Чоршанбе, Август 20, 2025

ТАҲИЯИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 08/20/2025 - 13:59

Таърихи пайдоиши муҳоҷирати аҳолӣ аз рӯзи ба дунё омадани инсон оғоз меёбад ва он дар ҳамаи давру замон, то ин ки инсон дар сарзамину олами табиӣ вуҷуд дорад, ба амал меояд. Яъне, дар баробари мавҷудияти инсон дар ин дунё, ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ  буд, ҳаст ва боқӣ мемонад ва он қонунияти худро дорад.