Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият дар ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи таҳсилот низ аз ҷумлаи онҳост. Рушди соҳаи таҳсилот омили асосии баланд гардидани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад. Ниҳон нест, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо, махсусан, соҳаи таҳсилот дучори буҳрони шадид гардид. Аксарияти мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб, ки аз фаъолият бозмонда, бештари толибилмон таҳсилро тарк намуданд. Алалхусус, нарасидани кадрҳои миллии сатҳи муосири ҷаҳонӣ ва аз кишвар рафтани мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф сабабгори пастравии сатҳи корҳои идораи давлатӣ ва коҳиши самараи сохторҳои ҷомеа гардид. Танҳо cоли 1992 аз ҷумҳурӣ зиёда аз 100000-нафар мутахассис фирор карданд, ки дар байни онҳо омӯзгорону устодони беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ буданд. Буҳрони иқтисодӣ ва нобасомониҳои рӯзгор ҳайати кадрҳои омӯзгориро миқдоран ва сифатан заиф гардонд.
Хушбахтона, бо ибтикори марди бузурги миллат, фарзанди баномуси халқи тоҷик-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат, якдиливу якпорчагӣ ва амну осудагӣ пойдор гардид. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти фарзанди фарзонаи тоҷик ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари навинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон мактабу маориф асоси пешрафти иқтисодиёт ва маънавиёти миллат эълон гардид. Дар соҳаи таҳсилот марҳилаи нав оғоз гардида, барқарорсозӣ ва рушди он ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонида шуд. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадбунёди хеш ба соҳаи таҳсилот ҳамчун соҳаи пешбару тақдирсози миллат афзалият бахшидаанд.
Дар қатори чандин тағйиру навгониҳо дар соҳаи таҳсилот таъсис ёфтани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) воқеаи муҳим буда, ин марказ тавонист дар самти ба таври шаффоф ва одилона баргузор намудани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ саҳми босазо гузорад. Маврид ба зикр аст, ки муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти ҳаёти кишвар мақоми хоса дошта, дорои неруи бузурги зеҳнӣ ва пояи моддиву техникӣ мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ таҳсилот олии касбӣ инкишоф ёфт. Солҳои 1992-1993 қисми зиёди донишкадаҳо ба донишгоҳҳои давлатӣ табдил дода шуданд. Дар соли хониши 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 48-адад расидааст, ки аз самараи неки Истиқлолият дарак медиҳад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 950 доктори илм ва зиёда аз 5088 номзади илм ва 212 доктори фалсафа аз рӯи ихтисос ба таълиму тарбияи ҷавонон машғуланд. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ғайр аз кори таълиму тарбия, инчунин, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳияи барномаву нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методиву таълимӣ машғул буда, тайи солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. Дар пешравии ин самти таҳсилот соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маълумоти олии касбӣ» қабул гардид, ки дар он роҳҳои дар амал татбиқ шудани ислоҳоти донишкадаю донишгоҳҳо муайян карда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми таҳсили бисёрзинагӣ роҳандозӣ шуда, ба хатмкунандагони он унвони бакалавр ва магистр дода мешавад. Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2020) бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардидааст. Бо мақсади ҷалб ва бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ аз соли 2000 инҷониб озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» аз нав барқарор гардид, ки ҳар сол дар ин озмун корҳои илмӣ муҳокима ва қадршиносӣ карда мешаванд. Инчунин, баргузории озмунҳои гуногун ба хотири дарёфти рушди истеъдодҳо дар ҷодаи илму маориф, ба мисли озмуни «Олими сол», «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», озмун дар ҷодаи баланд бардоштани завқи китобхонии насли наврас ва ҷавонон зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигарҳо то андозае аз пешрафти соҳа шаҳодат медиҳанд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилотӣ роҳҳои ба мутолиаи китоб ҳавасманд намудани наврасон ва ҷавонон инкишоф ёфта истодааст, ки боиси хушнудиву ифтихори мо, омӯзгорон ва муҳаққиқон мебошад.
Ҳамин тариқ, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудани Нақшаи ислоҳоти соҳаи таҳсилот, Барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ натиҷаҳои хуб доданд.
Феълан, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва идоракунии демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат намуданд, таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ва ҳукумат қарор дорад.
Воқеан, соҳаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 34-соли Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои зиёде ноил гардида, ба соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ бо назардошти нақши созандаи худ барои мардуми тоҷик бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд ва ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо қимату манзалати ин музаффарияти таърихӣ боз ҳам афзунтар мегардад.
Ходими калони илмии шуъбаи
таҳқиқоти институтсионалии
Институти иқтисодиёт
ва демографияи АМИТ,
Гулчеҳраи Ёдгор