
Нақши Истиқлоли давлатӣ дар густариши имкониятҳои ҷавонон дар ҷомеа
Санаи 22.10.2026, соати 10:00 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёи Субҳиддин, олимону муҳаққиқони ҷавон, унвонҷӯён ва магистрантон иштирок доштанд Ҳамоишро директори Институт доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки ҷавонон имрӯз муваззаф ҳастанд, ки дар ҷодаи илм ва рушди он баҳри ватани хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Сипас, Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зиёи Субҳиддин иштирокчиёни ҳамоиши илмиро бо ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, оид ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ироаи сухан намуд. Қайд гардид, ки дар тамоми ниҳодҳои сохтории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ силсилаи семинарҳо ва ҳамоишҳои илмӣ тибқи дастуру супоришҳои протоколии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташкил ва баргузор ҳуда истодааст. Баъдан, маърӯзаи ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ ва рушди нерӯи инсонӣ Сафарова Нозанин дар мавзӯи “Ҷавонон дар ҷаҳони муҳоҷирати зеҳни: аз ҳаракати истеъдодҳо то гардиши дониш ва рушди кишвар” шунида шуд. Иброз гардид, ки муҳоҷирати зеҳнии ҷавонон метавонад барои Тоҷикистон на танҳо имконияти гирифтани дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ, балки ба омили рушди соҳибкорӣ, маориф, илм ва техналогияҳои муосир низ заминагузор бошад. Масоилҳои баррасишуда нишон медиҳад, ки ҷавони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда, малакаҳои худро дар дар муҳити байналмиллаӣ инкишоф медиҳанд. Муҳим он аст, ки ин таҷриба тавассути омӯзиши роҳнамоии касбӣ, таҳқиқоти муштарак ва татбиқи ғояҳои нав ба имкониятҳои воқеӣ барои ҷавонони дигар ва рушди кишвар табдил ёбад. Сипас, дар рафти чорабинӣ фикру андешаҳои олимони ҷавон иброз гардид. Дар охир, ҳамоиши илмии Шурои олимони ҷавон бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳот хотима бахшид.
Муфассалтар





