ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН – ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ

Submitted by IED.TJ on Friday, June 21, 2024 - 10:44am

Санаи 21 июни соли ҷорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони муассисаҳои илмии Тоҷикистону Чин семинари байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин – шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ» баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоишгоҳи дастнависҳои хаттии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, тааассуроти хешро доир ба фарҳангу осори шоирону мутафаккирони барҷастаи тоҷик иброз намуданд.
Ба кори конфронс директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусаттор ҳусни оғоз бахишда, доир ба моҳияти баргузории ҳамоиши мазкур андешаҳои худро баён доштанд.
Ҳамзамон, дар кори семинари байналмилалӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Ш.Раҳимзода иштирок ва дар мавзӯи «» рӯйнамо (презентатсия) намуданд.