ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки 10 декабри соли равон аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷомеа ба ҳайси «ҳизби ҳоким» ва «пешоҳанги ҷомеа» шинохта шудааст, 30 сол сипарӣ гардид.
30 сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади муттаҳид намудани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ва ба ҳам овардани онҳо зери як мафкураи созанда созмон ёфт. Дар 30 соли фаъолияти ҳизб якчанд барномаи муҳим, ки ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд, амалӣ гардиданд.
Тавре Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотӣ ба муносибати 26 – солагии ҳизб таъкид доштаанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлоли ҷумҳурӣ бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеяҳои бузурги ватандӯстию худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовор пайдо намуд».
Дар конференсия собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва азму талошҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронс маълумоти муфассал доданд.