Санаи 27 майи соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва номгӯи чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Шурои олимон аз 28.01.2022, протоколи №1), конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инъикоси равандҳои демографӣ дар барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ» баргузор гардид.
Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар кори конференсияи мазкур намояндагони масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Тибқи рӯзнома иштирокчиёни конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:
- динамика ва тамоюлҳои асосии рушди демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- раванди татбиқи барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи захираи меҳнатӣ;
- равандҳои демографӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобастагии онҳо ба рушди қувваҳои истеҳсолкунанда;
- масъалаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии хонаводаҳо дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ;
- равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва берунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсири рушди инноватсинӣ, сармояи инсонӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт ба равандҳои демографии муосир.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |