Мулоқот бо олимони варзидаи Ҷумҳурии Белорус
Санаи 22 октябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мулоқот бо олимони варзидаи Ҷумҳурии Белорус, ки таҳти роҳбарии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Беларус, доктори илмҳои иқтисодӣ Гурский Василий Леонидович ба институт ташриф оварда буданд, баргузор гардид. Дар мулоқот директори Институти иқтисодиёт ва демография, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва муовини директори институт, доктори илмҳои иқтисодӣ, професср Мирсаидов А.Б. иштирок доштанд.