Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №44 аз 27 октябри соли 2017 (тамдид №245 аз 8.11.2019 сол) дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 аз рӯи ихтисоси (PhD), аз рӯи ихтисосҳои 6D051000 - идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва 6D051800 - идоракунии лоиҳаҳо, ҳамчунин, аз рӯи дараҷаи номзади илми иқтисодӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.13.10 - Идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, 05.02.22 - ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) таъсис дода шуда буд, ки аз онҳо:
- дар соли 2018 - 10 нафар ҳимоя намуданд (2 нафар зан), ки аз онҳо 1 нафар корманди Институт ва 1 нафар унвонҷуи Институт;
- дар соли 2019 - 18 нафар ҳимоя намуданд (6 нафар зан), ки аз онҳо 1 нафар корманди Институт ва 11 нафар унвонҷуёни Институт;
- дар соли 2020 - 18 нафар ҳимоя намуданд (4 нафар зан), ки аз онҳо 5 нафар корманди Институт ва 7 нафар унвонҷуёни Институт;
- дар соли 2021 - 13 нафар ҳимоя намуданд (5 нафар зан), ки аз онҳо 3 нафар корманди Институт ва 5 нафар унвонҷуёни Институт мебошанд.
Дар давраи фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 59 нафар диссертатсияҳои илмии худро бо муваффақият ҳимоя намудаанд, аз ҷумла, 1 нафар доктор аз рӯи ихтисос (PhD), 58 номзадҳои илм.
Баъди ба итмом расидани муҳлати фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 мутобиқи бандҳои 9 ва 18 Низомномаи муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2021, №270) ва банди 15 Низомномаи шурои диссертатсионӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267) ва Тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №17ш/д аз 07 январи соли 2022 (тағйиру иловаҳо дар ҳайати Шурои диссертатсионӣ аз 29.11.2022 таҳти №268ш/д.) Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017 аз рӯи ихтисосҳои 6D050700 - Менеҷмент (6D050704 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) ва 6D051000 - Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (6D051003 - Амнияти иқтисодй) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодй ва доктори илмҳои иқтисодй аз рӯйи ихтисосҳои 08.00.06 - Иқтисодиёт ва идоракунй тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.01 - Амнияти иқтисодй ва 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуд.
Дар давраи фаъолият дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017:
- дар соли 2022 - 5 нафар ҳимоя намуданд, ки аз онҳо 2 нафарашон зан мебошад;
- дар соли 2023 - 18 нафар (ду нафар докторӣ) ҳимоя намуданд (4 нафар зан), ки аз онҳо 3 нафар корманди Институт ва 3 нафар унвонҷуёни Институт мебошанд;
- дар соли 2024 - 6 нафар (як нафар докторӣ) ҳимоя намуданд (2 нафар зан), ки аз онҳо 1 нафар корманди Институт ва 1 нафар унвонҷуёни Институт мебошанд.