ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ АҶАМ ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/19/2024 - 16:36

   Санаи 19-уми марти соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмии назди академия, аз ҷумла, Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ иштирок намуданд.
   Дар ҳамоиши мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани табрикотии худ иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони минтақа буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад ва ҷашнест, ки тамоми олами табииро зинда менамояд.
   Дар чорабинии идона аз тарафи муассисаҳои илмии назди АМИТ бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ хони наврӯзӣ бо номи Ҳафт сину Ҳафт шин ва Ҳафт мим, кулчаҳои калони наврӯзӣ, шириниҳо ва кулчақандҳо, инчунини, намоиши анъана ва урфу одатҳои миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии наврӯзӣ ороста гардид. Дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.

Наврӯз, биё хонаи ободи маро бин,
Сартосари ин кишвари озоди маро бин.

Меню: