Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 05/20/2024 - 12:39

   Санаи 20-уми майи соли 2024 дар шаҳри Ланджоуи Ҷумҳурии мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иштирок ва дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Чин – дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ» презентатсия (рӯйнамо) намуда, зикр карданд, ки алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», «зеҳни сунъӣ» ва «истеҳсолот дар Тоҷикистон» бо истифода аз «технологияҳои сабз» бояд тақвият дода шавад. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Ш.Раҳимзода ва профессори Институти таҳқиқотҳои Осиёи миёнаи Донишгоҳи Ланджоу «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» ифтитоҳ карда шуд.
    Дар Форуми мазкур, инчунин ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Карамалишоев Карамалишо, директори Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.фил., дотсент Амирбекзода Назира, муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Валиҷон, котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Ҷалилзода Дилшод Раҷабмурод, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, н.и.п. Хоҷаев Ҳикматулло ва намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ - Тошев Ҷамшед, директори парки технологӣ - Шоҳрухони Ҳоҷизода, декани факултети тахсилоти дуюми олии касбӣ - Одинаев Боймурод ва сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ - Маҷонов Хисрав иштирок намуданд.  
 

Меню: