Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ қайд гардид, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”. Инчунин, Пешвои маззами миллат њангоми ироаи Паём эълон намуданд, ки “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
Рақамикунонии иқтисодиёт — ин равандест, ки дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ ба ҳамаи соҳаҳои иқтисоди кишвар ворид мешавад. Ин раванд ба муассисаҳо ва ширкатҳо имкон медиҳад, ки бо истифода аз технологиҳои муосир, ба монанди компютерҳо, интернет, робототехника ва ё хидматҳои электронӣ, амалиёти истеҳсолӣ ва тиҷоратиро осон ва самараноктар кунанд. Рақамикунонии иқтисодиёт самти рушди ҳар як кишвар аст. Барои Тоҷикистон, рақамикунонӣ метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ, рушд ва мустаҳкам кардани ҷойи кишвар дар бозори ҷаҳонӣ кӯмак кунад. Ин раванд ба соҳибкорон ва мардум имкониятҳои нави корӣ ва сатҳи зиндагии хубтарро фароҳам меорад. Дар натиҷа иқтисодиёти рақамӣ барои Тоҷикистон шароити мусоид барои рақобатпазир буданаш дар бозори ҷаҳонӣ фароҳам меорад.
Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ қайд карданд, ки - Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ як раванди мураккаб буда, барои амалишавии он лозим аст, ки кишвар заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро ба таври мукаммал такмил диҳанд. Барои ба даст овардани натиҷаҳои устувор ва самаранок дар соҳаи рақамикунонии иқтисодиёт, хеле муҳим аст, ки чораҳои зарурии ҳуқуқӣ ва санадҳои дахлдор дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ қабул шаванд. Барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ба вуҷуд омадани заминаи ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Дар шароити муосир рақамикунонии соҳаҳои молия, савдо, таълим, тиб ва бахшҳои дигар, бояд Аз ин рў, барои рақамикунонии иқтисодиёт натанҳо таҳияи санадҳои ҳуқуқии нав, балки такмили муҳити қонунгузории мавҷуда амалӣ мегардад.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Инкишофи инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла таъмини шабакаҳои панҷ-ҷӣ (5G), рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, ба сифати муҳими ҷузъи раванди рақамикунонии иқтисодиёт баромад мекунанд. Рақамикунонии иқтисодиёт дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла алоқа, интиқоли маълумот, хизматрасонӣ, таълим ва ғайра аз суръати интернет вобаста мебошанд. Дар баробари ин, барои рушди иқтисоди рақамӣ муҳим аст, ки марказҳои коркарди маълумот (Data Centers) бо мақсади нигоҳдорӣ, таҳлил ва коркарди маълумотҳои ҳаҷми калон мукаммал гардонида шавад, яъне кишвар бояд марказҳо (технологияҳои) нигоҳдории маълумотии худро дошта бошад, ки то амнияти маълумотиро таъмин карда тавонад.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ бе таҳкими инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла шабакаҳои 5G, марказҳои коркарди маълумот ва махзани мукаммали миллии маълумот имконнопазир аст. Инкишофи чунин инфрасохтор на танҳо барои беҳтар кардани алоқа ва интиқоли маълумот муҳим аст, балки барои расидан ба самараи баландтар ва рушди босуръат дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, илм, иҷтимоиёт ва хидматрасониҳои давлатӣ кӯмак мерасонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳамин инфрасохтор метавонад дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тақвияти мубодилаҳо бо ҷаҳон ва беҳтар кардани дараҷаи рақобатнокӣ дар бозори ҷаҳонӣ кӯмак кунад.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ — ин ҷараёни автоматикунонӣ ва электронӣ кардани тамоми хидматҳои давлатӣ мебошад, ки пеш аз ҳама, дастрасии шахсони воќеӣ ва ҳуқуқиро ба хидматҳои давлатӣ осон мекунад. Барои рушди самараноки иқтисоди рақамӣ, муҳим аст, ки давлат тамоми хидматрасониҳои худро ба шакли рақамӣ табдил диҳад ва хизматрасониҳои эҷодшуда дар як ҷо, ба таври худкор ва оддӣ ба шаҳрвандон пешниҳод кунад.
Махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — ин як платформаи марказӣ мебошад, ки тамоми хидматҳои давлатӣ дар он ҷойгир ва барои шаҳрвандон, ширкатҳо ва дигар муштариён ба таври якҷоя ва осон дастрас мешавад.
Рақамикунонии пурраи хидматрасониҳои давлатӣ ва таъсиси махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон барои амалишавии иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасониҳо нақши муҳим мебозад. Ҳамаи хидматрасониҳои давлатӣ бояд дар платформаи рақамӣ ҷойгир ва барои шаҳрвандон дастрас ва соддаю фаҳмо бошад. Ин амалҳо барои кӯмак ба рушди кишвар, баланд бардоштани сифати ҳаёти шаҳрвандон ва сохтани давлате, ки ба талаботи рақамии аср мутобиқ бошад, муҳим мебошанд.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ИТ) барои тайёр кардани кормандони баландихтисос, ки ба талаботи шароитҳои муосир ва рушди иқтисоди рақамӣ мувофиқат кунанд, муҳим аст. Ҳадафи асосии ин раванд ин аст, ки одамон дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, таълим, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо, бо технологиҳои нави иттилоотӣ ва рақамӣ шиносоии амиқ пайдо кунанд ва тавонмандии истифодаи онҳоро дар фаъолияти ҳаррӯза ва кории худ дошта бошанд.
Рушди сармояи инсонӣ тавассути омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ, афзоиши самаранокии хидматрасонӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии шаҳрвандон кӯмак мерасонад. Ин раванд на танҳо дар таҳияи мутахассисони соҳаи ИТ, балки дар баланд бардоштани маърифати мардум ва ҷомеа дар истифодаи технологияҳои рақамӣ муҳим аст.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Зеҳни сунъӣ метавонад дар барномаҳои гуногун барои беҳтар кардани хизматрасониҳо истифода шавад. Ҳадафи асосӣ — ин баланд бардоштани сифати хидматҳо ва осон кардани дастрасии шаҳрвандон ба хидматрасониҳои давлатӣ мебошад. Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ ва низоми бақайдгирии давлатӣ имконият медиҳад, ки тамоми равандҳо зуд, дақиқ ва муассир ба анҷом расанд. Он дар ҳалли масъалаҳои мураккаби маъмурии давлатӣ, кам кардани сарфаи вақт ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо нақши муҳим мебозад. Технологияи зеҳни сунъӣ, инчунин, барои таҳлили маълумот, ислоҳоти хатогиҳо ва таъмин кардани шаффофият дар низомҳои бақайдгирии давлатӣ кӯмак мерасонад, ки ин дар навбати худ ба эътимод ва муносибати мусбати шаҳрвандон бо давлат мусоидат мекунад.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзани маълумот.
Амнияти киберӣ як бахши хеле муҳим ва асосии муҳофизат ва бехатарии маълумот дар ҷаҳон ва махсусан, дар муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Маҳз дар замони рушди технологияҳои рақамӣ, ки дар он ҳазорҳо гигабайт маълумотҳо ҷамъоварӣ ва коркард мешаванд, муҳим аст, ки давлат ва ташкилотҳо барои таъмин кардани амнияти киберии махзани маълумот чораҳои муассир андешанд. Ҳимояи ин маълумотҳо аз хатарҳои киберӣ, ҳамлаҳои киберӣ ва ҳуҷҷатгузории нодуруст нақши калидӣ дар таъмини бехатарии иттилоот ва муҳофизат аз хатарҳо дорад.
Таъмин намудани амнияти киберии махзани маълумот барои ҳифзи иттилоот аз таҳдидҳои киберӣ, “хакерҳо” ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир муҳим аст. Бо истифода аз технологияҳои шифргузорӣ, мониторинг ва таҳлили даврии хатарҳо, инчунин амнияти маълумот, кишварҳо ва ташкилотҳо метавонанд амнияти киберии худро баланд бардоранд ва муҳофизат кардани маълумотҳо аз хатарҳоро таъмин кунанд.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузаштан ба рақамикунонии савдо, аз ҷумла савдои хориҷии кишвар қарор дорад. Боиси қайд аст, ки рақамикунонии савдо (савдои хориҷӣ), тиҷоратро зудтар, осонтар ва бехатар мекунад, инчунин имкониятҳои нав барои истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳод мекунад.
Яъне рақамикунонии савдо (савдои хориҷӣ) - ин равандест, ки дар он тамоми амалиёти савдо (хориҷӣ) ба шакли онлайн амалӣ гардонида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳуҷҷатҳо, ба монанди шартномаҳо, ҳисоб-фактураҳо, эъломияҳои гумрукӣ ва дигар санадҳо тавассути системаҳои электронӣ анҷом дода мешавад, ки ин боиси соддагардонии савдо (савдои хориҷӣ) мегардад.
Бартариятҳои рақамикунонии савдо ё ин ки савдои хориҷӣ барои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин таҷассум меёбад:
Тезонидани раванди савдои хориҷӣ ва кам кардани хароҷотҳо. Бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ба соҳибкорони кишвар, кор бо шарикони хориҷиашон оссонтар ва зуддтар ба роҳ монда мешавад. Масалан, барои бастани шартнома зарурати ҳузури тарафайн барои ба имзо расонидани онҳо аз байн меравад, ҳамаи ин ҳолатҳо тариқи онлайн бо воситаи интернет амалӣ карда мешавад, ки раванди тиҷоратро хело осон ва зудтар мекунад.
Дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ. Рақамикунонии савдо имконият медиҳад, ки ширкатҳои ватанӣ тавассути платформаҳои онлайн ба бозорҳои байналмилалӣ роҳ ёбанд. Истеҳсолкунандагон метавонанд маҳсулотҳои худро мустақиман ба харидорони хориҷӣ фурӯшанд, тавассути мағозаҳои онлайн ва платформаҳои савдои бузург, ба монанди Amazon ё Alibaba, ки тавассути ширкатҳои логистикӣ амалӣ карда мешаванд. Ин ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид шаванд.
Ташкили логистика ва пайгирии молҳо. Истифодаи технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки ҷойгиршавии молҳоро дар вақти воқеӣ пайгирӣ кунем.
Дар умум, иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад як қадами муҳим барои пешрафти кишвар дар соҳаҳои гуногун бошад. Рушди иқтисоди рақамӣ метавонад Тоҷикистонро ба як ҷузъи асосии иқтисодии минтақа ва ҷаҳон табдил диҳад. Рушди иқтисоди рақамӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад таъсири мусбат дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, ҷамъият ва ғайра дошта бошад.
Юнусзода Х.Қ. - н.и.и., ходими пешбари илмии
шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ