ХУШХАБАР!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 01/07/2026 - 09:34

ТАСДИҚИ УНВОНИ ИЛМИИ ДОТСЕНТӢ

Санаи 31.12.2025 бо Фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 514/уи унвони илмии дотсентии мудири Шуъбаи иқтисоди сабз ва рушди устувор Юнусзода Холмуроди Қурбоналӣ тасдиқ гардида, ба гирифтани унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси «Иқтисодиёт» мушарраф шуд. Ин дастоварди арзанда самараи фаъолияти пурсамари илмӣ-педагогӣ, заҳмати пайваста ва саҳми назарраси ӯ дар рушди раванди таълиму тарбия мебошад. Раёсати Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ итминон дорад, ки Юнусзода Х.Қ. минбаъд низ бо масъулияти баланд ва дониши амиқ дар омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва пешбурди илми ватанӣ хизмат хоҳад кард.
Ба устод Юнусзода Холмуроди Қурбоналӣ муваффақиятҳои нави илмӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештар орзумандем.

Меню: