НАВРӮЗ – РӮЗИ НАВ ВА ИДИ ҚАДИМТАРИНИ АҶДОДИИ МОСТ
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари дигар анъанаву ойинҳои миллӣ, таваҷҷуҳ ба ҷашнҳои бостонӣ ҳам беш аз беш афзуд. Ҳоло аксари ин ҷашнҳои қадимӣ ба таври расмӣ гиромӣ дошта мешаванд. Имрӯз кам нафаре пайдо мешавад, номҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро нашунида, ва дар чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашнҳо иштирок накарда бошад. Чунки дар иҷрои барномаҳои фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа ва пеш аз ҳама омӯзгорону донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ-илмӣ ва ходимони илмии АМИТ ҳам саҳми барҷаста доранд.