Чоршанбе, Апрел 24, 2024

Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 04/24/2024 - 14:10

Санаи 24 апрели соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рушди босуботи идораи молияи давлатӣ дар партави иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иштирок ва дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ ва нақши он дар идораи молияи давлатӣ» маърӯза намуданд. 

Шарҳу тавзеҳи мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини аҳли кишвар аз 9-уми марти соли 2024 ва эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 04/24/2024 - 14:28

Санаи 24-уми апрели соли 2024 ҷиҳати иҷрои банди 20-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2024 оид ба амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми марти соли 2024 ва  қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 01-уми апрели соли 2024, №37 дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АМИТ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 вохӯ