Санаи 28 ноябри соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №71 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2023» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосир ва рушди кувваҳои истеҳсолкунандаи соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конференсияи мазкурро бо сухани муқадиммавӣ муовини директори Институт оид ба корҳои илм ва таълим, д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б. оғоз намуданд.
Дар кори конференсияи мазкур намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.