ОЛИМИ БОАМАЛ ВА ДИПЛОМАТИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛ

Submitted by IED.TJ on Tuesday, March 15, 2022 - 5:05pm

       ё худ дар маънии ин ки таҷрибаи олудагии илм бо сиёсат бузургтарин дастоварди замони муосир маҳсуб мешавад ва набояд инчунин авомили густурдаи таҷрибаи ҷаҳониро инкор кард...
       Ба ифтихори 84-солагии донишманд бахшида мешавад...
Дар дунё олимони муваффақ дар самти раҳбарӣ ва дар низомҳои мухталиф пешоҳанг ангуштшуморанд. Як нафар дар аксари мавридҳо дар як низоми сиёсӣ комёб гардидааст, чунки донистани низоме онҳоро водор мекунад, ки алайҳи низомҳои дигар вокуниш нишон диҳанд. Аммо академик Талбак Назаров на танҳо чун пажӯҳишгари давраи Шӯроҳо, балки беҳтарин муҳаққиқи низоми иқтисоди бозорӣ ва дипломатияи замони Истиқлолият мебошад. Назар ба осори илмии давраи Шӯравӣ, ки бештар ба идеологияи сотсиолистӣ такя мешавад, академик дар аҳди мушкилиҳои ҷанги дохилӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мақолоту монографияҳои ҷолибе нигоштааст, ки ӯро чун соҳибқалам дар ҷаҳони муосир муаррифӣ мекунад. Аз шумори онҳо метавон рисолаҳои зайлро ном бурд, ки инъикосгари низоми иқтисоди бозорӣ ва мушкилиҳои дипломатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ дониста мешаванд:
1. “Буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ”;
2. “Илми иқтисод ва баъзе масъалаҳои татбиқи ислоҳот дар иқтисоди Тоҷикистон”;
3. “Ислоҳоти иқтисодӣ: ҷустуҷӯи анвои муосири рушди он”;
4. “Тоҷикистон ва Чин: 20 соли ҳамкориҳои судманд”;
5. “Авомили дохилӣ ва хориҷии рушди иқтисодиёт”;
6. “Ислоҳоти иқтисодӣ, робитаҳо ва амният”
ва ҳоказо, ки бо забони русӣ таълиф ёфтаанд. Акнун мутаваҷҷеҳ шавед ба рӯйхати китобҳое, ки академик Талбак Назаров солҳои 70 – 80 – уми садаи сипаришуда таълиф намудааст:
1. “Прогресси техникӣ ва самаранокии иқтисодӣ”, 1977;
2. “Ҳавасмандгардонии иқтисодии прогресси илмӣ-техникӣ дар саноат”, 1974;
3. “Финансово-кредитные отношения в условиях полного хозрасчёта”, 1990.
       Ҳатто номгӯйи рисолаҳо шоҳиди онанд, ки олимон дар низомҳои мухталиф то чӣ андоза озодандеш мебошанд!
       Яке аз бузургтарин шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ахири садаи XX ва аввали асри XXI дар соҳаи илми иқтисод академик Талбак Назаров маҳсуб мешавад. Дар мисоли ӯ мо пайвасти илмро бо амал мушоҳида мекунем ва эҳсос менамоем, ки олим дар сурати муваззаф будан дар мансабҳои калидӣ метавонад беш аз дигарон бар нафъи давлат фаъолият намуда, чун риҷоли илму сиёсат ҳунари раҳбариро ба мактаби муайян табдил диҳад. Талбак Назаров ҳанӯз дар замони Шӯравӣ вазифаҳои гуногуни давлатиро дар дӯш доштааст ва замони Истиқлолият низ барои ӯ майдони фаррохи густурдаро ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафҳои миллӣ ба вуҷуд овард. Бешубҳа, академик Талбак Назаров бунёдгузори мактаби нави дипломатияи тоҷик маҳсуб мешавад. Номбурда тӯли 12 соли вазирӣ ҷиҳати барпо намудани равобит бо кишварҳои гуногун нақши бориз гузошт. Бештари шаҳрвандон бо осори илмии академик Талбак Назаров бохабар нестанд, аммо қариб ҳамаи пиру барнои кишвар бинобар масъулияти басе ватандӯстонааш ӯро мешиносанд ва талабгори баҳсҳои тӯлонӣ бо мавсуф мебошанд. Падидаи мазкур нишонаи қабул доштани шахси мансабдор аст, ки барои роҳандозӣ шудани манофеи миллӣ то кунун талош меварзад. Мавсуф соли 2006 бо ҳаммуаллифии А. Сатторзода китоби “Дипломатияи муосири тоҷик” – ро навишт ва сиёсати хориҷиро баррасӣ намуд. Бегуфтугӯ, низоми сиёсии ҳар кишваре дар иртибот бо ҳаводиси байналмилалӣ ҳадалимкон аз тарзи татбиқшавии сиёсати хориҷӣ побандие дорад ва агар андак нофаҳмие дар ин умур мушоҳида шавад, ҳатман дар дохили дилхоҳ кишваре ноҷурии авзоъ пайдо мегардад ва нахустин гом, ки шаҳрванд дар сурати бенизомӣ вомегузорад, қонуншиканӣ аст. Шояд ин ҷо суол шавад, ки агар авзоъи сиёсӣ хуб бошад, қонуншиканиҳо ба назар намерасанд? Дар ҳама сурат хилофи қонун амал кардан мушоҳида мешавад, аммо дар сурати муташанниҷ мондани вазъи сиёсӣ ҳама гуна рафторҳои судҷӯёна хусусияти оммавӣ пайдо мекунанд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамуда сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ месозад:
- эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар...” . Аммо замони муосир давраи роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геосиёсӣ, татбиқи таҳоҷуми хабарӣ тибқи нақшбозии қудратҳои ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама талаботи раванди ҷаҳонишавӣ ва дар ин замина ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар кишварҳои миллӣ мебошад. Бинобар ин, дар чунин ҳолат такмили сиёсати хориҷӣ иборат аз ин нест, ки дахлнопазирии марзҳо, ё худ тамомияти арзии кишварҳо аз ҷониби ҳамаи давлатҳои дунё риоя мегарданд. Пас чӣ бояд кард, ки ҳарфҳои аз минбарҳо гуфташуда дар майдонҳо низ посдорӣ шаванд ва гуфтору кирдору пиндор яке маҳсуб шавад, аммо манофеъ водор месозад, ки гуфтору кирдор алайҳи якдигар бошанд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ бозиҳои сиёсӣ роҳандозӣ гардад. Маҳз дар чунин низоми бархурдҳо ва масоили суду зиёни қудратҳо академик Талбак Назаров масъули бахши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилиҳои байналмилалиро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост намуд. Масалан, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли проблемҳои Афғонистон аз оянданигарии роҳбари давлат ва вазири корҳои хориҷӣ шаҳодат медод. Мавқеи Тоҷикистон дар оғози садаи нав нисбат ба ғасби ин кишвари мутазаккир аз ҷониби наҳзати “Толибон” тантана кард, чунки мушкилӣ бо Афғонистон дар сиёсати хориҷии кишвари мо нақши муҳим дошт ва дорад.
      Талбак Назаров дар давоми 12 соли вазирии хеш ба низоми кадрии Вазорати корҳои хориҷӣ диққати махсус медод ва мутахассисони сазоворро истиқбол менамуд. Ӯ ҷиҳати васеъ шудани ҳамкориҳо ва равобити байналмилалӣ зарурати шомилгарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба созмонҳои ҷаҳонӣ муносиб дида, дар дохили кишвар ташкили иқтисоди бозориро бо тарҳи муосир ҳатмӣ донистааст. Солҳои 90-уми садаи сипаришуда уламои иқтисод бозгашт ба нақшаи панҷсола бо риояи ҳатмии буҷаи давлатиро зимни нокомии иқтисоди бозорӣ ном мебурданд ва “бархурди бонкҳо”, “садамаи нархҳо” ва “тасодуми бонкҳо” барин ибораҳо дар таблиғи ин ё он мактабҳои иқтисодшиносон зуд-зуд мутолиа мегардид. Маҳз дар чунин авзоъ академик Талбак Назаров таъкид менамуд, ки бидуни равнақёбии муносиботи бозорӣ аз буҳрони молиявӣ хориҷ шудан номумкин аст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ нақши муҳимро нархҳо мебозанд, аммо ташкил намудани низоми муайяни нарх, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯст, хеле мушкил мебошад. Бо воридшавӣ ба меъёрҳои иқтисоди бозорӣ, хоҳ-нохоҳ нархи тамоми маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагони он муайян мегардад ва истеҳсолкунанда аввалан, дархосту талаботи харидоронро бинобар суду зиёни аз тиҷорат пайдошударо ба инобат мегирад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама мушаххасот бояд иқрор кард, ки маънии таҳтуллафзии вожаи “иқтисод” гузашткорист ва новобаста аз қонунҳои нави бозор ҷонибҳо метавонанд сармояро тибқи манфиатҳои дуҷониба дар гардиши доимӣ гузоранд, чунки қонуни сармоядорӣ гардиши пул маҳсуб мешавад.
    Дар монографияи хеш, ки “Иқтисоди бозорӣ ва робитаҳои байналхалқӣ” ном дорад, академик Талбак Назаров дар мавриди зарурати ислоҳот андешаи ҷолиб пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, менависад: “Ҷаҳони муосир раванди ҷаҳонишавиро аз сар мегузаронад ва ислоҳоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ё худ сирф иқтисодӣ ба зоти худ маҳсули замони муайяне нест. Ислоҳот раванди таърихӣ аст, ки қувваи пешбарандаи рушди иқтисодиро дар бар мегирад” .
Олими шинохтаи тоҷик мушкилоти кишвари моро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулосае меояд, ки барои рушди иқтисодии кишвар чӣ бояд кард? Бинобар ин, чунин меоварад: “Барои Тоҷикистон мушкилӣ дар он маъно баррасӣ мешавад, ки мамлакат зимни барқарорсозии иқтисодӣ ҳамеша ба нобоварии мушкилиҳои амнияти энергетикӣ, дастнорас будани канданиҳои ҳаётан муҳими табиӣ чун нафт ва гази табиӣ дучор мешавад. Дигар монеаҳо, ки ҳамчунон ба рушди иқтисодӣ бархурд мекунанд, яке вазъи нобаҳангоми ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва аз марказҳои асосии нақлиётӣ дур будан мебошад” .
Талбак Назаров дар шароити муносиботи бозорӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон васеъ шудани сайёҳиро зикр мекунад ва барои исботи фикри хеш таҷрибаи бисёр кишварҳои рушдкунанда мисли Сингапур ва дигар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқиро мисол меорад. Мавсуф қудрати давлатро дар низоми андозсупорӣ дида, ба самти мазкур таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст: “Давлат ва андоз бо ҳам баста мебошанд. Давлат бе андоз вуҷуд дошта наметавонад, чунонки андоз низ бе давлат вуҷуд надорад” .
Барои рақобатпазир будани иқтисод олим ду самти асосии фаъолияти бонкиро таъкид мекунад: яке қарз ва дигарӣ маблағгузорӣ, ки бидуни онҳо иқтисоди бозорӣ дар ҳеҷ сурат рушд карда наметавонад.
      Академик Талбак Назаров нуфуз пайдо кардани кишвари муайянро дар он мебинад, ки дилхоҳ давлате дар дилхоҳ бозоре кадом маводеро барои фурӯш пешниҳод менамояд, чунки тавассути сифат ва бартарии маҳсулоти бозоргир давлатҳо пазируфта мешаванд. Аз ҳамин хотир, мавсуф қайд менамояд: “Алҳол бисёрии ташкилоти байналхалқӣ ва як гурӯҳ давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Аврупо мавқеи худро нисбат ба Тоҷикистон тағйир намуданд ва беш аз пеш хоҳони ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд. Тоҷикистон ба давлатҳои Аврупо маводи ғайри коркард аз қабили арзиз, пахтаи навъи олӣ, маводи нассоҷӣ ва ғайра содир мекунад, аммо маҳсулоти содиротӣ агар истеҳсоли саноат бошанд, пас ағлаби кишварҳои дунё хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон хоҳанд шуд” .
Ҳанӯз солҳои 80–уми қарни гузашта буд, ки зимни таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо Т. Назаров ғоибона ошноӣ пайдо кардем. Он замон номбурда ректори Донишгоҳ буданд ва ҳамарӯза барои донишҷӯён дарҳоро боз намуда, имкон медоданд, ки ҷавонон ҷиҳати фарогирии илм иқдом намоянд. Ҳадди хеш донистан ва бинобар заковат меъёргузорӣ кардан дар муносибат бо инсонҳо олими риштаи иқтисодро зинат дода, дар байни ҷомеа соҳибнуфӯз гардонид. Рӯзноманигори шинохта Нуралӣ Давлат бо академик мусоҳиб шуда, ин сатрро вомегузорад: “Тӯли солҳои таҳсил дар Ленинград бо сабаби тангдастӣ боре ҳам ба Ватан омада натавонист. Зимни таътил ба кор медаромад. Пас аз хатми курси якум таътилро дар Корхонаи киштисозии шаҳри Ленинград ва солҳои минбаъдаро дар заминҳои навкорами Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронд. Баъди хатм ӯро барои кор ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон роҳхат доданд. Баъди ду соли фаъолият дар факултаи иқтисодӣ қобилияташро ба назар гирифта, барои шомил шудан ба аспирантура, ба ҳамон институте, ки онро хатм кард, фиристоданд. Баъи се сол Талбак Назаров рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ҷудошавии онҳо байни буҷети умумииттифоқӣ ва маҳаллӣ” дифоъ кард ва дар пайи навиштани рисолаи докторӣ шуд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ буд, ки соли 1974 дар мавзӯи “Масъалаҳои молия ва прогресси техникӣ дар саноат” рисолаи докторӣ дифоъ намуд” .
      Талбак Назаров зодаи мавзеи Кангурти Балҷувон (15.03.1938) буда, дар замони Шӯравӣ пайваста ба дараҷаҳои илмӣ ноил гардидааст ва аз ҷониби дигар дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудааст. Солҳои 1953-1956 Омӯзишгоҳи молиявӣ – қарзии шаҳри Душанберо хатм карда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Ленинград меравад ва он ҷо Институти молиявӣ-иқтисодиро хатм намуда, солҳои 1962-1965 аспирантура ва солҳои 1973-1975 докторантураи ҳамин таълимгоҳро ба анҷом мерасонад. Солҳои 1965-1980 дар вазифаҳои ноиби декан, мудири кафедра, декани факултет ва ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонкору фаъолият намудааст. Солҳои 1982-1988 ректори Донишгоҳи мазкур, солҳои 1986-1988 раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1988-1991 вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1991-1994 ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994-2006 вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Номбурда дар минбарҳои гуногун ва ҳатто мухталифи таблиғотӣ муаррифӣ шудааст. Ӯро патриархи дипломатияи тоҷик ва меъмори умури хориҷа дар даврони Истиқлол ном бурдаанд. Аз ҳама асосӣ мусоҳибаҳои мавсуф мебошанд, чунки зиндагиномаи Талбак Назаров низомияеро мемонад, ки дар он унсурҳои манфиатҷӯӣ вуҷуд надоранд. Номбурда дар яке аз мусоҳибаҳояш иқрор мешавад, ки аз ҳама калонтарин маоши гирифтааш ҳамон маблағе аз ҷоизаи Бӯалӣ Сино (2500 доллари амрикоӣ) будааст.
     Аксар вақт ҳарфҳои баёншудаи олим натиҷаи таҷрибаҳост ва ҷое тазаккур медиҳад: “Ҳар давлате ҷойгоҳи хешро дорад ва донистану тибқи имконот амал намудан давлатро рушд медиҳад”.