Ваҳдати миллӣ - шукуфоии Ватан аст!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 06/22/2024 - 14:52

Санаи 22-юми июни соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ - омили бунёдии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлалкат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода оғоз намуд. Зикр гардид, ки агар мо хоҳони онем, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҷойи сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст. Марбут ба мавзӯи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июни соли 2023 дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ чунин гуфтаанд: «Тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем. Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем».
Дар охир таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кард.
Музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Роҳбари давлат, боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.
 

Барчаспҳо:

Меню: