БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 06/25/2025 - 10:08

Санаи 25-уми июни соли 2025 ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода К.О. аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни боздид роҳбалади осорхона иттилоъ дод, ки Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба ифтихори таҷлили 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон ифтитоҳ шудааст. Осорхона аз 15 бахш иборат буда, ҳуҷҷатҳои таърихии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишварро, ки аз барномаҳои пешазинтихобии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад, инъикос менамояд.
Ҳангоми боздид аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз тамошои гӯшаҳои алоҳида, ки дар Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, аз ҷумла, таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шуравӣ, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Неругоҳи барқи обии «Роғун», ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳра бурданд.
 

Меню: