Санаи 20 феврали соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-амалии Шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда дар мавзӯи «Такмили системаи идоракунии фаъолияти инноватсионии корхонаҳои саноати шароббарорӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он ходими хурди илмии шуъба Сайдалиева П.А. бо маъруза баромад намуданд.
Дар кори семинар муовини директор оид ба корҳои илм, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. ва дигар кормандони шуъба иштирок намуданд. Дар рафти семинар иштирокчиёни он дар бораи рушди инноватсионии саноати шароби кишвар ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти Тоҷикистон назари худро баён карданд. Як қатор таклифҳо ба миён гузошта шуданд, ки бояд дар хисоботи солонаи шуъба дохил карда шаванд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |