Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ
Санаи 26 сентябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои камбизоатӣ ва баробарӣ - Оберт Пимхидзай (иқтисодчии пешбар), Алишер Раҷабов (иқтисодчии калон), Чигу Ню (иқтисодчӣ), Илҳом Алиев ва Маҳваш Қаландарова (коршиносон) баргузор гардид.