Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/28/2022 - 11:21

Рӯзи 25 феврали соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани роҳбари семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи ИИваД барои соли 2022: «Муаммоҳои актуалии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон»
2. Ҳисоботи Шурои олимони ҷавони ИИваД АМИТ оид ба фаъолият дар соли 2021 
3. Ҳисоботи докторантон (PhD)-и соли сеюми таҳсили Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
4. Оид ба даровардани тағйирот ба ҳайати Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
5. Дастури Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2022, №16/10-44 оид ба Протоколи ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз 11 феврали соли 2022
6. Масъалаҳои ҷорӣ
 

Меню: