Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 04/29/2024 - 09:48

Рӯзи 29-уми апрели соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1. Рафти иҷрои нақшаҳои умумӣ ва инфиродии докторантҳо, унвонҷӯён ва магистрантон дар семоҳаи аввали соли 2024.
2. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Таҳияи нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1115, аз 15.03.2021)
3. Вазъи интишори монографияҳои илмии шуъбаҳо ва кормандони Институт дар панҷ соли охир
4. Дар бораи ба нашр тавсия намудани монографияи ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Аюбӣ Фируза бо номи «Повышение эффективности управления в экономике социального сектора» (на примере системы здравоохранения Республики Таджикистан)
5. Даровардани тағйирот ба қарори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 29.03.2023, №3
6. Масъалаҳои ҷорӣ
 

Меню: