14 апрели соли 2023 дар толори Шӯрои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 31 марти соли 2023 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Зарурат ва шартҳои татбиқи ислоҳоти пулию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» баргузор намуд.
Дар кори конференсияи мазкур Ҷонмамадов Ш.Б. – д.и.и., сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ дар мавзӯи «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пеш аз ислоҳоти иқтисодӣ»; Бобозода Ғ.Ҷ. – н.и.и., ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ дар мавзӯи «Зарурият, шартҳо ва заминаҳои ворид намудани асъори миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Раҳимзода Ш. – директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор дар мавзӯи «Ислоҳоти пулӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000-ум» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.