ИСТИҚЛОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Истиқлолият доштан муҳимтарин сифати сиёсию ҳуқуқии давлатдорӣ буда, озодона қарор қабул намуданро дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ифода менамояд. Волояти истисноии ҳокимияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳо, масъулияти олӣ доштан дар қабули қарорҳои сиёсию иқтисодӣ ва эътироф шудан ба сифати субъекти асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ин унсурҳои асосии истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.