ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 03/07/2023 - 16:28

07 марти соли 2023 бо иштироки кулли бонувони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» чорабинии идона баргузор гардид. Директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода тамоми занону бонувони Институтро бахшида ба «Рӯзи модар» табрик намуда, зикр карданд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар як фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад. 

Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: WWW.IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 02/23/2023 - 11:30

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.

Раванди омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 02/08/2023 - 16:11

Санаи 8-уми феврали соли 2023 дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба нақшаи баргузории дарсҳои кушоди сиёсӣ омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 ба роҳ монда шуд. Дар чорабинии мазкур, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат – муҳаррики рушди ҷомеа» баромад намуданд.

Семинари илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 01/31/2023 - 19:44

31 январи соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Сиёсати пулӣ: моҳият ва муаммоҳои пешбурди он» баромад намуданд.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ