ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шурои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/31/2025 - 10:48

Санаи 31-юми октябри соли 2025 дар Институти иктисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:
1. Доир ба интизоми меҳнат ва иштироки кормандон дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ
2. Арзёбии фаъолияти ҳуҷҷатнигорӣ дар шуъбаи кадрҳо ва шуъбаҳои илмии Институт
3. Оид ба рафти иҷрои мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021)

Маҳфили илмию адабии «Хирад»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ИЛМИ ИҚТИСОДИ МУОСИР: КОНСЕПСИЯҲО, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМО

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 10/30/2025 - 15:32

Санаи 30-юми октябри соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло бахшида шуд.

ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ ВА ТАСАЛИЯТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 10/20/2025 - 08:59

Раёсати Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Мирзоев Фирӯз Кароматуллоевич, мудири анбори шуъбаи хоҷагии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати фавти ПАДАРАШ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои вазнин ба аҳли наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.

Рӯҳи Падар шоду манзили охираташ обод бошад!
 

ФОРУМИ ДУЮМИ КОРШИНОСИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ - РУСИЯ: РӮЗНОМАИ РУШДИ МУШТАРАК»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 10/11/2025 - 09:24

    Санаи 11-уми октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид.

БАРАНДАИ ОЗМУНИ “ТАРАННУМИ ВАТАН”

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 10/06/2025 - 11:19

     Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
      Дар ин Озмун магистранти Иниститути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷавони донишманду соҳибхирад Ҷасурбек Султонов иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур сазовори мақоми “ҶОИ ИФТИХОРӢ”-ро касб намуд.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ