Наврӯз дар хиёбони андешаи инсон ва ё ҷаҳонбинии созанда

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 03/15/2024 - 10:14

   «Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд». 
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Наврӯз аз лаҳзаҳое, ки шабу рӯз баробар мегардад эҳсос мешавад.  Дар ин лаҳзаҳо барои заминиён гуё сулҳу оромӣ ва ваҳдати олами инсонӣ эҳсос мешавад. Ҳар як фарди соҳибфитрату зебопараст зуд аёнияти зиндашавии идонаи руҳу ҷисми худро дарк менамояд. Воқеан ҳам эътидол ва ё тавозуи ҷисму рӯҳ манбаи аслии хушбахтиву фараҳи инсонӣ мебошад. Пайдоиши ин ҳодисоди фараҳбахш дар рӯзи нав пиндору кирдори одамонро мусаффо менамояд, дар онҳо хоҳиши табии гузашт кардан аз ҳар гуна низову тазодҳо, пурсидани узр аз кирдорҳои номатлуби гузаштаи худ ба дигарон, фаолияти эҳсонкорӣ, аёдати ёру дӯстон, хешовандон, қабули меҳмонон, оростани хони идона, арзи суханҳои неки хирадмандона ва қадрдонӣ бо тӯҳфаҳо ва ғ. сурат мегирад. Чаро, ки дар ин рӯз қонунҳои табиат ба ҳиссаи ҷудонопазири худ – инсон, ки аз гардиши табиат дур нест, таъсир менамояд ва эътидоли миёни инсону табиат боз ҳам қавитар рӯи кор меояд.
    Наврӯз – аз соли нави мелодӣ, ки иди тақвимӣ (календарӣ) аст фарқ менамояд. Наврӯз – ин идест, ки табиат тӯҳфа намудааст ва ба ягон ҳодисот таърихи инсоният ва ё ба ягон ҷашнҳои миллӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ равобите надорад. Аз ин ҷост вай сифати умумӣ ва ё универсалӣ дошта, ба иди тамоми олами инсонӣ табдил ҳам ёфтааст. Воқеан ҳам майли ҷаҳонии Наврӯз сол аз сол афзуда истодааст. Ин ид аз дигар идҳои соли навӣ ба он фарқ менмояд, ки санаи доиргардии онро табиат муайян намудаст, фарзанди табиат аст, на маҳсули ягон қарорҳои давлатӣ ва ё ниҳодҳои байналмилалӣ. Наврӯзро ватани ориётаборон ва тоҷикон мегӯянд, ба он хотир, ки ин санаи табиат муаяйннамударо нахуст онҳо дарк намуданд ва ба оламиён исбот намуданд, ки ана ин руз оғози соли нав аст. Дар ин росто Умари Хайём менависад: «Чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашни ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон ба ӯ иқтидо карданд…ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд..». 
        Иди Наврӯз, ки дорои сифати умумибашарӣ ва ғояи гуманитарӣ мебошад, ҳамчун омили бунёдии ваҳдатовар дар олами инсонӣ хидмат ҳам намудааст ва имрӯз рисоати худро боз ҳам дучанд иҷро намуда истодааст. Ҳамин буд, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 16-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рузи ҷаҳонии Наврӯз» ба тавсиб расидааст. Албатта дар ин ҷода саъюу талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамтост. 
      Наврӯз чун фарзанди табиат на танҳо як иди бошукӯҳи фарҳангии берун аз сиёсату ҳаргуна мазҳабу ғояҳои динӣ, балки чун ҷаҳонбинии асил ва ғояи бунёдии дар хиёбони андешаи инсон, пеш аз ҳама, инсонҳои соҳибфитрат ва қишри краетивии ҷомеа қарор дорад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки мамлакати краетивии ҷаҳон ИМА 15 марти соли 2010 нахусткишварест, ки дар Конгресси худ якдилона каътномаи СММ-ро доир ба «Рузи ҷаҳонии Наврӯз» тасдиқ намуд. Аз тарафи конгрессменҳо таъкид шуда буд, ки ҷашни Наврӯз ба ғанӣ гаштани фарҳанги ИМА суръат мебахшад, зеро ғояи он бо принсипҳои бунёдии амрико – сулҳ, демократия ва гулгулшукуфоии кулли бошандагони олам рост меояд. Ҳатто таъкид шуда буд, ки маҳз дар пояи ҷаҳонбинии Наврӯз Куруши Кабир ҳанӯз дар асри VI-и то мелод сохти ғуломдорирро барҳам дода буд ва нахуст Хартияи ҳуқуқи инсонро таҳия карда, ба оламиён пешниҳод намудааст, ки асоси Хартияи ҳуқуқи инсони муосирро ташкил медиҳад. Ин иди қадимаи инсоният ҳазорҳо сол дар майдони набардҳои динию мазҳабӣ ва сиёсӣ қарор гирифта бошад ҳам, аммо бо туфайли моҳияти асили табии худ, фарзанди табиату кайҳон будани худ ва бо туфайли ғояҳои гуманистии умумибашариаш зинда мондааст ва боз нуфузи тоза пайдо карда истодааст. 
          Имрӯз аниқ аст, ки ҷаҳонбинӣ ва ғояи созандаи он барои оромӣ бахшидан ба ҷаҳони ноором ва беқарору пур аз талотуби муосир бояд хидмат намояд. Чаро? Чи тавре дар мақолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Инсон ва андешаи ҷаҳонсозии ӯ» ҳанӯз соли 2005 (Минбари халқ. 7.09. 2005) қайд шуда буд «...бе шарҳу тавзеи муфассал ҳам равшан аст, ки инсони имрӯз назар ба ҳазор сол пеш рӯ ба рӯ ба хатарҳои фоҷеангезтар мебошад». Ин ҳолат дар солҳои охир боз ҳам шадидтар гашта истодаат. Воқеан ҳам, дар тамоили инкишофи ҷомеаи ҷаҳони муосир ду ҷараён ба чашм мерасад, ки яке тавлиди андешаҳои ҷаҳонсози инсон, ки аз ҷаҳонбинии Наврӯз - гуманизми инсонӣ бармеояд ва дигаре маҳсули андешаҳои худпарастӣ ва худтакаббурии инсон аст. Дигаргуниҳое, ки дар кишварҳои мутараққӣ ба вуқӯъ омадааст, аз як тараф, на танҳо имкониятҳои некӯаҳволӣ ва беҳдошти аҳли башарро фароҳам овардааст, аз тарафи дигар муаммоҳову хатарҳоеро ба мисли вайрон шудани эътидол ва ё тавозуи экологӣ, маҳдуд шудани оби ошомиданӣ, тероризм, бадбинии миёни қавму миллатҳо, паҳн гаштану васеъшавии истеҳсоли аслиаҳои қатли ом ва ғ. Дар ҳазорсолаи равон инсоният ба ояндаи худ на ба боварии комил, балки бо изтироб ва беэътимодӣ назар мекунад. Бинобар он, дарки зарурат ва ногузирии ваҳдати олами инсонӣ ва рушди андешаҳои ҷаҳонсоз ба миён омадааст. Дар ин ҷода ҷаҳонбинӣ ва ғояи наврӯз, ки арзиши космолполитикӣ, фаромиллӣ дораду сифр маҳсули табиат ва эътидоли он аст, нақши марказӣ дорад.  
          Бояд таъкид кард, ки пояи ғояи наврӯз аз эътидол ва ё тавозии воқеии табиат – баробарии шабу рӯз ибтидо мегирад ва соли навро аз ин соатҳо истиқбол гирифтан маънӣ ва ё ғояи бунёдиро дорад. Ниёгони мо пайваста ба хотири тантана гаштани таҳаммулпазирӣ, гуманизм ва адолат дар ҷомеаи инсонӣ, ки ҷузъи фаъоли гардиши табиат мебошад, ҳамоишҳои идонаи фарҳангӣ меоростанд ва арзишҳои муқаддаси инсониву ҷомеасозиро тақвим менамуданд, оламиёнро ба сӯи таъмини пойдории он даъват менамуданд. Ҳамин буд, ки ин ғояи наврӯзӣ дар ҷавҳари консепсияҳои ҷомеасозиву давлатсозии халқҳои ҷаҳон, ки муҳиту фазои пажӯҳишҳои илмиро муаяйн намудааст, дар хиёбони андешаи таҳқиқгарони асил ҷойгоҳи устувор касб намудааст. Масалан, дар илмҳои ҷомеашиносӣ ҳама вақт ҷӯиши роҳҳои таъмини тавозу ва ё эътидол дар ҷомеа ва коркарди механизмҳои таъмини ваҳдати олами инсонӣ дар мадди аввал қарор мегирад. Иқтисодиёт, ки ошёнаи аввали ҷомеа аст, бинобар он пажӯҳишҳо дар ҳама ҳолат барои ноил гаштан ба эътидол ва тавозуи иқтисодиву иҷтимоӣ, ки ҳадафи таъмини адолати иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, равона шудааст. 
          Чи тавре дар боло ишора намудем, ғояи наврӯз зодаи гардиши табиии кайҳон аст, ки лаҳзаи эътилои табииро нахуст ориётаборон дарк намуданд ва худро як ҳиссаи ҷудонопазири табиат пазируфтанд, зарурати таъмини эътидолу адолатро чун табиат дар ҷомеа муқаддас пиндоштанд ва онро дар хиёбони андешаи худ ҷой доданд. Дарки инсон чун ҷузъи таркибӣ ва фаъоли табиат ва ҳамзистии солим бо табиат, ки ҳамчун ғояи бунёдии консепсияи рушди устувор ва таълимоти ноосфера, ки имрӯз мегӯем, қарор гирифтааст, тасаввур менамоем ин ҳамон ҷаҳонбинӣ ва ғояи асили наврӯзӣ, ки ниёгони мо тараннум карда будаанд, мебошад. 
         Аз ин лиҳоз, ҳадаф аз таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии наврӯз» ва омӯзиши ғоя ва ҷаҳонбинии он барои таҳлилу муайян кардани қонунҳои умумӣ ва хусусӣ, ки маҳаки асосии инкишофи ҳаёти ҷомеаи инсониро муайян менамояд, иборат аст.  Ин масъала ҳам барои имрӯз ва ҳам барои фардои инсоният аҳамияти калон дорад. Зеро, ғояи рушди устувор чунон тамсилаи рушдро тақозо мекунад, ки «талаботи ҳаётии инсонҳои насли имрӯз, набояд аз ҳисоби маҳрум кардани имкониятҳои наслҳои оянда қонеъ гардад». Яъне ин ҷо ғояи таъмини эътидол ва тавозӯи дарозмуддати ҷомеаи инсонӣ нуҳуфта аст. Табиатшиносон ва ҷомеашиносон ягонагии умумии амалиёти қонунҳои табиӣ ва биосфериро ҳам дар ҷаҳони моддию табиӣ ва ҳам дар ҷаҳони маънавию иҷтимоӣ таъкид кардаанд. Ин ягонагӣ ба худ истисно ва ё тарафи диалектикии муқобилро дарбар мегирад: ин ҷо маънии эътидол ва инкишофи бефосилаи организми ҳам иҷтимоӣ ва ҳам табиӣ дар назар аст. Рӯи майдон омадани ин ғоя ва ашёгардии он зарурати замони муосир аст. Зеро, имрӯз амалӣ гардонидани манфиатҳои эгоистии истифодаи бераҳмонаи захираҳои табиӣ суръати беандоза гирифта, боиси таҷовузи табиат, муҳити зист ва вайроншавии мувозинати табиӣ гаштааст. Пас, зарурате ба миён омадааст, ки инсон акнун на табиатро ба худ тобеъ кунад, балки худро ба он мутобиқ созад. Аз замони дунёи қадим ҳадафи илмро хирад, оқилӣ, дарки назми табиат ва ҳамзистӣ дар ҳамоҳангӣ бо он ташкил медод. Аммо, дар асри 17 ҳадафи он ба пажӯҳиш ва пайдо кардани донишҳое, ки барои ҳокимӣ ва идораи табиат истифода мешавад, равона шуда буд. Ва то имрӯз илму технология ба ҳадафҳое истифода мешавад, ки онҳо хатаровар, ҳалокатовар ва қаъран зиддиэкологӣ мебошад. Пас, инсонро зарур аст, ки вай чун ҷузъи таркибии табиат нерӯи худтанзимкунӣ ва худмаҳдудкунии талаботи худро низ, рӯи кор оварад. Ғояи иқтисодиёти ғайритаҷовузӣ, ки бо табиат ҳамоҳанг бошад, бояд чун ғояи асосӣ ҳоким бошад. Зарур аст, ки иқтисодиёти дарозмуддат дар доираи мизони инсонӣ қарор гирифта, ба аслҳои экологӣ ва технологияи «симои инсонӣ» дошта такя кунад ва дар маркази пажӯҳиш қарор гирад. Дар ин росто, метавон таъкид кард, ки арзиши ғояи гуманистии наврӯз дучанд гаштааст.  Имрӯз, чуноне Э.Кант қайд намудааст, ҳар як инсон барои дигаре ҳадаф бошад, на олот (барои дастёб шудан ба фараҳи эгоистии худ).  
         Ғояҳои гуманистиву умуминсонии наврӯз дар таълимоти ноосфера инъикос ёфтааст. Поягузори таълимоти ноосфера академик В.И Вернадский қайд намудааст, ки инсоният бо тамоми ҷузъу томаш нерӯи тавоноии биологӣ мегардад ва дар назди ӯ ва хиёбони андешааш масъалаи азнавсозии биосфера, ки ба манфиатҳои асилу заковати озоди тамоми инсоният бояд равон гардад, қарор гирифтааст. Ин вазъи нави биосфера, ки онро мо ҳоло ҳис накардему аммо ба он наздик омадем ноосфера мебошад. Ноосфера – «ноос» –хирад вазъи сифати нави биосфераи замин ва фазои назди болозаминӣ мебошад, ки зери таъсири фаъолияти инсон ташакулл ёфтааст. Таълимоти ноосфераи фарҳанг ва тамаддунро ба категорияи иқтисодиву иҷтимоӣ табдил медиҳад, ки вай самти моддигардии нерӯи иҷтимоии оммаро баҳо дода, сармояи иҷтимоиву фарҳангӣ ташаккул медиҳад ва ба иқтисодиёт характери гуманитарӣ мебахшад. Воқеан ҳам, ноосфера ин системаи «табиат-ҷамъият» буда, дар он ҳокимияти ақли инсонӣ мушоҳида мешавад ва ҷомеа чун элементи олии ташкилкунанда баромад мекунад. Ин фатҳи ҷаҳонбинии наврӯз ва ғояҳои ориёи хоҳад шуд. 
      Ҳамин тариқ, эволютсияи ҷаҳонбинии наврӯз ин раванди табиии эволютсияи таърихӣ, моҳиятан ба тамаддуни умумибашарӣ - тамаддуни наслҳои гузаштаву имрӯз ва фардои инсонӣ тааллуқ дорад. Ориёиҳо, маҳз ба тафаккуру андешаҳои созандагӣ ва тозаи худ, ки аз ҷаҳонбинии наврӯз ғизо мегирад, дар риштаи тамаддуни умумибашарӣ ворид шудаанд.  Аз ин ҷост, ки тараннуми наврӯз ва ашёгардии ҷаҳонбинии он, назар ба қаъри таърихи ниёгони худ, омӯзиши хислатҳои баланди инсонии онҳо, самимияту муҳаббати онҳо ба инсону табиат, ки бештар бо тозаандешӣ фарқ мекард, на танҳо барои тарбияи насли нави инсонӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандии воқеӣ, балки дар ҳалли муаммоҳои глобалӣ саҳми шоистае хоҳад гузошт. Падидаи ашёгардии ҷаҳонбинии гуманистии наврӯз он аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” дар ҳузур ва дастгирии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Мутобиқи ин Қатънома давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шудааст, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад ва ҳамасола 22 март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об эълон шудааст. 


Мирсаидов Аброр Бобоевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор                 

 


 

Меню: