Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва таҳкими пойдории суботи кишвар

Submitted by IED.TJ on Friday, January 3, 2025 - 10:21am

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 манзур гардид, зикр намуданд, ки «Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд» ва «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст».
Ҳамчунин, дар Паёми Пешвои муаззами миллат дастовардҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба тариқи мушаххас, равшан ва таҳлили амиқ оварда шуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ нишон дода шудааст. Дар Паём гуфта мешавад, ки «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст». Таҳлили оморӣ чунин аст, ки «Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд … ва дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод». 
    Аммо, мо бояд таърихи на чандон дури худро фаромӯш накунем ва ба қадри дастовардҳои кишварамон бирасем. Зеро, ҳоло ҳам таҳдиди хатарҳо вуҷуд доранд ва онҳо дар Паёми пешвои муаззами миллат чунин қайд карда шудаанд: «Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем» ва «Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ба бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд. Махсусан, Тоҷикистон бар асари дахолати беруна ва ноустувории сиёсати дохилӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда буд, ки он пеш аз ҳама ба куштор ва нотинҷӣ дар қисмати зиёди кишвар, ҳиҷрат намудани мардум ба давлатҳои ҳамсоя, шадидан паст гардидани сатҳи зисти мардум таъсири манфии худро гузошта буд.   
Дар ин давра, дар шаҳру ноҳияҳои марказ ва ҷануби кишвар силоҳдорони ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои мухолифи давлат амал мекарданд, ки на танҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар минтақаҳои ҷангзада, балки мақомоти марказии идораи давлатиро низ фалаҷ гардонида буд ва мувофиқан мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар тамоми минтақаҳои кишвар пурра фалаҷ карда буд. Аммо, шукр, ки дар Тоҷикистон дар натиҷаи чораҳои таъхирнопазире, ки дар соҳаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ андешида шудаанд, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Махсусан, баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва Сардори давлат интихоб карда шуд, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Дар натиҷаи чораҳои қатъии андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат ҷорӣ гардида, дар минтақаҳо низ фаъолияти ҳокимияти давлатӣ устувор гардид. 
Вазъияти душвор, ки дар натиҷаи қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз кор бозмондани корхонаҳои бузург ба вуҷуд омад, дигаргун кардани низоми иқтисодиро тақозо намуд. Ҳамчунин, касодии хазинаи давлатӣ водор мекард, ки дар соҳаи иқтисод хусусигардонӣ ба роҳ монда шуда, сармоягузории хориҷию ватанӣ ҷалб карда шавад. 
Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худ чун омили муҳимтарини сафарбар кардани тамоми мардуми Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти таъхирнопазир арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки дар солҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт, низоми идоракунӣ ва иқтисодии кишвар, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои ҷангзада комилан аз байн рафта буд.
Барои барқарор кардани низоми сиёсӣ ва фаолияти мӯътадили ҳокимияти давлатӣ ҳам дар сатҳи идораҳои давлатии марказӣ ва махсусан дар минтақаҳо пеш аз ҳама сулҳ ва ваҳдати миллӣ бояд таъмин мегардид. Мушкилоти хеле ҷиддие, ки назди ҳукумати кишвар меистод, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ва ба зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаю мӯътадил оғоз кардани онҳо буд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз вазниниҳои солҳои аввал муваффақиятҳои бузург ба даст омадаст.  
    Аз соли 1994 сар карда, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли ин масъалаҳои хеле мушкил вусъат бахшида, барои ба ватан баргаронидани гурезагон, ки бештари онҳо аз минтақаҳои ҷануби кишвар буданд, чораҳои қатъӣ ва таъсирбахш андешид. 
     Бояд зикр намуд, ки то солҳои 2000-ум ва қабули Конститутсия  аз тариқи раъйпурсии умумӣ, як силсила қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ қабул гардиданд, ки барои ба низом овардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мусоидат намуданд. Аз ҷумла, барои маблағгузории фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, такмили сохтори идораи давлатӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ, тақсим кардани замин ба аҳолӣ, ҷалби грантҳои созмонҳо ва бонкҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷ ба роҳ монда шуд, ки барои ба вуҷуд омадани инфрасохтори идоравӣ ва иқтисодӣ дар маҳалҳо кӯмак намуд.
Яке аз сабабҳои қафомонии инкишофи маҳалҳо комил набудани заминаҳои қонунгузорӣ дар фаъолияти онҳо буд. Чунончи, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳали шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳо бо ҳамин сабаб ба натиҷаҳои назаррас дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба зудӣ ноил намешуданд. Нокифоя будани маблағҳои буҷа барои пардохти маош, харидани техника ва маводи зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомоти маҳаллӣ, қафомонӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди реалӣ, заиф гаштани низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва мавҷуд набудани низоми суғуртаи иҷтимоӣ, хароб гаштани соҳаи маорифу тандурустӣ рушди маҳалҳоро суст карда буд.
Вале, ба туфайли кӯшишҳои ниҳоят ҷиддӣ ва андешидани чораҳои таъсирбахш аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан боиси устувор шудани низоми сиёсию иқтисодӣ дар тамоми қаламравӣ кишвар гардид.
Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ва муайян шудани иқтисоди бозоргонӣ чун самти асосии ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳал куллан дигаргун шудаанд. Аз ҷумла, мувофиқ ба иқтисоди бозоргонӣ, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ аз вазифаҳои хоҷагидорӣ ҷудо гардида, ба масъалаҳои иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои бахши хусусӣ дахолат кардан манъ карда шуд. Вазифаи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар бахши воқеии иқтисод ин ташкил намудани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид барои таъсис дода шудан ва рушди бемайлони соҳибкорӣ муқаррар гардид. Ҳокимияти давлатӣ дар маҳал муттасаддии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, ободонии минтақа ва ғайра гардид.
Мақомоти асосӣ, ки дорои қобилияти қабули қарорҳои сиёсиро дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд, Кумитаи Марказии ҳизби Коммунистӣ маҳсуб меёфт. Мақомоти тарҳрезикунандаи нақшаи давлатӣ (Госплан) қарорҳои қабулгардидаи сиёсиро ба тарҳи иқтисодӣ гузаронида, онро ҳамчун дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ пешниҳод менамуд. Нақшаи асосӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин дурнамои панҷсолаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҳсуб меёфт. Ба таври расмӣ қонунӣ намудани нақшаҳо ва дигар қарорҳои муҳим аз ҷониби Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мегардид. Баъдан лоиҳаҳои нақшаҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ барои мувофиқа ба сатҳҳои поёнии ҳокимияти намояндагӣ – Шӯроҳои Олии ҷумҳуриҳои шӯравӣ, Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ фиристода мешуд. Интиқоли қарорҳои сиёсӣ бо се роҳ амалӣ мегардид: ҳизбӣ (сохтори мақомоти ҳизбӣ), шӯравӣ (сохтори ягонаи мақомоти намояндагӣ) ва маъмурӣ (мақомоти ҳокимияти иҷроия). Дар баробари ин, сохтори ҳокимият бо чунин тарз сохта шуда буд, ки дар амал ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо дастур аз боло вазифадор буданд, то тамоми нерӯи худро барои иҷрои қарорҳои болоӣ сафарбар созанд. Ва чунин системаи қатъӣ маҳсули ҷиддиро ба даст меовард: сар додани мушаки кайҳонӣ, сохтмони БАМ, аз худ намудани даштҳои бекорхобида ва дигар дастовардҳои бузург. Аммо, дар баробари ин сарфаи нерӯ, самаранокии иқтисодӣ, омили инсонӣ ва дигар маҳфумҳои ба ин монанд, ба инобат гирифта намешуд. Бо гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ва шаклҳои мухталифи моликият ва рад кардани идораи марказонидашудаи иқтисодӣ, ки боиси ғайридавлатӣ шудани сектори иқтисодӣ гардид, зарурияти дигаргун сохтани сохтори маъмурикунонии равандҳои рушдро пеш овард. Дар шароити соҳибкории хусусӣ идоракунии давлатӣ, муносиботи дуҷониба ва бисёрҷониба ранги дигар гирифт ва ба мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия – вазорату идораҳои марказӣ, ҳам барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ вазифаҳои навро пеш овард. Дар шароити нав, зарурат пеш омад, ки шакл ва усули кору фаъолият аз фармондеҳӣ ба усули таҳияи сиёсат, таҳлил ва пешгӯиҳо иваз намоянд. Ҳамзамон, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ, бо назардошти ворид намудани принсипҳои демократӣ ва иқтисоди бозорӣ зарур шуд, ки шакл ва услуби идоракуниро тағйир диханд. Ҳолати буҳронии иқтисодӣ ва камчинии буҷавии ҳамаи сатҳҳои ҳудудӣ, заруриятро барои аз нав дида баромадани муносибат ба рушди маҳаллӣ, бо истифода аз технология ва захираҳо ба самти баланд бардоштани масъулияти мақомоти идоракунии маҳаллиро пеш овард. Дар ин ҳолат, саволи асосӣ чунин гузошта шуд: дараҷаи оптималии тақсими вазифаҳо миёни мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллию худидоракунии маҳаллӣ кадом аст? Бешак, танҳо тақсими оптималии вазифаҳо миёни мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллию худидоракунии маҳаллӣ метавонад мавқеи устувори минтақаю маҳал, ҳамчунин ташакул ва рушди барномавии маҳалро таъмин намояд. Чунин мавқеъ воҳидҳои маҳаллиро барои ҳаллу фасли масъалаю мушкилоти сатҳи маҳаллӣ тавассути таҳия барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳангсозии барномаҳои миёнамӯҳлат бо барномаҳои соҳавӣ ва мувофиқаи ҳамаҷонибаи онҳо бо вазорату идораҳои марказӣ устувор гардонидааст. Аз ҷумла, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон дар мавриди масъалаҳои иқтисодӣ ва идоравӣ, бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои  молиявӣ-буҷавӣ ва ҷудо гардидани дотатсия, субвенсия, субсидияҳо ва трансфертҳои марказӣ дар доираи муносибатҳои байнибуҷавӣ ва дигар мақомоти марказӣ мувофиқа карда мешаванд ва чунин тартиб кафолати иҷроиши чорабиниҳои дар сатҳи маҳал ба нақшагирифташударо таъмин менамояд. Яъне, тағйироти сохтори идораи давлатӣ аз марказ то ба маҳал чунин сурат гирифтааст, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мавқеи иҷрочии сатҳи ҳудудӣ, ки мақомоти маҳалии идоракунро ҳамчун ҷузъи поёнии механизми ягонаи бюрократӣ меҳисобиданд, ба мавқеи мақомоти ваколатдор ва салоҳиятдори сатҳи маҳаллӣ табдил гаштааст. Чунин гузариши ҷиддӣ қарорҳои хеле қатъии сиёсиро аз ҷониби роҳбарияти давлат ва дар амал ворид намудани қоидаҳои комилан нави идоракунии марказию маҳаллиро тақозо менамуд, зеро ташаккули системаи масъулияти мақомоти ҳудидоракунӣ бе ташкили ҳокимияти маҳаллии шакли муносиб ғайриимкон аст. Чунин ислоҳоти хеле ҷиддии системаи идораи давлатӣ ва тағйири сиёсати тақсими вазифаю ваколатҳо миёни сатҳҳои гуногуни идораи давлатӣ на танҳо рушди устувори мақомоти сатҳи маҳалро, балки робитаи устувори институтсионалиро миёни ҷомеаи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро таъмин намудааст. 
Самт ва сатҳи рушди минтақаҳоро дар давоми солҳои Истиқлоияти давлатӣ ҷамъбаст намуда, гуфта метавонем, ки имрӯз, Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумлаи давлатҳои рушдёфта эътироф шуда, тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодии он мӯътадил гаштаанд ва мувофиқан, тамоми минтақаҳои кишвар дар ин давра ислоҳ ва рушд кардаанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷангзада бо мардуми пароканда, бо хатари аз байн рафтан ва порча-порча тақсим шудан рӯ ба рӯ буд. Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ ҷумҳурии мо ба як давлати мустақил, пешрав бо мардуми хушбахту ободкор, бо иқтисоду иҷтимоиёти устувор табдил ёфта, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Сулҳу ваҳдате, ки пойдор шуд, барои боз ҳам васеъ шудани фазои демократия ва имкониятҳои иқтисодию соҳибкории аҳолӣ мусоидат карда, дар бисёр соҳаҳои иқтисоди реалӣ иқтидори содиротии кишвар сол то сол зиёд шуда истодааст. Рушди минтақаҳо низ, мувофиқан, чун марҳилаи муҳим ва муваффақ дар пешрафти умумии иқтисодию иҷтимоии кишвар арзёбӣ карда мешавад. 

Алимов А.Л., н.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҷалилзода Д.Р., н.и.и., Котиби илмии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.