Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе дар тамоми муассисаву корхона ва идораҳои давлатӣ ҳар ҳафта корҳои ободониву сабзгардонӣ баргузор мегарданд.
Ҳамзамон, санаи 20-уми июли соли 2024 ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар робита ба бунёдкориву созандагӣ дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид, ки дар он кормандони Институти иқтисодиёт ва демография фаъолона иштирок намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |