МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «НАВОВАРОН»-И ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ

Submitted by IED.TJ on Friday, June 10, 2022 - 3:50pm

Тибқи Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз 9 апрели соли 2022 №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2022 №24 санаи 10 июни соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис Қурбонова Ширин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи масъалаи якуми рӯзнома Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Сипас, бо пешниҳоди аъзоёни ташкилот раис, муовини раис ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб гардиданд. Ҳамзамон, вакилон барои иштирок дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ пешбарӣ гардиданд. Қурбонова Ширин зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҲХДТ дар тули фаъолияти худ дар кишвар ба сифати як ҳизби пешоҳанги ҷомеа масъулияти олии ватансозиро ба зимма дошта, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдоронаш идеологияи миллиро бунёд ва тарғиб менамояд. Дар доираи амали Барномаи ҲХДТ самтҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар рушд ёфта, сатҳи некӯаҳолии мардум боло рафта истодааст.