ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/11/2025 - 10:23

Санаи 11 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он ходими илмии шуъбаи тадқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Мадаминов А.А. дар мавзӯи «Механизмҳои баланд бардоштани устувории иқтисодии корхонаҳои соҳаи шири ҶТ» баромад намуд. Маърузачӣ оиди зарурати таҳкими асосҳои молиявӣ-иқтисодӣ, такмили низоми идоракунӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ширӣ дар бозори дохилӣ сухан ронд.

Семинари илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 09/06/2025 - 16:31

Санаи 06 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и. Холбобоев Ф.С. дар мавзӯи «Соҳибистиқлолӣ - кафолати ояндаи кишвар» баромад намуда, оиди дастовардҳо дар 34 соли Истиқлолият сухан ронданд. Дар рафти чорабинии мазкур, инчунин, ходимони илмии Институт Ш.Раҳимзода, Шарифзода Б.М., Алимов А.Л., Хоналиев Н. ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Самараи неки Истиқлолият

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 09/06/2025 - 15:01

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият дар ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи таҳсилот низ аз ҷумлаи онҳост. Рушди соҳаи таҳсилот омили асосии баланд гардидани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад. Ниҳон нест, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо, махсусан, соҳаи таҳсилот дучори буҳрони шадид гардид. Аксарияти мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб, ки аз фаъолият бозмонда, бештари толибилмон таҳсилро тарк намуданд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 09/05/2025 - 11:34

Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.
Эмомалӣ Раҳмон

Семинари илмӣ назариявии доимоамалкунанда

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/04/2025 - 15:13

Санаи 04 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи тадқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л. дар мавзуи «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» баромад намуда, оиди рушди иқтисодиёт дар ин давра ва тағйиротҳои институтсионалӣ сухан ронданд. Дар рафти чорабинии мазкур, инчунин, ходимони илмии Институт Ш.Раҳимзода, Мирсаидов А.Б., Саидмуродзода Л.Ҳ., Хоналиев Н., Холбобоев Ф.С. ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуданд. 

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ