ТАҲИЯИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН
Таърихи пайдоиши муҳоҷирати аҳолӣ аз рӯзи ба дунё омадани инсон оғоз меёбад ва он дар ҳамаи давру замон, то ин ки инсон дар сарзамину олами табиӣ вуҷуд дорад, ба амал меояд. Яъне, дар баробари мавҷудияти инсон дар ин дунё, ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ буд, ҳаст ва боқӣ мемонад ва он қонунияти худро дорад.