Чоршанбе, Ноябр 13, 2024

Нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/13/2024 - 08:20

Имсол Тоҷикистони азизи мо ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил намуд, ки чунин як гавҳари бебаҳо осон ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар фарди тоҷику тоҷиктстонӣ аст.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз вазниниҳои солҳои аввал муваффақиятҳои бузург ба даст омадааст.  

МИЗИ МУДДАВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН таҳти унвони “ОЛИМОНИ ҶАВОН – ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/13/2024 - 10:30

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Шурои олимони ҷавони АМИТ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳнамоии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобасати АМИТ, профессор ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ санаи 13.11.2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи муддавар таҳти унвони “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди савдои хориҷии кишвар” баргузор гардид.