Боздиди ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз МОИ «Данғара»
Дар доираи татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноаткунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат, санаи 06-уми декабри соли 2024 ходимони илмии Институт дар ҳайати директори Институт – д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, н.и.и.