(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои калидӣ ва бо суръати баланд рушдёбандаи иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад.
Ҳамасола тибқи нақшаи барномаҳои тасдиқгардида доир ба сохтмон, таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва таъмиру таҷдиди пулҳо амалӣ карда мешаванд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024 с. қайд гардид: “Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун, яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст. Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд”.
Дар соли 2024 таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар ҳамин сол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст. Чуноне, ки дар Паём қайд гардид, “Бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44 баромада, нисбат ба солҳои қалбӣ 6 зина баланд гардид.
Ҳамзамон, вобаста ба ин масъала Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки ҷиҳати татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, саривақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки ба вазорту идораҳои кишвар вогузор гардидааст, ин вусъат додан ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.
Муҳимияти ин масъала дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва идоракунии давлатӣ, махсусан дар соҳаи нақлиёт хеле мубрам буда, дар он самтҳои зиёди фаъолияти ин соҳа бояд ба технологияҳои рақамӣ гузаронида шаванд.
Соҳаи нақлиёт ва соҳаҳои ба он вобаста як қатор самтҳои нави рушди технологияҳои баландро доранд:
Якум, дар самти коркарди ҳаҷми калони маълумотҳо ва зеҳни сунъӣ. Дар ин самт маълумотҳо дар реҷаи воқеии вақт ҷамъоварӣ ва коркард карда мешаванд. Дар нақлиёт барои амсиласозии анбӯҳи воситаҳои нақлиёт, оптималӣ кунонидани таъмир ва хизматрасонии техникӣ истифода бурда мешаванд.
Дуюм, дар самти табдилдиҳии нақлиёти рақами тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
1) мусоидат ба сохтан ва рушди хизматрасониҳои нақлиётии ҳамгирошуда: “мутаҳарикӣ ҳамчун хизмат”, майдончаи электронӣ барои супориши хадамоти боркашонӣ, логистикӣ ва хадамоти тиҷорати электронӣ; долонҳои нақлиётии рақамӣ;
2) рақамикунонии воситаҳои нақлиёт (низоми пешрафтаи кӯмак ба ронанда; воситаҳои нақлиёти баландавтоматикӣ ва бесарнишин; мониторинги воситаҳои нақлиёт ва хизматрасонии техникӣ);
3) рақамикунонии инфрасохтори нақлиёт низоми интеллектуалии нақлиётӣ; таъмири объектҳои инфрасохтори нақлиётӣ; терминалҳои рақамии боркашонӣ, мусофирбарӣ, нуқтаҳои гузариши сарҳади давлатӣ);
4) рақамикунонии фаъолияти мақомоти ҳокимият дар соҳаи нақлиёт (хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ; марказҳо ва амсиласозии рушди соҳаи нақлиёт);
5) сохтани платформаи рақамӣ ҳамчун шароити заминавӣ барои табдилдиҳии рақамӣ (низоми давлатии иттилоотии “Ҳуҷҷатҳои нақлиётии электронӣ”; инфрасохтор барои мубодилаи маълумотҳои муҳими ҳуқуқӣ миёни иштирокчиёни соҳа ва давлат; низоми мушоҳидаи раванди ҳаракати бор; симои рақамии мусофир; шабакаҳои технологии ҳимояшудаи комплекси нақлиёт; рақамикунонӣ барои бехатарии нақлиёт; низоми биометрӣ).
Ҳалли масъалаҳои дар боло зикргардида метавонад, сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро беҳтар намояд ва саҳми назаррас дар болоравии иқтисоди миллиӣ дошта бошад.
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таҳқиқоти инфрасохторӣ н.и.и.
Мирзоева Ҷонона Пируншоевна