Хабарҳо

СЕМИНАРИ НАЗАРИЯВӢ – “МУАММОҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН”

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 10/28/2024 - 15:35

   Санаи 28-уми октябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ доир ба гузаронидани семинарҳои илмӣ-назариявии доимоамалкунанда дар мавзӯи «Моделҳои муосири ояндабинии рушди иқтисодиёти кишвар» семинар баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, н.и.и. Муминова Ф.М., ходими пешбари илмии шуъбаи мазкур, н.и.и., Юнусзода Х.Қ. ва ходими илмии ҳамин шуъба Ишматова Д.А. баромад намуданд.

Конститутсия - бахтномаи миллат

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/25/2024 - 13:50

    Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иброз доштанд: “Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад” (Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия).

Мулоқот бо олимони варзидаи Ҷумҳурии Белорус

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 10/22/2024 - 10:18

    Санаи  22 октябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мулоқот бо олимони варзидаи Ҷумҳурии Белорус, ки таҳти роҳбарии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Беларус, доктори илмҳои иқтисодӣ Гурский Василий Леонидович ба институт ташриф оварда буданд, баргузор гардид. Дар мулоқот директори Институти иқтисодиёт ва демография, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва муовини директори институт, доктори илмҳои иқтисодӣ, професср Мирсаидов А.Б. иштирок доштанд.

Мизи мудаввар дар мавзӯи Ноҳиябандии инфрасохтори истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 10/22/2024 - 09:59

    Санаи 22 октябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар доираи Нақша-чорабиниҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки кормандони Институт мизи мудаввар дар мавзӯи “Ноҳиябандии инфрасохтори истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор карда шуд.

КОНСТИТУСИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТ: ИҚТИСОДИЁТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 10/21/2024 - 15:35

 “Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд”. (Аз Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.04.2014) 

Обуна ба Хабарҳо