ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ АРҶГУЗОРӢ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 06/20/2024 - 14:00

 Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандустиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

 Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
Ҳамасола санаи 27 июн ҳамчун рӯзи фаромӯш нашаванда барои ҳамаи фарди ҷомеа дар кишвари азизамон мебошад, маҳз дар ҳамин санаи хотирмон, қарори умуми миллии тақдирсози миллат, бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Пас аз солҳои ҷанги бародаркуш ва хонумонсӯз, Ваҳдати миллӣ ягона «ҳуҷҷате» мебошад, ки барои якдилии мардум ва сарҷамъ намудани халқу миллат равона гардидааст. 
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон орзу ва умеди ҳар як фарди он аст. Дар арсаи ҷахон айни замон бисёр давлатҳое ҳастанд, ки ниёз ба ин неъмати бебаҳо доранд.  Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳрохи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва эҳё гардидани арзишҳои миллӣ ва динии худ ба мо муяссар гардид, ки бо мазҳаби аҷдодӣ, пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардем. Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастарас намоем.
 Ба мардуми мо, ҳамчунин имкон фароҳам гардид, ки расму оинҳои миллӣ, ва маросиму идҳои динӣ - ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё созем, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоем.
 Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон», мо ҷавононро боз ҳам водор месозад, ки барои ҳимоя аз ҳифзу буми ватани азизамон боз ҳам ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва барои пешрафти илму техника дар кишварамон саҳму талошҳои беназир дошта бошем. Мо ҷавонон шукрона аз он дорем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон озодона кор ва фаъолият менамоем. 
 Инчунин бояд қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2024, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баёнгари ғамхорӣ ва эҳтироми воло гузоштан аз ҷониби Ҳукумати кишварамон нисбат ба шаҳрвандон мебошад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
 Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд, ки барои пос доштани сулҳу субот дар ватанамон камари ҳиммат бибандад ва аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намояд. Ба қадри сулҳу субот, озодиву ободӣ он нафароне мерасанд, ки бо чашмони худ шоҳиди рӯзҳои ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ буданд. Аз ин рӯ, мо ҷавонон посдори хотироти гузаштагони хеш ва ҷонибдори ободиву озодии Ватани азизамон мебошем.

Ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи 
Академияи милли илмҳои Тоҷикистон

Муродов Мирамон Қосимович
 

Меню: