Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/30/2022 - 15:58

Санаи 30 ноябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022 №74 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2022» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» баргузор гардид.
Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар кори конференсияи мазкур муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистонва дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Тибқи рӯзнома иштирокчиёни конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:
-    асосҳои илмии нақлиёт ҳамчун соҳаи мустақили иқтисодиёт ва мавқеи он дар сохтори иқтисодиёти миллӣ;
-    идоракунии комплекси нақлиётӣ дар шароити гуногунии шаклҳои моликият дар Тоҷикистон; 
-    таъмини рушди намудҳои алоҳидаи нақлиёт дар системаи ягонаи комплекси нақлиётии Тоҷикистон;
-    ташкили фаъолияти истеҳсолии инфрасохтори комплекси нақлиётии Тоҷикистон;
-    фоидаоварии комплекси нақлиётӣ дар рушди рақобатпазиррии иқтисодиёти Тоҷикистон;
-    нақши комплекси нақлиётӣ дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ва соҳаҳои алоҳидаи он (саноат, кишоварзӣ, сохтмон, туризм ва ғ.); 
-    таъсири долонҳои транзити байналмиллалии маҷмааи нақлиётии кишвар ба муносибатҳои иқтисодии берунии Тоҷикистон;
-    нақши комплекси нақлиётӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон;
-    комплекси нақлиётӣ ва кластеризатсияи иқтисодиёти миллии Тоҷикистон.
 

Меню: