Панҷшанбе, Август 15, 2024

Семинари илмӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 08/15/2024 - 14:30

     Дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори протоколи ҷаласаи назоратии назди президенти АМИТ аз 12.08.2024, №29 санаи 15-уми августи соли 2024 дар толори Шурои олимони муассиса семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он ду маърӯза «Воридоти молу хизматрасонӣ ҳамчун омили таъсиррасон ба рушди содироти кишвар» (баромадкунанда - н.и.и., ходими пешбари илмӣ Юнусзода Х.Қ.) ва «Оценка вклада государственного финансирования в динамику экономического роста» (баромадкунанда - ходими илмӣ Ишматова Д.А.) рӯйнамо (презентатсия) шуд.
     Дар маърӯзаи аввал сухан оид ба таҳлили таъсири воридоти молу хизматрасонӣ ба рушди иқтисодӣ, аз ҷумла, таносуби содирот ва воридот дар кишварҳои ҷаҳон (аз рӯи методикаи тақсимоти Бонки ҷаҳонӣ) рафт. Қайд гардид, ки таъсири воридоти мол ба афзоиши содироти молу хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили регрессионӣ муайян карда шудааст. Дар баробари ин, воридоти молу хизматрасониҳо ба 4 категория тақсим карда шудаанд, ки барои муайян кардани нақши воридот ба рушди иқтисодии мамлакат кумак мерасонад.
     Маърӯзаи дуввум бошад, ба арзёбии таъсири маблағгузории давлатӣ дар таъмини рушди иқтисодӣ бахшида шуд. Зикр гардид ки таъсири категорияҳои гуногуни хароҷоти давлатӣ, аз қабили хароҷот дар бахши ҳокимият ва идораи давлатӣ, маориф, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, солимгардонӣ ва динӣ, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва шикор, истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок; дар саноати маъдан, сохтмон, оид ба рушди иқтисодӣ бо истифода аз модели эконометрикӣ баррасӣ шудааст.