Санаи 21 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Инсттути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он Ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти демографӣ, Салимов Ю. дар мавзӯи «Парчами миллӣ - таҷассумгари давлатдории тоҷикон ва рамзи ҳастии миллат дар замони муосир» баромад намуданд. Дар рафти чорабинӣ таъкид намуданд, ки парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлатии мо ба ҳисоб меравад. Парчам дорои се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз аст, ки дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошанд. Ҳар як унсури парчам маънои амиқ дошта, таърихи бойи миллатро дар худ таҷассум мекунад. Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ рамзи шинохти Тоҷикистон мебошад. Он дар намояндагиҳои дипломатӣ, биноҳои давлатӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ барафрохта мешавад. Инчунин, парчам дар мусобиқаҳои варзишӣ, конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баёнгари ифтихор ва ҳувияти миллии тоҷикон аст. Парчам ҳамчунин ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстии тоҷикон дар муносибат бо дигар давлатҳо қабул гардида, ифтихор ва якдилии миллатро таъкид мекунад.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |