз карда шавад…». 2. То имрӯз ҳаҷми хеле зиёди иттилооти илмӣ оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти “Роҳи бузурги Абрешим” ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамзамон, хусусиятҳои сайёҳии ин роҳ дар амал татбиқ шуда, ширкатҳои сайёҳӣ имрӯзҳо намудҳои гуногуни сайёҳатро аз рӯйи хатсайрҳои сершумори он пешниҳод менамоянд. Фарзияе вуҷуд дорад, ки таърихи ин роҳ ба умқи даврони қадим, яъне ба ҳазораи III–II то милод мерасад. То пайдо шудани ба истилоҳ “Роҳи абрешим” роҳҳои дигаре вуҷуд доштанд, ки бевосита бо Тоҷикистон алоқаманд буданд. Яке аз онҳо “Роҳи Лоҷувар” буд, ки бо истихроҷи санги лоҷувард дар кӯҳҳои Бадахшон ва интиқоли он ба дарборҳои шоҳони минтақаи байни дарёҳои Даҷла ва Фурот, Миср ва Ҳиндустон дар ҳазораҳои III–II то милод алоқаманд буд. Дар ҳазорсолаи I то милод “Роҳи Лоҷувар” инчунин ба самти Шарқ - ба Чин - равона гардид. Барои эҳёи “Роҳи Лоҷувар” заминаҳои кофӣ мавҷуданд ва ин роҳ метавонад ба яке аз самтҳои алтернативии рушди сайёҳӣ табдил ёбад. Ин роҳ Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро бо ҳам мепайвандад. Ин хатсайрро метавон дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ташкил намуд, бо дарназардошти он ки Ҳиндустон ва Покистон узви СҲШ мебошанд. Хатсайри байналмилалии сайёҳӣ аз Тоҷикистон то Ҳиндустон бо масофаи 129 км (аз ҳудуди Афғонистон — 35 км ва Покистон — 65 км) таҳти унвони ТАПҲ (Роҳи қадимаи Лоҷувар) метавонад ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ истифода шавад. 3. Яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ сайёҳии байналмилалии шикорӣ ба ҳисоб меравад. Туроператорҳо бастаҳои махсуси сайёҳиро пешниҳод мекунанд, ки арзиши як иҷозатнома барои шикори бузи пармашох аз 50 то 60 ҳазор доллари ИМА ва барои шикори гӯсфанди кӯҳии «Марко Поло» аз 10 то 15 ҳазор доллари ИМА мебошад. Инчунин, дар заминаи мамнӯъгоҳҳои ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз ва Мурғоб дар доираи фаъолияти хоҷагиҳои шикорӣ, имкониятҳои рушди сайёҳии кӯҳӣ дар якҷоягӣ бо шикор мавҷуданд. 4. Пиряхҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз ҷиҳати илмӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зиёд доранд. ВМКБ яке аз минтақаҳои бузурги ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки бо пиряхҳои азим ва маркази муҳими пиряхшиносии муосири кӯҳӣ фарқ мекунад. Пиряхҳо на танҳо захираи муҳими об ба ҳисоб мераванд, балки ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи манзараҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳи сайёҳон ва варзишгарони намудҳои кӯҳӣ ва обии варзишро низ ба худ ҷалб менамоянд. Таъмини шароити мусоид ва сохтмони роҳҳои симдор (канатӣ) дар минтақаҳои пиряхии Бадахшон метавонад барои интиқоли сайёҳон ба ҳавзаҳои пиряхҳо мусоидат намояд. Дар ин мавзеъҳо сайёҳон метавонанд аз манзараҳои ғайриоддӣ ва нотакрори баландкӯҳҳои пиряхии Бадахшон баҳра баранд. Истифодаи оқилонаи захираҳои рекреатсионӣ ҳамзамон масъалаи таъсиси «Боғи пиряхӣ»-ро дар ВМКБ ба миён мегузорад. Он аз мамнӯъгоҳҳо бо он фарқ хоҳад кард, ки вазифаи он танҳо ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот набуда, балки шинос намудани одамон бо муҳити табиӣ, тарбия намудани муҳаббат ба табиат, омӯзонидани қонунҳои табиат ва хусусиятҳои рушди он мебошад. Таҷрибаи таъсиси боғҳои пиряхӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада ҳанӯз аз охири асри XIX мавҷуд аст. Боғҳои пиряхии машҳури ҷаҳонии Йохо, Кутеней, Банф ва Глейшер тамоми минтақаҳои табииро аз ҷангалҳо то қуллаҳои бо барфи абадӣ пӯшидашуда фаро мегиранд. Дар даҳсолаи охир дар ин минтақаҳо афзоиши босуръати ҷараёни сайёҳӣ ба назар мерасад. 5. Марвориди иқтидори захираҳои сайёҳии кишварро метавон бо итминони комил ноҳияи Сангвор (Тавилдара) номид. Он аз рӯйи масоҳат яке аз калонтарин ноҳияҳо дар байни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Баландтарин қуллаҳои ноҳия аз 6500 метр аз сатҳи баҳр баландтаранд ва дар ҳудуди он ҷамъшавии зиёди пиряхҳо мавҷуд аст. Дар водии Обихингов мақбараи Ҳазрати Бурхи ҷойгир мебошад. Дар тӯли садсолаҳо ба Ҳазрати Бурхи корвонҳои зиёди зиёраткунандагон аз гӯшаҳои гуногуни Аморати Бухоро, инчунин аз Афғонистон ва Ҳиндустон меомаданд. Имрӯзҳо ҳазорон нафар зиёраткунандагон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо ба ин мавзеъ ташриф меоранд. Ҷойи дигари зебои ин ноҳия “Ҳавзи кабуд” ном дорад, ки дар он ҷо таъсиси пойгоҳи сайёҳӣ барои 100 нафар имконпазир ва зарур мебошад. Бо дарназардошти гуногунии минтақаҳои табиии ин ноҳия, эълон намудани он ҳамчун минтақаи байналмилалии сайёҳӣ мувофиқи мақсад мебошад. 6. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва хеле босуръати рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавонад «сайёҳии сабз» бошад. «Сайёҳии сабз» шакли фаъол ва бевоситаи боздид аз ҳудудҳое мебошад, ки дорои шароити хоси табиӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Ин намуди сайёҳӣ ба ҳифзи муҳити табиӣ ва фарҳангии минтақаҳои мавриди боздиди сайёҳон равона карда шудааст. Ҷанбаҳои ҷолиби сайёҳии сабз аз арзиши муҳити табиӣ, мавҷудияти объектҳои этнографӣ ва машғулиятҳои фаъоли сайёҳӣ бидуни расонидани зарар ба муҳити зист иборат мебошанд. Дар аксари ҳолатҳо муҳити орому осуда таъсири мусбати эҳсосиро ба сайёҳ мерасонад. Ин метавонад кӯҳҳо ё ҷангалҳо, дарёҳо, кӯлҳо ё баҳр ва дигар манзараҳои табиӣ бошад. 7. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) зиёда аз 600 кӯл ва беш аз 20 дарё ва ҷӯйбор бо шохобҳои паҳлуӣ мавҷуд аст. Яке аз захираҳои муҳими рекреатсионӣ чашмаҳои минералӣ (хунук ва гарм) мебошанд. Аз тақрибан 80 чашмаи минералӣ, айни замон, танҳо 4 чашма, аз ҷумла Гармчашма, Авуч, Андароб ва Ҷелондеҳ фаъолият менамоянд. Дар заминаи чашмаҳои боқимонда метавон муассисаҳои табобати обӣ, шуъбаҳои физиотерапевтӣ ва хонаҳои истироҳатӣ бунёд намуд. Истифодаи чашмаҳои гарм ва термалӣ барои рушди минтақа, бешубҳа, метавонад шумораи зиёди сайёҳонеро ҷалб намояд, ки ба истироҳати фаъол ва солимгардонӣ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамаи гуфтаҳои боло ба мо имкон медиҳанд ба чунин хулоса бирасем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ дорои иқтидори бузурги рушди сайёҳӣ мебошад. Рушди ин соҳа дар навбати худ метавонад ба яке аз самтҳои пешбарандаи рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар дар асри XXI табдил ёбад. Шодиев Ҷ. Р. – ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Муфассалтар




