Дар санаи 1 июни соли 2022 дар Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ якҷоя бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар остонаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон дар таърихи 2-3-юми июни соли равон сурат гирифт. Конференсияро директори Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров ифтитоҳ намуд. Ҳамчунин, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Фурқат Сидиқов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур суханронӣ намуданд.
Дар кори конфронс аз ҷониби Узбекистон директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ҷумҳурии Узбекистон Обид Ҳакимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон Баҳром Абдуҳалимов, директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Акрам Неъматов, инчунин мутахассисон ва коршиносони Вазорати корҳои хориҷӣ, Институти мероси ҳарбӣ ва омӯзиши муосири Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Узбекистон, Донишгоҳи миллии Узбекистон, Донишгоҳи ҷаҳонии иқтисодиёт ва дипломатия, Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми иқтисод Шариф Раҳимзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови АМИТ Назар Муъмин, директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Гузел Майтдинова, инчунин кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар атрофи ҳадафҳои дар Конфронс матраҳгардида оид ба масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Узбекистону Тоҷикистон, ва таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ҷиҳати робитаҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва маданию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд.
Директори Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Носиров изҳор дошт, ки аҳамияти чорабинии имрӯзаро маҳз замоне нишон медиҳад, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои муштараки роҳбарони давлатҳоямон – муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон – риштаҳои дӯстии чандинасраи тоҷикону узбекҳо ва ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷабҳа дар тамоми соҳаҳо бидуни истисно ба пешрафти бесобиқа ноил гардиданд. Имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ҳалли худро ёфтаанд - масъалаҳои сарҳадӣ ҳал карда шуданд, низоми раводид лағв карда шуд, фаъолияти пурраи гузаргоҳҳо аз сар гирифта шуд, робитаҳои дуҷонибаи нақлиёт ва коммуникатсия барқарор карда шуданд, масъалаҳо дар соҳаи амният, истифодаи муштараки захираҳои обу энергетикӣ ҳалли худро ёфта, робитаҳои зичи байниминтақавӣ барқарор гардида, ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ нафаси тоза гирифтанд. Аз ҳамкориҳои босуръат рушдёбандаи доираҳои коршиносӣ ва таҳлилӣ изҳори қаноатмандии хоса гардид. Мамлакатҳои мо барои инкишоф додани ҳамкории зичи ҳар ду иқтисодиёт иқтидори калони истифоданашуда доранд. Онҳо таваҷҷуҳро ба он ҷалб карданд, ки имрӯз аз ҳарвақта бештар муттаҳид кардани нерӯҳо, имконот ва зарфиятҳои кишварҳоямон, боз ҳам амиқтар кардани ҳамкориҳои судманд аз ҳар ҷиҳат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак муҳим аст ва барномаҳое, ки дӯстӣ ва ҳамсоягии неки моро ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд, айни замон зурур арзёбӣ мегарданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор қайд кард, ки айни замон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ҷумҳурҳои Узбекистон ва Тоҷикистон, ҳама масъалаҳои мушкили байни кишварҳои мо бартараф карда шуданд. Вай таъкид кард, ки дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон як қатор масъалаҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. Муҳимтарин натиҷаи музокирот имзои Эъломияи дӯстии абадӣ хоҳад буд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ такон мебахшад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, дар навбати худ, гуфт: олимон, коршиносон ва муҳаққиқони кишварҳои мо бояд аз шароите, ки роҳбарони ду давлат фароҳам овардаанд, истифода баранд. Муқаррар кардани равобити густурда, дар ҳамоҳангӣ баррасӣ ва пажӯҳиш намудани мушкилиҳои минтақавӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ айни замон талаботи муосир маҳсуб мешавад. Ин кумак хоҳад кард, ки ҳам ба таҳкими муносибатҳои дутарафаи Тоҷикистону Узбекистон ва ҳам рушди минтақавии Осиёи Миёна дар маҷмуъ мусоидат мекунад.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода таъкид кард, ки ҳамкориҳои мутақобилаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон намунаи ибрати дигар кишварҳои минтақа дар дарёфт ва ҳалли оқилонаи мушкилоти зиёд аст. Директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки робитаҳои кишварҳо таърихи ҳазорсола доранд. Номбурда изҳори боварӣ кард, ки ҳамкории мо бояд барои ривоҷи минбаъдаи алоқаҳои ба ҳамдигар фоидабахши иқтисодӣ дар минтақа ва ба вуҷуд овардани бозори ягона намунаи ибрат гардад. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Рустамова ҳамчунин қайд кард, ки ба шарофати фаъолияти пурсамар ва фаъоли соҳибкорони мо беш аз 300 корхонаи муштарак таъсис ёфта, гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар шаш соли охир 37 баробар афзудааст.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода таъкид дошт, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистони бародарӣ — воқеаи муҳимтарини таърихи навтарини муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мебошад. Ба қавли мавсуф, “кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон метавонанд дар амалияи худ аз модели имрӯзаи беназир ва намунавии ҳамкориҳои Узбекистон ва Тоҷикистон, ки калиди суботи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ба таври васеъ барои рушди иқтисодии минтақавӣ судманд аст, истифода баранд. Сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Ҳ. Комрон таъкид кард, ки барои пешгӯии минбаъдаи вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаи манфиатҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Миёна ҳамкориҳои коршиносӣ ва таҳлилӣ зарур аст.
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Назар Муъмин дар бораи таъсиси Маркази илмии Синошиносӣ дар назди Институте, ки алҳол номбурда сарвараш мебошад, суханронӣ намуд. Ба гуфтаи мавсуф, олими бузург Ибни Синоро иштибоҳан танҳо табиби моҳир меҳисобанд, вале вай мероси бузурги фалсафии то ҳол амалан тадқиқнашуда ёдгор гузоштааст. Омӯзиш ва таблиғи осори ӯ барои пешгирӣ аз гаравидани аҳолӣ ва ҷавонони Осиёи Марказӣ ба ақидаҳои гуногуни харобиовар мусоидат мекунад. Коршиносони Узбекистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон ва музокироти сатҳи олии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои моро боз ҳам амиқтар хоҳад кард. Ҳамзамон таъкид шуд, ки афзоиши ҳамкориҳо ба зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандони ду кишвар таъсири мустақим дошта, ба рушди устувор ва болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Қабл аз оғози чорабинӣ миёни Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Академияи миллии улуми Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур гузаронидани тадқиқоти муштарак дар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ташкили конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва ғайраро пешбинӣ мекунад.